Қасре, ки номаш шуҳрати ҷаҳон гашт…
- Details
- Published on Friday, 17 November 2017 13:18
Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз 25 сол муқаддам дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ўрунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) барпо гашта буд. Ин Иҷлосияи таърихӣ Сарвари давлати моро ба саҳнаи кор овард. Нишон, Суруди миллӣ, Парчами Тоҷикистони азизро қабул намуд. Инчунин, бо оши оштӣ тарафҳои мухолифро ба ҳам овард. Масоиле, ки дар ин Иҷлосия тарҳрезӣ шуд, бебаҳо ва беандоза аст. Боз як ҷиҳати муҳим ин, ки Қасри Арбобро машҳури олам гардонид.
Дар бораи Қасри Арбоб асарҳо офарида шудаанд. Инҳо «Тақдири Арбоб»-и М.Узоқов, очерки бадеии «Қасри маданияти колхозӣ»-и Тоҷӣ Усмон, «Имзои шахсӣ» ва «Печутоби роҳҳо»-и Аминҷон Шукўҳӣ ва Ҳилолиён Аскар, «Роҳ ба водии рўшан»-и Равшан Замир ва дигарҳо мебошанд. Дар бораи ин қаср ва нақши он дар мустаҳкам гаштану пойдор мондани сулҳу амнияти тоҷикон оянда низ асарҳои зиёде офарида хоҳанд шуд.
Дар бобати Қасри Арбоб китоби «Арбобнома»-и Маҳкамҷон Самеъбоев (Хуҷанд-2001, Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил) сарчашмаи боэътимод аст, зеро ки худи муаллиф солҳои зиёд дар ин хоҷагӣ чун муҳандиси сохтмон фаъолият бурдааст. Бар замми ин М.Самеъбоев аз синни 25-солагӣ, яъне аз аввали сохтмони Қасри Арбоб чун муҳандис-меъёргузор то охири умр дар як вазифа кор кард. Мувофиқи навиштаи муаллиф ҷойи сохтмони қасрро худи С.Ўрунхоҷаев интихоб карда будааст: ин теппаи Арбоб буд ва аз ин баландӣ тамоми ҳудуди хоҷагӣ ба чашм намоён мегашт. Сохтмони қаср моҳи феврали соли 1951 оғоз ёфт. Сардори сохтмон худи С.Ўрунхоҷаев, сармуҳандис Мочалов Виктор Павлович, меъмор-лоиҳакаш Ҳикмат Юлдошев буданд. Санги аввали биноро моҳи апрели соли 1951 Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров гузоштаанд. Ҳамаи маводи сохтмон асосан дар ҳудуди хоҷагӣ истеҳсол мегашт. Колхозчиён ду хумдони хиштпазӣ сохтанд, ки дар як моҳ 20.000 дона хишт мепухт (устои хиштпаз Мирзошариф Исмоилов). Дар худи ҳамин ҷо хумдони оҳакпазӣ сохтанд, ки дар 15 рўз 10 тонна оҳаки тоза медод. Сохтмони қаср ба ҳашари умумии колхозчиён табдил ёфт. Махсусан, ҷавонон ташаббуси хуб нишон дода, дар рафти сохтмон бисёр ҳунарҳои бинокориро омўхтанд. Дар он 8 бригадаи маҳаллӣ кор кардаанд. Усто Ширин Муродов, Мирумар Асадов, Иван Семёнов, Валентин Раглис, Макс Плоткин, Абдулло Ҷалолов, Абдуқаҳҳор Холматов, Абдувалӣ Ғаниев, Лев Дорн, Сергей Захаров дар минтақаҳои кори худ пешсаф буданд.
Дар натиҷаи меҳнати зарбдоронаи аъзои колхоз ва дўстии халқҳо сохтмони қаср дар мўҳлати муайяншуда, ҷашни 40-солагии Октябри Кабир, яъне 7 ноябри соли 1957 ба охир расид.
Аз ҳамон вақт инҷониб, яъне 60 сол боз Қасри Арбоб барои халқ ва хоҷагӣ чун идораи маъмурӣ ва мавзеи сайёҳӣ хизмат карда меояд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар рафти сохтмон садҳо нафар ҷавонон касбу ҳунар омўхтанд.
Алиҷон Олимов,
Аълочии маориф ва матбуоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон