Садо аз санг

Дар арафаи ҷашнҳои бошукўҳи миллӣ чорабиниҳои мухталиф баргузор гашта, намоиши асарҳои рассомони ҷавон низ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар яке аз падидаҳои намоён арзёбӣ мегардад. Чунин намоиши санъати тасвирии яке аз дастпарвари мактаби хусусии «Сафина»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Меъроҷ Ваҳҳобзода бо иштироки васеи роҳбарияту масъулини мақомоти маҳаллӣ, меҳмонону намояндагони шуъбаи маориф барпо гашта, ба ин эҷодкору хонандаи боодобу ботамкин, дилёбу аълохон баҳои арзанда доданд. Асарҳои тасвирнамудаи ў ойинаи пурҷилои табиати Ватанро мемонад. Вақте ки ба мусаввараҳои Меъроҷ назар медўзед, эҳсоси фавқулоддае шуморо фаро мегирад. Омезиши бо ҳам мувофиқафтодаи нигоҳу мўқалами рассом ва ҷилваи рангҳои интихобшуда бинандаро мафтун месозад.

Тааҷҷуби мо ҳангоми дидани тасвирҳои мусиқаҳои аз санг бароянда бештар гашт. Муъҷизаҳои Тоҷикистони саросар кўҳсору дорои табиати чашмрабоянда ангуштони Меъроҷи соҳибҳунарро чунон ба ҳаракат даровардаанд, ки ҳатто санг овоз баровардааст. Мусиқаи санги кўҳсору лаби дарё ҳамнавои мурғакони хушилҳону садои форами шаршараҳо гашта, дар замири инсон нисбат ба офарандаи он эҳсоси меҳру самимият бедор мекарданд. Тафсири манзараҳо бо забонҳои ғайритоҷикӣ, русиву англисӣ, бахусус олмонӣ бошад, дар қалби сокинони олмонитабор ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, дўстдори Ватану кишвар ва табиати мафтункори худ будани як нафар иштирокчии озмунро шаҳодатгар буд.

«Мусиқа аз овози сангҳо». Чунин унвон дошт, озмуне, ки байналмилалӣ сурат гирифтаву аз тамоми манотиқи дунё мониқаламон маҳсули ҳунари худро ба намоиш гузошта буданд. Ҳанўз оғози айёми шукуфарези баҳорон Меъроҷ дар даст даъватномаи озмуни байналхалқӣ, ки дар давлати Олмон бояд баргузор мегардид, аз тайёра фуруд омад. Роҳбаладаш нафари ба ҷону дил наздик, муҳибу ғамхор, тарбиятгару таълимдеҳ, устоди даҳҳо шогирд Мавзуна Раҳимова, ки донандаи хуби забони олмонист, Меъроҷро ҳушдор медод, ки сабуриро пешаи худ қарор бидиҳад, сухан санҷида гўяду асарҳои тасвиркардаашро якояк ва бо тамоми ҷузъиёташ манзури тамошобинону ҳайати доварон гардонад. Асарҳои ин тоҷикписари ҷавон дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Лютсерни давлати Шветсария, Олмон ва инчунин намоишгоҳҳои ватанӣ низ сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорномаҳо гаштаанд. Ҳар гоҳе, ки дар озмунҳо ширкат меварзад, тасвирҳояшро бо чанд забон ба иштирокдорон бо боварии том муаррифӣ менамояд. Бо ифтихор дар бораи табиати биҳиштосои кишвараш, дарёҳои пуртуғёну кўҳҳои сарбафалаккашида, манзараҳои нотакрори хиёбону гулгаштҳои диёри хеш ҳарф мезанад.

Фарҷоми намоиш-озмуни «Мусиқа аз овози сангҳо» барои Меъроҷ фаромўшношуданӣ гашт. Ў худро дар мақоми ифтихорӣ дид. Ҳисси шодмониву ифтихор вуҷудашро лабрез кард. Дар даст дипломи байналхалқӣ, дар қалб эҳсоси шодмонӣ, дар сар Парчами парафшони Тоҷикистон дид. Пас аз бозгашт ба Ватан барояш туҳфаи аз ҳама арзишманд дидори падару модари азизу меҳрубонаш гардид. Аз гуфтори пурмуҳаббату самимонааш дарк намудем, ки сарчашмаи таконбахшии истеъдоди худро аз падару модари меҳрубонаш медонад.

- Маҳз шабзинадориҳои модари мушфиқам буд, ки ба зиндагии хуррамонаву муваффақона ҳидоятгар шуд. Падарам шавқу завқи ба тасвир кашидани олами зебоиофарро бароям омўзонд. Ҳидоятгару раҳнамо ба мавзеъҳои таърихии Кўк, Баден-Баден, Кёлн, боғҳои истироҳативу осорхонаҳои таърихии давлати Олмон буд. Аз нозукиҳои гиторнавозӣ бохабар кард. Заминагузори фаъолияти эҷодиам гашт, ҳанўз аз синфи чаҳорум барои иштирок дар озмунҳои фаннӣ дасти мадад дароз кард,-мегўяд Меъроҷ.

Дар як утоқи муассисаи таълимии Гимназияи «Сафина»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар баробари расмҳои кашидаву диплому ифтихорнома, сипосномаву дигар дастовардҳои ин хонандаи фаъоли муассиса дидани сангҳои ба узви одамӣ монанд моро ба тааҷҷуб андохт. Узвҳои дарунии одамӣ чӣ қаробате ба расмкашӣ дошта бошанд? Шарҳи онро аз сарвари гимназия Мавзуна Раҳимова шунида, дигарбора ба Меъроҷи панҷ панҷааш ҳунар аҳсант гуфтем.

- Одобу ахлоқ ва рафтору кирдорҳои Меъроҷ Ваҳҳобзода дар муассисаи таълимӣ намунаи ибрати ҳамагон аст. Вақте фаҳмидем, ки истеъдоди худододи ба тасвир овардани воқеаю манзараҳоро дорад, имкониятҳоро фароҳам оварда, барои сайқал додани он кўшиш ба харҷ додем. Узвҳое, ки шумо мебинед, аслӣ набуда, балки аз санг аст. Шуғли дўстдоштаи Меъроҷ бо ҳамроҳии муаллимон ҷамъ овардани сангҳои ба узвҳо монанди кўҳу дарёҳост. Баъдан онҳоро бо маслиҳату супоришҳои омўзгорон ранг дода, ба ҳолати лозимӣ меандозад. Толибилми беҳтарини муассиса ба ҳисоб рафта, номзад ба медали тиллост. Борҳо дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ, ҷумҳуриявию байналхалқӣ дастболо шуда, фахри дабистон гаштааст. Айни ҳол дар озмуни фаннии забони давлатӣ дар вилоят ғолиб омада, ба озмунҳои навбатӣ омодагӣ мебинад. Дар баробари ин аз рўи лоиҳаи «Оби тоза» кор карда, дар ободии кишвари азизаш - Тоҷикистон саҳми муносиб гузоштанист. Зиёда аз ин Меъроҷ нусхаҳои электронии расмҳои кашидаашро ба давлати Олмон равона карда, даъватномаи фестивал - озмуни байналхалқии Лютсерини Шветсарияро ба даст овардааст ва моҳи апрели соли 2018 иштирокчии озмуни навбатӣ хоҳад шуд. Роҳбарияти муассиса барои ҳавасмандии хонанда ўро аз маблағи таҳсил озод карда, барои сайқали маҳорат ва фаъолияти эҷодию таҳсилаш тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Ҳамчунин, умед дорем, ки дар оянда ба қуллаҳои баланди дониш расида, номбардори волидайну фахри дабистон ва парчамбардори кишвари маҳбуби худ хоҳад гашт, - андешаҳояшро иброз дошт сарвари муассиса.

Ба наздикӣ дар Фестивал-озмуни «Сапеда» низ ин рассоми ҷавон бо мусаввараҳои дилрабои хеш ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гашт. Донандаи шаш забон, хонандаи аълохон, ибратомўзи ҳамсолон, мусиқанавози нотакрор, рассоми мониқалам, шоҳмотбози беҳтарину табиатдўсти хушкор дар оянда таҳсилашро дар кишвари хориҷа давом дода, барои беҳдошту ҳифзи муҳити зисти диёр саҳм гузоштанист.

Шоира САЛИМОВА,
 Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh