Замина ба рушди сайёҳӣ

Соли ҷорӣ низ чун анъана Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои осудаҳолӣ ва субот ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид. Президенти кишвар ба ҷиҳатҳои мухталифи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, махсусан дастоварду мушкилиҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Дар самти сиёсати хориҷии кишвар нуктаҳои муҳиме таъкид шуданд.

Аз ҷумла, мураккабгардии муносибатҳои байналхалқӣ дар шароити муосир, раванди бартариҷӯӣ дар муносибатҳо, мусаллаҳшавии бошитоб, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои мухталифи олам, васеъгардии фазои нооромиҳо, албатта, наметавонад моро бетафовут гузорад. Хусусан ба Тоҷикистон, ки дар минтақаи ҳассоси геополитикӣ қарор дорад, ин мушкилот чун омили хатарзо боқӣ мемонад. Дар чунин шароити мураккаби сиёсати ҷаҳонӣ ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки дар мавриди ҳифзу ҳимояи Истиқлолият ва якпорчагии Ватан биандешем. Зарур аст, ки ваҳдату муттаҳидии мо аз ҳар давру замон дида мустаҳкамтар бошад.

Кишвари мо ҳамеша ба роҳ мондани муносибатҳоро дар асоси принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ҷонибдорӣ намудааст ва дар сиёсати амалии хеш низ онҳоро ба роҳбарӣ гирифтааст. Пешвои миллат дар Паём зикр намуданд, ки зарур аст муносибатҳои байналхалқӣ бидуни ҷангу низоъ дар заминаи густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ ва созишу муколамаи созанда ба роҳ монда шавад. Албатта, дар шароити имрӯза ва дар оянда танҳо бо ташкили низоми одилонаи ҷаҳонӣ башарият метавонад бо мушкилотҳои глобалии пешорӯи худ истода муқовимат ва онҳоро ҳаллу фасл карда тавонад. Хусусан, ҳалли масъалаи глобалии экологӣ, муҳоҷират, норасоии оби ошомиданӣ, низоъҳои мухталифи минтақавӣ, мубориза бо терроризми байналхалқиву ифротгароӣ ва ғайраҳо танҳо бо муттаҳидии кишварҳо имконпазир аст. Пешвои миллат дар Паёми худ бори дигар қайд намуданд, ки муносибати духӯра бо терроризм канор гузошта шавад. Бо ин мушкили замони муосир, ки рӯз аз рӯз қурбониҳои зиёдеро ба миён меорад, савдои сиёсӣ намудан нашояд.

 Яке аз нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро рушди ҳамгироӣ ва ҳамкории минтақавӣ ташкил медиҳад. Дар шароити кунунӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳамгироӣ ва ҳамкории минтақавиро чун воситаи муассири ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоиву экологӣ ва аз ҳама муҳим, таъмини амнияту суботи минтақавӣ арзёбӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамеша таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардуми минтақаро дар пояи дӯстӣ ва ҳамкорӣ ҷонибдорӣ намудааст ва онро чун заминаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо медонад.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳими ҳамкориро таъмини амнияти минтақавӣ ташкил медиҳад. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамешагӣ ҷонибдори ҳарчӣ зудтар ба сулҳу субот расидани ҳамсояи ҷанубии худ – Ҷумҳурии Афғонистон аст. Амнияти ин кишвар, пеш аз ҳама, барои мардуми он ва барои кулли минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ гардидааст.

 Аз замони соҳибистиқлолӣ тадриҷан ҳавзаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон васеъ мегардад. Сол аз сол шумораи шарикон ва ҳамкорони мамлакатамон дар муносибатҳои байналхалқӣ меафзояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қатори шарикони анъанавӣ муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои форсизабон ва араб ба роҳ монда шуд ва ҳамкориҳо бо онҳо тадриҷан тақвият меёбанд. Дар шароити имрӯза Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳони боз ҳам васеътар намудани фазои сиёсати хориҷии худ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷануби Африқо ва Амрикои Лотинӣ мебошад.

Аз нақшаҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷӣ, тавре дар Паём таъкид гардидааст, тадриҷан гузариш ба кишвари содиротӣ аст. Дар шароити имрӯза мақоми давлатҳо дар муносибатҳои байналхалқӣ аз тавозуни воридот ва содироти онҳо вобастагӣ дорад. Минбаъд дар назар аст, ки ба рушди иқтисоди содиротӣ ва маҳсулоти ниҳоӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад. Яъне, кишвари мо на манбаи ашёи хом, балки истеҳсолгари навъҳои мухталифи маҳсулоти ниҳоӣ барои бозори истеъмолӣ гардад. Дар оянда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди дастгирии содирот ва баланд бардоштани рақобатнокӣ дар назар гирифта шудааст.

Яке аз ҳадафҳои муҳиме, ки дар Паём таъкид гардид, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аст. Дар ин самт лоиҳаҳои зиёди сармоягузорӣ амалӣ гардида, дар оянда идома хоҳад ёфт. Вазифагузории Вазорати нақлиёти кишвар барои ташкили терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, долонҳои нақлиётӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани хизматрасониҳо аз ин иқдоми наҷиб дарак медиҳанд. Дар ин самт таъмири роҳҳо ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ намудани онҳо, кандани нақбҳо ва бунёди пулҳоро мисол овардан мумкин аст, ки на танҳо минтақаҳои кишварро ба ҳам пайваст, ҳамчунин роҳро ба ҷониби кишварҳои ҳамсоя боз кард.

Дар шароити кунунӣ моро зарур аст, ки таҷрибаҳои беҳтарини дигар кишварҳо дар самти рушди иқтисодӣ, хоҷагидорӣ, бонкдорӣ, бунёди инфрасохтор, сайёҳӣ, маорифу фарҳанг, обёрӣ ва дигарҳоро омӯзем ва мавриди истифода қарор диҳем. Бо омӯхтан ва амалӣ намудани таҷрибаи кишварҳои дигар дар соҳаҳои мухталиф мо метавонем зарфиятҳои мавҷудаи кишвари худро самаранок ва ба хотири рушду пешрафти кишвар истифода намоем.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат якчанд нуктаҳои муҳим дар мавриди боло бурдани ҷолибияти кишвар ироа карда шуд. Хусусан, таваҷҷуҳи махсусе ба ҷалби сармоягузорӣ равона шудааст, ки имрӯз ҳукумати кишвар барои муҳайё намудани фазои мусоиди сармоягузорӣ кӯшиш карда истодааст. Андешидани чораҳо барои бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба роҳ мондани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, додани имтиёзҳои зиёд ба сармоягузорон, озод намудани бархе соҳаҳои фаъолият аз андоз аз арзиши илова ва пардохтҳои гумрукӣ, таъмини истеҳсолот бо барқи доимӣ, фароҳам намудани низоми соддакардашудаи раводид аз қабили чораҳое мебошанд, ки метавонанд ҷолибияти кишварро боло баранд. Дар самти боло бурдани ҷолибияти кишвар таваҷҷуҳи махсус ба рушди соҳаи сайёҳӣ дода шудааст. Президенти кишвар мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки дар самти ҷолибияти сайёҳии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ биандешанд.

Амалӣ намудани нуктаҳои Паём дар самти сиёсати хориҷӣ метавонад мақоми кишварро дар арсаи байналхалқӣ боло барад ва сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистонро беҳтару хубтар гардонад.

 Мунира Акмалова,
 декани факултети сиёсатшиносӣ
 ва муносибатҳои байналхалқии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дотсент,
 Шарофиддин Солиев,
омӯзгори кафедраи
сиёсатшиносии Донишгоҳ

Add comment


Security code
Refresh