Беқасабро чӣ гуна мебофанд?

БЕҚАСАБ - матои нимабрешимии якранг, рах-рахи гулдори мавҷнок. Тори онро аз абрешими нафиси сабз, кабуд, зард, сурх, гулобӣ, қаҳваранг тайёр мекунанд. Тобистон салқинӣ ва зимистон гармӣ медиҳад, зеро аз риштаи пахтагӣ истеҳсол шудааст ва ин яке аз хосиятҳои ғайриоддии ин матоъ мебошад. Тори беқасаб аз 12 то 18 банд иборат аст.

Ҳунармандони моҳир миқдори банди беқасабро ба 30 мерасонанд. Тори беқасаби рахдорро, одатан, ба панҷ-шаш қисм тақсим карда, ҳар якеро алоҳида ранг медиҳанд. Ҳар як калобаро кушода, нахҳои кандашударо мепайванданд ва як ҷо ба як чўб чилла мекунанд. Баъд устои нақшандоз мувофиқи нақши дилхоҳ расми матоъро ҷо ба ҷо мекунад. Тори беқасаби гулдор бо роҳи баста ва кушодаи рангдиҳӣ нақш дода мешавад. Беқасаби гулдор ба адрас ё подшоҳӣ шабоҳат дорад. Вале нахи тори беқасаб нафису пудаш риштаи ғафс, тори адрас ғафсу пудаш нафис аст. Аз ҳар чашми теғи дастгоҳ 6-8 нахи тори беқасаб, 4 нахи тори адрасро мегузаронанд. Беқасабро якранг, рахдор ва гулдор мебофанд, аммо адрас танҳо гулдор мешавад.

Аз беқасаб ҷомаҳо ва ҳар гуна либос медўзанд. Нафосат, латофат ва асолати ин навъи матоъ ба дизайнерони муосир имкон медиҳад, ки онро барои дар услуби шарқӣ оро додани деворҳои хонаҳо, пардаҳои тирезаҳо, болишту болинҳо ва ҷиҳати рўкаш намудани мебел истифода намоянд.

Таҳияи
Дилафрўз ДЕҲҚОНОВА

Add comment


Security code
Refresh