Макони сайру тамошо

Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз ҷойҳои сертамошобинтарини вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Боғи Камоли Хуҷандӣ яке аз қисмати ин маҷмаа маҳcуб ёфта, ки дар вилоят ва ҷумҳурӣ ҳамто надорад. Боғи Хоҷа Камол барои сокинон ва меҳмонони вилоят макони сайру тамошо аст. Ҳамарўза садҳо нафар сайёҳони хориҷӣ аз осорхона ва Боғи Камол дидан намуда, бо таърихи ғании кишвари тоҷикон огоҳ мегарданд.

Давоми соли 2016 зиёда аз 600 000 нафар тамошобинон аз ин макони биҳиштосо дидан намуданд. Ҳангоми тамошо ва сайругашт бо меҳмонон сокинони вилоят дўстӣ пайдо намуда, аз таърих ва мавзеъҳои хушманзараи диёри худ васфи ифтихормандӣ мекунанд.

Умуман, соли 2016 барои аҳли кормандони Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» соли фаромўшнашаванда ва таърихӣ маҳсуб меёбад. Зеро давоми сол якчанд ҷашнвораҳо ва конфронсҳои илмиву адабӣ, ба монанди таҷлили 25 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баргузории рўзҳои фарҳанги шаҳру навоҳии вилоят, рўзҳои дарҳои кушод ва сайри илмӣ доир гардид. Ҳамасола дар арафаи Соли нави мелодӣ қабули меҳмонон бо Бобои барфию Барфак сурат мегирад.

Бино ба иттилои Омири кулли Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳим Иброҳимов, Боғи Камоли Хуҷандӣ аз боғҳои зеботарин ва тозатарини ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Аҳли кормандони ин боргоҳ соли 2017 - ро бо хушиву хурсандӣ ва дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд. Соли 2017 низ барои аҳли кормандони ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва муаррифгари осори баргузидаи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ соли таърихӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин сол ҷашни шахсияти барҷастаи таърихӣ, бостоншинос ва таърихшинос, академик Нўъмон Неъматов таҷлил карда мешавад. Ҷашнгирии санаҳои таърихӣ ва таҷлили ҷашнҳои миллӣ дар меҳвари фаъолияти ин муассиса қарор гирифтааст.

Дар охири сўҳбат Иброҳим Иброҳимов чунин изҳор намуд: - Ҳамаи ҳамватанонро бо Соли нави мелодӣ табрику муборакбод гуфта, аз саҳифаи рўзномаи дўстдоштаи мардум - «Ҳақиқати Суғд» барои ҳар сокини вилоят тани сиҳат, дастархони пурнозу неъмат ва барору комёбиҳо орзу менамоям. Соли нав барои Ватани азизамон – Тоҷикистон соли пурфайзу бобарор бошад. Ҳамеша кабўтари сулҳу амонӣ дар осмони софи Тоҷикистони соҳибистиқлол парвоз намояд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
 "Ҳақиқати Суғд" 

Add comment


Security code
Refresh