Ба ҳар духтару зан зебанда атласу адрас

Чанд сол қабл тақозои вазифа бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Стэнли Эскудеро муҳовара оростам. Сафир соати вохўриро муайян намуд, вале чун ҳозир шудам, ў набуд. Гуфтанд, ҳозир омада мемонад.

Сафир омад ва боиси дермониашро шарҳ дода гуфт, барои дастрас намудани сўзанӣ намунаи ҳунари миллии тоҷикон рафта буд ва бо як ҳисси шодмониву эҳтироси баланд онро кушода, ба ман нишон, дод: -Сўзанӣ бо нақшу нигори хуҷандӣ, дар ҳаҷми 1х1 метр бо эъҷози дастони бонуи маъруфи ҳунарманд Зулфия Баҳриддинова офарида шуда буд. Ҳарчанд дар рў ба рўи мани, як ҷурналисти оддӣ сафири мамлакати ИМА менишаст, вуҷудам бо эҳсоси ифтихор аз тоҷик будан, аз он, ки мардуми мо соҳиби чунин ҳунарҳои воло аст, лабрез гашт. Минбаъд шоҳиди он гардидам, ҳамсари сафир, ки ба ҳайси устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сарзамини мо фаъолият мекард, доимо дар бар пероҳан аз атласи рангобаранги тоҷикӣ дошт…

Чун огаҳ шудам, Стэнли Эскудеро зодаи штати Калифорнияи Иёлоти Амрико аст, ду фарзандаш-духтараш дар иёлоти Мичиган ва писараш дар зодгоҳаш Калифорния зиндагӣ доранд. Вай сиёсатмадор, мухлис ва донандаи хуби фарҳанг ва забони форсӣ буда, муддати даҳ сол сафири ИМА дар Ҷумҳурии Исломии Эрон буд.

… Аз байн муддати зиёде нагузашта буд, ки бо дастуру супориши Президенти мамлакат, бо ибтикори Раиси вилоят ба ҳунарҳои миллии мардумамон арҷ гузошта, ба рушду такомули он роҳи васеъ кушода шуд. Инак, имрўз зебу ҳусни шаҳру деҳот, хиёбону гулгаштҳо, кўчаву маҳаллаҳои вилоятамон занону духтарони атласу адрас ба баранд!

Меҳмононе, ки дар соли ҷашн, дар рўзҳои ҷашн ба сарзамини мо меомаданд, на танҳо аз ободиву бунёдкориҳо, балки аз тобишу ҷилои атласу адраси дар бари бонувонбуда низ мафтун мешуданд. Ба қавле, қуллаи баландтарини намоиши эъҷози дастони бонувони ҳунарманди вилоят ин баргузории Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд-2016» буд, ки охири моҳи октябр доир гардид. Ба ин чорабинӣ бонувони гулдаст тамоми ҳунари худро намоиш дода, нақшу нигорҳои атласу адраси қадима, дуранга, ҳафтранг, ҳамчунин либосҳои идона, рўзмарра, расмӣ, бачагона аз матои атласу адрасро бо истифода аз дизайни либосороӣ, тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдўзӣ, қуроқдўзӣ, интихоби ашёи ороиш ва пардозро пешкаши бинандагон намуданд. Меҳмонон аз мамолики Ҳиндустон, Эрон, Амрико, Покистон, Арабистон, Канада ва дигар кишварҳои олам ба ҳунари дастони бонувони тоҷик аҳсан хонданду вола гаштанд.

Роҳи васеъ кушодан баҳри рушду такомули ин ҳунарҳо имкон фароҳам овард, ки дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят Марказҳои ҳунаромўзӣ таъсис ва бонувони хонашин бо ҷойи кор фаро гирифта шаванд. Феълан дар вилоят 159 марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ фаъолият бурда, дар бештар аз 490 дастгоҳи бофандагӣ занону духтарон ҳунар меомўзанд. 248 нафар бонувони гулдаст ба 1196 нафар шогирдон ҳунари худро ёд медиҳанд. Дар ин марказҳо ба ҷуз атласу адрас беқасаб, чит, карбос, қолин ва пойандоз низ бофта мешавад. То ин дам бештар аз 29,5 ҳазор метр адрасу атлас бофта, аз он 14,5 ҳазор метр ба фурўш бароварда шудааст. Натиҷаи бо ҳунаромўзӣ фарогирии бонувон ва бо маош таъмин гаштани онон аст, ки дар вилоят соли 2016-ум нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 4407 нафар занон кам ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд.

«Дугонаҳо» Маркази омодасозии ҳунармандони касбӣ аст, ки дар он аз шаҳру навоҳии вилоят 300 нафар, аз вилояти Хатлон 130 нафар, ҳамчунин аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ноҳияи Рашт, шаҳри Душанбе, дигар навоҳии кишвар бонувон адрасу атласбофӣ омўхтаанд.

Бо мақсади рушди ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи корӣ фаро гирифтани бонувон, дастгирии ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ - қолинбофӣ, кешбофӣ, сўзанидўзӣ, зардўзӣ, тоқидўзӣ, мўҳрабофӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ, косибӣ, гулпарварӣ низ ба роҳ монда, дар ин самт грантҳои Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ таъсис дода шуданд, ки соли 2016 аз 61 лоиҳаи пешниҳодгардида 30 нафар бонувон соҳиби гранти Раиси вилоят, ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ гардиданд. Ин грантҳо имконият фароҳам меоваранд, ки боз марказҳои нави ҳунаромўзӣ, сехҳои нави атласу адрасбофӣ ба фаъолият шурўъ кунанд.

Ба шарафи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Адрасбофи беҳтарин» доир гардид, ки дар номинатсияи бофандаи моҳир Мамлакат Ҳоҷиева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Мунира Охунова аз шаҳри Исфара ва Хайринисо Маҳкамова аз ноҳияи Деваштич ғолиб гаштанд. Аз рўи номинатсияи сифати беҳтарин Саломат Азизова аз ноҳияи Мастчоҳ, Наргис Умматқулова аз ноҳияи Спитамен ва Наргис Ҷумъаева аз Истаравшан ғолиб омаданд. Нақши беҳтарин бошад, маҳсули дасти Назокат Ҳоҷиева аз шаҳри Хуҷанд, Барно Шехсаидова аз ноҳияи Зафаробод ва Каромат Турсунова аз шаҳри Панҷакент дониста шуд. Муҳайё Юсуфова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин озмун соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Ҳамчунин, дар ҷамъбасти озмун аз ҷониби Раиси вилоят ба 30 нафар бонувони ҳунарманд дастгоҳҳои адрасбофӣ бо ашёи хоми нимтайёр инъом гардиданд.

Тавре дар Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, минбаъд барои баланд бардоштани сатҳи касбомўзӣ, мутобиқ гардондани сатҳи касбият ба талаботи бозори меҳнат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат чораҷўӣ карда мешавад. Амалигардонии ин тадбирҳо, бахусус ба бонувон имкон фароҳам меорад, ки ҳунармандӣ, меҳнати хонагӣ, соҳибкориашонро рушду сайқал бахшанд ва ба ин васила дар ҷомеа мавқеашонро устувор, рўзгорашонро обод намоянд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh