ШАҲНАВОЗ»-шабакаи нави телевизионии мусиқӣ таъсис ёфт

Дирӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии мусиқии «Шаҳнавоз»  ба фаъолият оғоз намуд.

Тавре аз Кумитаи  телевизион ва радио ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар расми ифтитоҳи шабакаи нави телевизионӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода,  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён  иштирок намуданд.

Мақсад аз таъсиси шабакаи нави мусиқӣ  таблиғ ва рушди санъати асили  мусиқии тоҷик  ва  фароҳам овардани шароити мусоид  барои ҳунармандону овозхонони тоҷик мебошад.

 Шабакаи нави мусиқии «Шаҳнавоз»  дар заминаи «Телевизиони  Тоҷикистон» таъсис ёфта,  дар канали алоҳида   фаъолият менамояд ва тавассути он  давоми  24 соат консерту барномаҳои мусиқӣ   таҳия ва пахш   мешаванд.

Сармуҳарири барномаҳои   «Субҳ»-и Телевизиони Тоҷикистон  Манучеҳр Ализода алҳол  роҳбарии  шабакаи мазкурро  бар дӯш дорад.

 Хотиррасон менамоем, ки  шабакаҳои  телевизионии  «Телевизиони Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон»,  «Варзиш», «Синамо» ва «Футбол»    аз зумраи шабакаҳое мебошанд, ки   дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар таъсис ёфтаанд.  Дар ин қатор шабакаи мусиқии «Шаҳнавоз»  ҳаштумин  шабакаи  телевизионӣ маҳсуб мешавад.

www.khovar.tj

Add comment


Security code
Refresh