Гулбоғи Камол-як гўшаи биҳиштӣ

Банда рўзе дар боғи Камоли Хуҷандӣ сайругашт доштам, ки ногаҳон чашмам ба пирамарде бархўрд. Солхўрда ба наберагонаш аз таърихи ин боғ нақл мекарду онҳо бо шавқ гўш меандохтанд. Хостам ба суҳбати онҳо шарик гардам. Он нафар худро усто-Абдурауф Шарифзода аз деҳаи Чорсўи Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муаррифӣ намуд. Ў иброз дошт:

-Солҳои ҷавонӣ ҳамроҳи оилаам ҳар иду айём барои дилхушӣ ва истироҳат ба ин боғ меомадем. Аз азнавсозӣ ва беҳбудии ин боғ шунида будам, вале аз сабаби нотоб будани вазъи саломатиам баъди чандин сол аввалин бор бо ҳамроҳи наберагонам ташриф овардам. Боварам намеояд, - гуфт усто Абдурауф.

Воқеан, наздик як аср мешавад, ки ин макон ҳамчун ҷои истироҳату фароғати шаҳрвандону меҳмонон шинохта шуда буд. Хушбахтона, баъди таҷдиди комил, ки соли 2015 аз нав ба истифода дода шуд, симои боғ шакли дигар гирифт ва имрўз аллакай ҳатто аз хориҷа меҳмонон барои дидани ин боғи ҳайратангез меоянд.

Як бону, ки худро Марям Ғаниева, сокини шаҳри Исфара муаррифӣ намуд, мегўяд, ки таърифи боғро аз ҳамсоягон шунида шефта шудааст.

-Ҳамсоягонам, ки борҳо аз ман пеш ин ҷо омада буданд, васфи зебогии боғи Камолро ба ман гуфтанд. Аз ғайб истода, ростӣ шефта шудам. Инак, бо чашми худам дида, боварам намеояд. То ин дараҷа зебо буданашро интизор набудам. Аз интизории ман даҳчанд маротиба зебо шудааст. Аз омаданам пушаймон нестам, беҳтарин ҷои истироҳатист, - мегўяд бону Марям.

Воқеият дорад, ки ороиши нотакрори боғ, сангфаршу гулҳо, шилдирроси оби равони намои ҷўйи Раззоқ дар васати боғ ва шаршараву пешайвони кандакориву кошинкорӣ ва дигар гўшаҳои ҳайратангезаш ҳар нафарро водор месозад, ки баъди ташрифи нахустинаш бори дигар ба ин ҷо ояд.

Бесабаб нест, ки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳангоми шинонидани ниҳол ва гулҳои мавсимӣ дар фасли баҳори ҳамин сол раисон ва муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоятро махсус ба боғ таклиф намуда, аз ҳусни он тавсиф кард ва даъват ба амал овард, ки чунин эстетикаи маконҳои истироҳатиро дар шаҳру ноҳияашон ҷорӣ ва теъдодашонро зиёд намоянд.

Ба виҷа, сарҳавз ва шинонидани сиёҳбед, ки анъанаи қадимаи тоҷикон аст, бесабаб дар пиромуни хона-музейи Хоҷа Камол қомат наафрохтааст. Дар аҳди қадим сиёҳбедро ба он хотир мешинониданд, ки заҳи заминро мекашад, сояаш шифобахш буда, ҳатто баргҳои сиёҳбедро чой карда нўшиданро тибби қадими тоҷик барои оромиши асаб ва фишорбаландӣ тавсия медиҳад. Намои дигари токшинонӣ, ки як усули хос дорад, дар ҳавлии рамзии Хоҷа Камол ҷой гирифтааст. Ин бозгўи аз қадим ангурпарвар будани мардуми моро нишон медиҳад ва имрўз аллакай самараи онро меҳмонон чашида истодаанд.

Аз ҳама чизи аҷиб ва файласуфона дар сохти шаршара як нуктаест, ки бояд зикраш равад. Дар сохтмони намои шаршараи кўҳистон сангҳои кўҳи Мевағул дар ҳолати табиӣ оварда шудааст. Ин рамз ва мазмуни он аст, ки аз он сў ба ин сўйи дарё овардан ва ороиш додани шаршара пойдорӣ, дўстӣ, меҳру муҳаббати тамоми сокинон ва ҳамбастагии табиат ба инсон аст.

Таваҷҷуҳи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба нашъунамо ва парвариши гулҳои нодир ва ороишӣ хеле лоиқи таҳсин аст. Аз ин ҷост, ки имрўзҳо Хуҷанд ба худ унвони «Шаҳри гулҳо»-ро гирифтааст. Бахусус, гулкарам, ки хеле ба сардӣ, беобӣ ва дигар осебҳои табиӣ тобовар аст, имрўзҳо роҳравҳои боғро оро медиҳанд.

Меҳмонони бадахшонӣ, ки дар Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд бештар аз ин макон дидан намуданд, ки воқеан барои онҳо низ мароқангез буд.

Азалбегим Давлатқадамова-сокини ноҳияи Рўшон боғи Камолро зеботарин гўшаи дунё номид.

-Вақте ин ҷо омадам, ростӣ гумон кардам, ки ба биҳишт омадаам. Ин гуна назирро дар ягон ҷой надида будам, - гуфта буд Азалбегим. Зўҳро Шошоева, кадбону аз ноҳияи Ванҷ, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» низ боғи Хоҷа Камолро як гўшаи биҳишт дар рўйи Замин номида буд.

Ногуфта намонад, ки соли равон боғи Хоҷа Камол дар сатҳи ҷумҳурӣ беҳтарин боғ муаррифӣ гардид.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh