Барномаи фарҳангии санъаткорони ВМКБ дар Амфитеатри Қасри Арбоб

Бегоҳии рӯзи чоршанбеи 23 август дар идомаи баргузории Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд дар Амфитеатри Қасри Арбоб барномаи консертии аҳли фарҳанги ВМКБ баргузор гардид.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Олуфта Бодурӣ, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронии худ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, баён дошт, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рушд намуда, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб беҳтар гардид.   Татбиқ гардидани стратегияву барнома ва ҳадафҳои судманд имкон дод, ки  соҳаҳои энергетикаву сохтмон ва  пеш  аз ҳама коммуникатсия тараққӣ намояд. Имрӯз бо истифода аз роҳҳову нақбҳои замонавӣ сокинони ҳамаи манотиқи мамлакат имкон доранд ба дилхоҳ шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар намуда, аз урфу додат ва анъанаву фарҳанги ҳамдигар бохабар гарданд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирокчиёни Ҳафтаи фарҳангии ВМКБ-ро  ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки роҳандозии чунин тадбирҳои судманд барои таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад.

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед  барои истиқболи гарму самимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати  ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо арзи сипос намуд.  Номбурда таъкид кард, ки ташкили Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд дар заминаи  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта дар арафаи Иди Ваҳдати миллӣ Ҳафтаи фарҳанги вилояти Суғд дар ВМКБ баргузор  гардида  буд. Шодихон Ҷамшед ташрифи сокинони вилояти Суғд ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро, ки соли гузашта ҷараён гирифта буд, хело хотирмон арзёбӣ кард.

Дар индомаи чорабинии фарҳангӣ Раиси ВМКБ аз номи мардуми ин вилоят ҳамчун рамзи эҳтиром ба Раиси вилояти Суғд туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.

Сипас аз ҷониби ҷониби санъаткорони ВМКБ барои сокинони вилояти Суғд барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Пас аз анҷоми барномаи фарҳангӣРаиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси ВМКБ аз  толор ва маркази атласу адрасбофии Қасри  Арбоб  боздид намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд,маҳз дар Қасри Арбоб Иҷлосияисарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Дар маркази атласу адрасбофии “Арбоб” имрӯзҳо наздик 20 нафар занониҳунарманд ба бофтани атласу адрас машғул мебошад. Зимни боздид баҳунари занони чирадаст баҳои баланд дода шуд.

Барои иштирокчиёни Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар ин шом дастурхон густурда шуд ва сокинони ду вилоят бо шукрона аз даврони орому осуда то дергоҳ хурсандӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh