Рўҳбаланд аз дастгирии бонувон

Дар радифи тамоми сокинони кишвар бонувони ноҳияи мо имрўзҳо бо таассуроти амиқ аз Паёми рўҳбахши Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар андешаи амалигардонии реҷаву ниятҳои тоза ба тоза ҳастанд. Хеле хуб шуд, ки бо ибтикори Пешвои миллат ба эҳё ва рушду такомули ҳунарҳои мардумии тоҷик роҳи васеъ кушода шуд.

Дар ноҳияи мо низ дар ин раванд дар ҳар ҷамоат марказҳои касбу ҳунаромўзӣ таъсис дода шудаанд. Аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Понғоз бо сарварии бонуи ҳунарманд Ҳамроҳбибӣ Масолиева занону духтарон ҳунари атласу адрасбофиро азхуд мекунанд. Ин бонуи пурҳунар дар соли 2016-ум бо дастранҷи ҳунари хеш соҳиби дастгоҳи атласбофӣ, Сипоснома ва гранти Раиси вилоят ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ гардид. Бо ин маблағ ният дорад, сехи истеҳсолии худро васеъ ва даҳҳо бонувонро бо ҷойи кор таъмин намояд.

Дар Ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор, Ориён, Шодоба, Пунук, Ашт, Шайдон низ марказҳои ҳунаромўзӣ бо чандин адад дастгоҳи бофандагӣ фаъолият бурда, ба бонувон касбу ҳунарҳои атласу адрасбофӣ, қолинбофиро меомўзонанд. Марказҳои ҳунаромўзии «Дугонаҳо», сехҳои деҳаҳои Пахтакор ва Қалам, Меҳробод ва дигарҳо ба макони тайёркунандагони ҳунармандони асил табдил ёфтааст. Садҳо занону духтарон дар марказҳо бо ҳунаромўзӣ фаро гирифта шуда, бо эъҷози дастони худ на танҳо дар ноҳия, балки дар қаламрави вилоят номдор шуданд. Мафтуна Ҷўраева, Машҳура Абдураҳимова, Замира Расулова, Зиёда Расулова ва дигарон имрўз устодони касби хеш гардида, ба шогирдон ҳунар меомўзонанд. Соли 2016-ум умуман дар ноҳия бештар аз 200 нафар бонувон ба ҳунаромўзӣ ҷалб карда шуда, соҳиби ҷойи кор гаштанд.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки дар ноҳия ба ҷуз атласу адрасбофӣ бонувон ҳамчунин ба заргарӣ, қолинбофӣ, кешбофӣ, сўзанидўзӣ, тоқидўзӣ, ҷомадўзӣ, сабадбофӣ машғул мешаванд. Ҳунари қолинбофии намуди қоқма дар ноҳия рушд ёфта, имрўз харидорони он на танҳо дар бозори дохилӣ, балки дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ бисёранд. Яке аз марказҳои истеҳсоли ин намуди қолин коргоҳи хурди «Ҳусноро»-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон аст. Соли равон дар озмуни ноҳиявии беҳтарин қолинбоф бонуи соҳибҳунар Ризқӣ Мўсоева соҳиби ҷойи аввал гашт. Сўзаниҳои хушдўхту ҷаззоби Зўҳро Каримова бошад, дар озмуни ин намуди ҳунар сазовори ҷойи аввал гардид.

Аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон ин таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои мардуми кишвар мебошад. «Бо ин мақсад бахши хусусӣ, соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкорони истеҳсолиро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, касбҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагиро инкишоф медиҳем, аз шаклҳои мавсимии шуғл самаранок истифода мебарем…» - таъкид гардид дар Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат. Ин суханони Сарвари давлат моро баҳри он рўҳбаланд менамояд, ки минбаъд низ ҳарчи бештар занони хонашин ва духтаронро ба ҳунаромўзӣ, соҳибкории хурду миёна ҷалб намоем, то ки онҳо бо ҷомеа пайваста, соҳиби ҷойи кор гарданд ва инчунин, маблағ барои пешбурди рўзгор ба даст оваранд. Бояд гўям, ки сол то сол дар ноҳия сафи бонувони бо кор фарогирифташуда рў ба афзунӣ дорад. Зеро дар қаламрави ноҳия бештар гардидани боғоти мева ва токзор имкон фароҳам меорад, меваҳои шаҳдбори Тоҷикистони азизамон ба хориҷа содирот карда шавад ва аз ин рў, бонувон ба корҳои мавсимии корхонаҳои коркард, аз ҷумла, ғунучини ҳосили мева, бандубасти хушкмева, ҷамъоварии ҳосили пахта ва дигар шуғлҳо фаро гирифта шаванд.

Обода АШЎРОВА,
мудири бахши кор бо занон ва
оилаи ноҳияи Ашт

Add comment


Security code
Refresh