“Атласу адраси Суғд - 2017”

Дар Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба Соли ҷавонон ва 25 – солагии Иҷлосияи ХVl Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ноҳиявии «Атласу адраси Суғд-2017» ва Фестивали ҷумҳуриявии «Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем» баргузор гардид. Фестивали мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ гузаронида шуд.

Мақсади ин фестивал тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, касбомўзӣ, рушди меҳнати хонагӣ, тарғиби сарулибоси аз матои табиӣ бофташуда ва аз ҷиҳати экологӣ безарар, тарғиби фарҳанги либоспўшии аҷдодӣ, баланд бардоштани мақому завқи либоспўшии миллӣ, зебоипарастӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллии бофандагӣ мебошад. Дар фестивал ҳама намуди либосҳое, ки бо тарзу намуди ба худ хос аз матои атласу адрас бофта шуда буданд, намоиш дода шуд. Либосҳои обу ранги тобишҳои гуногундошта бо тахайюлоти бою рангини тарроҳон бо истифодаи асбобҳои ороишӣ, аз қабили марҷон, дастпона, гўшвор, сарсўзан, ҳунарҳои гулдўзии дастӣ ва либосҳои хоси минтақаҳои гуногуни ватани азизамон, ки аз ваҳдати миллӣ паёми нек медод, ба тамошобинон хеле писанд омад.

Фестивал рўҳияи идона дошта, иштирокдорон аз рўи шартҳои «Беҳтарин либоси миллии қадима», «Беҳтарин либоси кўдакона», «Беҳтарин либоси расмӣ» ва «Беҳтарин либоси идона» ҳунарнамоӣ карданд.

Санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия Марҳабо Сатторова, Зулола Эргашева, Машҳура Саъдиева ва гурўҳи рақсии «Таманно» бо суруду рақсҳои дилнишини худ табъи ҳозиринро шод намуданд.

Ғолибонро аз номи раиси ноҳия Комил Салимзода муовини раиси ноҳия Зулола Анварӣ бо диплом ва мукофотҳои пуливу туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Қурбон ҚУРБОНОВ,
Рўзноманигор

Add comment


Security code
Refresh