Самимияти дилпазир ва ҳамгироии беназир

Тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкорӣ идома ёфта, имрўзҳо мавзеи Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнии маркази кишвар басо қабои зебову рангин дар бар кардаву симояшро куллан дигаргун намудааст. Зимни ифтитоҳи боғи мазкур Президенти мамлакат ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳибкорон, лоиҳакашон ва ҳамаи мутахассисону бинокорон, гулпарвароне, ки барои ободии пойтахтамон заҳмат кашида, онро ба фароғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ табдил доданд, баҳои баланд доданд.

Дар ин ҷода саҳми ҳунармандону гулпарварон ва сохтмончиён басо назаррас арзёбӣ гардидааст.

Олим ЮСУФОВ - директори Маркази илмӣ - методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд:

- Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баъди азнавсозӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Муҷассамае, ки аз ҷониби Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Fафурҷон Ҷўраев дар масоҳати 86 метри мураббаъ бо маҳорати баланди эҷодӣ дар даромадгоҳи боғ қомат афрохт, тамоми иштирокдорони ин чорабинии муҳимро хушнуд гардонид.

Мо, гурўҳи санъаткорони беш аз дусаднафара тўли чаҳор рўз барои иштирок ва ҳунарнамоӣ дар маросими ифтитоҳи Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ меҳмони пойтахт будем. Мақбара ва муҷассамаи устод Айнӣ, бинои Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ, ороиш ва нақшу нигори даромадгоҳҳои боғ, сутунпояҳои бошукуҳу мунаққаш, ки бо санъати баланди меъмории миллӣ сохта шудаанд, таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб намуданд.

Барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби дастаҳои ҳунарии шаҳру навоҳии вилояти Суғд, ансамблҳои рақсии «Зебо», «Гулноз», «Fаффор Валаматзода», «Фалак» ва мақомсароён ба намоиш гузошта шуд, диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуд. Теъдоди беш аз якунимҳазораи ҷои нишасти Амфитеатри навбунёд пур аз тамошобин гашта, кафкўбиҳои пурмавҷи онҳо илҳомбахши санъаткорони ҷавони суғдӣ шуд.

Қобили тазаккур аст, ки дар баргузории ин рўйдоди муҳими таърихӣ барномаи фарҳангии вилояти Суғд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сазовори баҳои баланд гардид. Бахусус, суханони Сарвари давлат ҷиҳати дигарбора намоиш додани ин барномаи фарҳангӣ барои меҳмонон ва сокинони пойтахт фарҳангиёни суғдиро хушнуд гардонид. Худи бегоҳии ҳамон рўз аҳли санъати вилояти Суғд идомабахши тантанаҳои хурсандии сокинони Душанбешаҳр шуданд.

Изҳори сипоси Президенти кишвар аз номи Ҳукумати мамлакат ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муаллифони тарҳи нав, мутахассисону бинокорон ва соҳибкороне, ки барои ободии ин гўшаи пойтахти кишвар заҳмат кашидаанду имрўз онро дар ҳақиқат ба макони истироҳативу фароғатии замонавӣ табдил додаанд, бунёдгарони боғро болидарўҳ сохт. Ба ин маънӣ, мо - санъаткорон низ тасмим гирифтем, дар ҷавоби меҳрномаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро боз ҳам бештару беҳтар ба роҳ монда, барои абадӣ гардонидани хотираи неки Қаҳрамони Тоҷикис-тон, асосгузори адабиёти муосир Садриддин Айнӣ заҳмат кашем.

Абдусалом Шодибеков - директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ:

- Воқеан, дар корҳои ороишиву гулзоркунӣ беш аз 40 нафар беҳтарин гулпарварони вилоят заҳмат кашиданд. Занони гулпарвар оғоз аз моҳи май то ноябр дар азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе қарор доштанд. Бояд гуфт, ки гулпарварони вилоят дар масоҳати қариб 13 гектар боғ алафи ҳамешасабз кошта, беш аз 250 ҳазор гули навъи мухталиф, аз ҷумла, гулҳои тирамоҳиву зимистонаи гулкарам, виола, гули беор, таис ва ғайраҳо шинонидаву нигоҳубини хуби онро ба роҳ монданд. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба таври ҳамешагӣ аз шароити мутахассисон, бинокорону гулпарварони вилоят воқиф гардида, дастгириву ғамхории пайваста зоҳир намуданд.

Зулфинисо Эргашева-гулпарвар:

– Басо шод ҳастам, ки бо шарофати касби гулпарвариам дар ободкориҳои диёр саҳм мегузорам ва инчунин дар сабзкориҳои Боғи Айнӣ низ ширкат доштам. Банда бори аввал дар пойтахт будам ва онро басо зебову дилрабо дарёфтам. Таи панҷ моҳе, ки дар ин ҷо будем, роҳбарияти вилоят ва масъулин мо - гулпарварзанонро бо шароити хуби кориву истироҳатӣ таъмин намуданд. Шукргузорам, ки маҳсули кори мо ба ҳамагон писанд афтодаву тамоми меҳмонону сокинони пойтахтро боз ҳам шоду хотирашонро болида мегардонад.

Б. Раҳимов - мутахассис оид ба барқ ва чароғонкунии ҶДММ «Само»:

- Ҳамаи бинову иншооти зиёд, аз ҷумла мақбара ва муҷассамаи устод Айнӣ, бинои Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо ва фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёдшуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ гардидаанд.

Боғ аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгў буда, дар гўшаву канори он камераҳои назоратӣ ва 50 дастгоҳи радиошунавонӣ насб шудааст.

Илҳом Иброҳимбобоев - сардори шўъбаи техникӣ-истеҳсолии Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят:

- Фармоишгари корҳои таҷдид Идораи сохтмони асосии вилоят буда, дар корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва ободониву таҷҳизонидани иншооти боғи мазкур 14 ширкат, аз ҷумла ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди “СМС”, “САМО”, “Соҳибкор 2001”, “КММ -44”, “МСС -2”, “Канд инвест Сохт”, “Дизайн Сохтмон”, “ҳафтранг”, “Шаҳрсохтмон”, “Усто Мансур”, “Расул трейдинг”, “Асри ХХ”, “Суғд ТадЭС-П” саҳми муносиб гузоштанд. Сохтмончиён дар ду баст меҳнат намуда, саривақт музди маоши онҳо пардохт мегардид.

Муҳибаи Мавлонзода - донишҷў:

- Дар ифтитоҳи Боғи таҷдидгардидаи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ иштирок дошта, аз манзараи биҳиштосою назаррабои он дидан намудам. Аз тамошои чунин табиати зебо бисёр ба ваҷд омада, бори дигар ба касбияти сохтмончиёну ҳунармандон, гулпарварону ороишгарони вилояти Суғд қоил мондам. Хусусан, майдони сабзпўшу гулҳои зебо ва фаввораҳои гуногунранг бароям маъқул шуданд. Ҳамаи ин созандагиву ободкориҳои диёр мо-ҷавононро баҳри боз ҳам донишандўзиву ҳунареро аз худ намудан ҳидоят менамоянд, то дар оянда чун фардони бонангу номус дар рушду тараққиёти кишвар саҳмгузор бошем.

* * *

Қайд кардан ба маврид аст, ки корҳои ободонӣ ва таъмиру азнавсозии боғи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳамчунин заҳмати якҷояи қариб 400 нафар мутахассисону сохтмончиёни вилоят ҷараён гирифт.

Шоира САЛИМОВА,
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh