Андалеби боғи санъат

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Фарҳангро ҳастии миллат” эълон намудаанд. Пас метавон гуфт, ки дар ҳастии миллат ҳастии эҷодкорони бузург, фарзандони асили он абадан боқӣ хоҳад монд.

Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷўрабек Муродов аз зумраи он фарзонагони санъати сарояндагии аср ба шумор меравад, ки аз ҷавон то пир ўро узви хонадони худ мешуморанд.

Ҷўрабек Муродов нафақат фарзанди падару модари худ, балки соҳибэҳтироми миллати фарҳангофари тоҷик аст, ки бо осори мондагор ва нотакрори худ дар бисёр мамлакати ҷаҳон фарҳангу санъати дирўз ва имрўзи миллатро муаррифӣ намуда, бо забони шевову ноби тоҷикӣ суруд хонда, ҳамагонро мафтун кардааст.

Ҷўрабек Муродов аз зумраи шахсиятҳо ва чеҳраҳои дўстдоштаи дилбастагони суруду мусиқии тоҷик мебошад, ки дар шинохти миллат ва ҳастии он нақши мондагор дорад.

Давоми зиёда аз бист соли охир шоҳиди даҳҳо силсилаконсерт ва суҳбати хосаи устод бо мухлисону ҳамкорон ҳастам, ки ҳар яке аз он нотакрор аст. Баъди итмоми яке аз силсилаконсертҳои ансамбл, ки барандаи он будам, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ба наздам омада гуфт, ки чи гуна мухлисон устодро дўст медоранд ва баъди шунидани суруд ва суханҳои устод Ҷўрабек Муродов дар дили онҳо шавқу завқ, дилгармӣ ба болидагии рўҳӣ эҳсос мешавад, ки ин хеле муҳим аст ва бадоҳатан байти ба тозагӣ эҷоднамудаи худро хонд, ки он чунин аст:

Ба ҳар ҷое, ки базми Ҷўрабек аст,

Барои мухлисонаш рўзи нек аст.

Барои ба чунин маҳбубияту дўстдорӣ, обруву эътибор соҳиб шудан ва ба унвону ҷоизаҳои олии ватанӣ ва байналхалқӣ сазовор гардидан, устод Ҷўрабек Муродов роҳи пур аз шебу фароз, ширину талх, созу сўзро бадал намуда, тавонист бо заҳмату меҳнати пайваста аз як кўдаки кўчаки деҳаи Куруд ё Кўҳруд ба мартабаи ҳофизи маҳбуби халқ расад.

Ҳунари худододи сарояндагӣ ва бастакориро Ҷўрабек Муродов аз овони хурдсолӣ аз падари ҳунармандаш Муродбек Fолибеков ва бародари калониаш Абдуллобек Муродов омўхта, сипас аз суруду таронаҳои Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони ҳофиз, Домулло ҳалим, Шоҳназар Соҳибов, Шариф Ҷўраев ва Боймуҳаммад Ниёзов баҳра бурдааст. Нахустин сурудҳои Ҷўрабек Муродов «Биё» (оҳанги Б. Ниёзов, шеъри Кошиф), «Ёр–Ёр» (таронаи халқӣ), «Қўшчинор» (шеъри Туғрал) ва боз чандин суруду таронаҳои дигар буданд, ки то имрўз суруда мешаванд.

Солҳои 70 ва 80-уми асри ХХ Ҷўрабек Муродов бо эҷоди сурудҳои рўҳбахши худ ғаму шодии ҳаёт, зебоиҳои табиат, ватандўстӣ, авҷу барори кор, ишқу муҳаббат, шавқу эҳсоси ҷавонӣ ва ғайраро ифода кардааст. Репертуари ў бой ва гуногун буда, суруду таронаҳои панду насиҳатӣ, лирикию граҷданӣ, халқӣ ва классикии тоҷик ва мамлакатҳои Шарқро ташкил медиҳад. Аз ҷумла як қисм сурудҳои ў ки аз осори Мирзо Турсунзода эҷод гардидааст: «Ватан», «Модар», «Дили модар», «Замин», «Нонреза», «Дўстонро гум макун» ва ғайра дар эҷодиёти Ҷўрабек Муродов мақоми хос доранд.

Қобилияти санъаткорӣ ва истеъдоди сурудхонии Ҷўрабек чун ҳофизи яккахон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон зоҳир гашта, тадриҷан инкишоф ёфт. Илова бар ин, давоми фаъолияти 55-солаи эҷодӣ сафи шогирдону пайравони устод дар бисёр мамлакати дунё зиёд гашта, мактаби ҳунарии Ҷўрабек Муродов таъсис ёфт.

Коршиносони соҳаи санъат сабабҳои дар олам машҳур шудан ва маҳбуби халқ гаштани устод Ҷўрабек Муродовро ҳамчун падидаи нотакрор дар фарҳанги миллии тоҷик пеш аз ҳама дар он ифода кардаанд, ки ў аз доираи санъати мусиқӣ хеле фаротар рафта, ба пешрафту собитгардии фарҳанги миллии тоҷикӣ мусоидат намуда, бо осори мондагори ҳунарии худ барои ташаккули ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносии тоҷикон дар дохил ва хориҷи кишвар саҳми бузург гузоштааст.

Давоми ҳафтдаҳ соли охир устод Ҷўрабек Муродов ҳамчун асосгузор ва сарвари Муассисаи давлатии ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд” барои эҳё, ҳифзу инкишоф ва тарғибу ташвиқу асари безаволи «Шашмақом» саҳми беназир дорад. Ҳунармандони ансамбл бо роҳнамоии устод бори аввал силсилахониро дар “Шашмақом” роҳандозӣ намуда, мақоми “Ироқ” ва “Рост”-ро ба пуррагӣ барои мухлисон пешкаш карданд ва дар оянда нақша доранд дигар қисматҳоро низ тавассути силсилахонӣ ба иҷро расонанд.

Ба ман муяссар гардид, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати “ҶМ” ва фарзанди устод Парвизбек Муродов давоми қариб чаҳор сол филми ҳуҷҷатии “Ҳофизи миллат”-ро аз 14 қисм иборат аст, таҳия созем. Дар раванди ба наворгирӣ ва танзими филми мазкур лаҳзаҳои нотакрори зиндагиву фаъолияти меҳнатӣ ва ҳунарии устод Ҷўрабек Муродов таҷассум шудааст.

Доктори илми санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов бамаврид зикр намудааст: “Ҳоло ҳам арзиши бузурги эҷодиёт ва моҳияти таърихиву фарҳангии осори Ҷўрабек Муродов комилан таҳқиқ нагардидааст ва ин вазифаи хеле муҳим ҳанўз ҳалли худро мунтазир аст”.

Маҳкамбой КАРИМОВ,
Аълочии матбуот ва
 фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh