Гул зеби диёр аст!

Гул нозук асту парваришу нигоҳубини он эътибори хоса металабад. Сари вақт киштани тухмиву дар ҳарорати муътадил нигоҳ доштани он аз гулпарварон меҳнати пурмашаққатро мехоҳад. Имрўз дар сар то сари кишвари азизамон, алалхусус, вилояти Суғд ҳамагон ҷаҳд бар он доранд, то дар фасли сармо низ намуди зоҳирии кўчаву хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳо зебову дилкаш гардад. Вақте ба гулгаштҳои шаҳри Хуҷанд назар меафканем, мебинем, ки аллакай масъулини қитъаи кабудизоркунии шаҳр корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд. Гулҳои сурху сафед назари бинандаро ба худ мекашанд.

Тавре директори Корхонаи давлатии коммуналии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд Шўҳрат Раҳимбоев маълумот дод, дар ин мавсим наздик 65-70 ҳазор дона гули тирамоҳии карамгул шинонидаанд.

-Карамгул гули зимистона буда, дар корхонаи кабудизоркунии мо наздик 100 ҳазор донаро парвариш карда, ба мавзеъҳои шаҳр шинонида истодаем. Гули виола низ зимистона буда, наздик 70 ҳазор дона дар се гармхона парвариш карда шуданд. Хусусияти ин намуди гулҳо дар он аст, ки ба ҳарорати сардии то -10-15 дараҷа тобоваранд.

Агар табиат аз боридани барф ях бандад, пас аз об шудан карамгул боз намуди пешинаашро мегирад ва хусусияташро гум намекунад. Гули виола бошад, дар ҳарорати то -5-6 дараҷа сардӣ инкишоф меёбад. Ин намуди гулҳо то моҳи март месабзанд ва намуди зоҳирии худро гум намекунанд. Карамгул як намуд дошта, рангҳои гуногун дорад. Мо асосан рангҳои сурху сафедро интихоб карда, парвариш менамоем,-афзуд Шўҳрат Раҳимбоев.

Бояд гуфт, ки тухмиҳои карамгул ва виола аз Федератсияи Русия оварда мешаванд ва дар гармхона дар муддати се моҳ дар ҳарорати на зиёд, аз 30 дараҷа гармӣ нигоҳубин ва парвариш меёбанд. Барои сари вақт парваридани гул ва ба кишти он оғоз кардан ҳанўз 5 июли соли равон тухмии онҳоро ба торф гузошта, пас аз он дар қуттиҳои махсус мешинонанд.

Агар гул як-якуним ваҷаб қад кашад, ба кўчаҳо шинониданро оғоз мекунем. Дар ҳолати ба хоки нарми замин шинонидан гулҳо аз нуриҳои минералӣ ғизо гирифта, тезтару хубтар месабзанд,-гуфт агроном – гулпарвар Асрорхўҷа Исмоилов.

Алҳол зиёда аз 65-70 ҳазор дона гули карамгул дар ҳудуди шаҳр шинонида шудааст ва то ҷашни Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқимондаи онҳо шинонида мешаванд.

Барои дар сатҳи баланд ва бо сифат шинонидану парвариш кардани гулҳо дар Корхонаи давлатии коммуналии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд 42 нафар кормандон фаъолияти пурсамар доранд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh