Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарини шаҳри Истаравшан муайян гардид

26 декабри соли ҷорӣ дар толори  Маркази фарҳангӣ – фароғатии «Муборак» маросими ҷамъбасти озмуни шаҳрии «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин» баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,  занони собиқадор, фаъолону пешсафони соҳаҳои мухталифи ҷомеа ширкат намуданд.

Нахуст, Ҳайдарзода Нигора муовини Раиси шаҳр ба сухан баромада, иброз намуд, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва махсусан истеҳсоли атласу адраси ватанӣ хеле зиёд аст. Пешвои муаззами миллат дар паёми хеш иброз намуданд, ки «Бо мақсади тараққи додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин  ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки Соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад».

Бояд қайд намуд, ки тӯли як моҳ  озмуни мазкур аз тарафи ҳайати ҳакамон бо сарварии муовини Раиси шаҳри Истаравшан – Нигора  Ҳайдарзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила – Фируза Муминова, сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдо – Алишер Маъмуров, мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оила – Шаҳло Назарова, раиси Шeрои духтарони шаҳр – Зулфия Эркаева, сармутахассиси раёсати агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳр – Муродҷон Аюбов ва адрасбофи Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳр – Нодира Мадалиева аз руи талаботи Низомномаи озмун баҳогузорӣ карда шуд. 

Барномаи фарҳангӣ, саволу посухҳои ҳунармандони адрасбоф, таманниёти собиқ сарвари ҶДММ «Шоҳӣ» Маъмурова Муборак  барои рушди минбаъдаи соҳаи адрасбофӣ ба маврид буд.

“Оид ба фаъолияти марказҳои таълимию истеҳсолии адрасбофӣ дар Истаравшан изҳори ақида намуда, ба иштирокчиён ва ғолибон Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр тақдим карда шуд” – афзуд, Шаҳло Назарова масъули шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан.

Аз руи ҷамъбаст, бо унвони «Сифати беҳтарини адраси дастӣ» Зилола Ҷӯраева адрасбофи Ҷамоати деҳоти Пошкент, «Нақши беҳтарин, ҳалли тобиш» - Зиёда Муҳаммадиева Ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ, «Адрасбофи моҳир»- Муслима Сулаймонова Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, «Тобиши беҳтарин» -Дилсора Буриева Ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон, «Кошонаи ҳунар» - Наргис Ҷумаева Ҷамоати деҳоти Гули Сурх озмуни шаҳрии «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин» ва «Шоҳҷоиза» насиби  Шириной Ҷӯрабоева аз  Ҷамоати деҳоти Нофароҷ гардид.

Инчунин, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ба як қатор занони фаъолу собиқадор туҳфаи хотиравии Раиси шаҳр қадрдонӣ карда шуд.

Шералӣ Азимӣ,
котиби матбуоти Раиси шаҳр

Add comment


Security code
Refresh