Ҳунар марз надорад...

Соли 2016 ҳунармандони ҷавони вилоят дар чорабиниҳои фарҳангии берун аз марзи кишвар фаъолона ширкат доштанд.

Тибқи иттилои Раёсати фарҳанги вилоят, ки ҳунармандони ҷавони боистеъдоди шаҳру ноҳияҳои вилоят соли 2016 берун аз марзи кишвар низ дар чорабиниҳои бонуфузи фарҳангӣ, аз қабили Фестивал, барномаҳои консертӣ, озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзида, санъату ҳунари миллиамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.

Моҳи марти соли равон донишҷўёни Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз Дилноза Бойматова дар сози рубоб, Хуршед Бойматов дар сози ғиҷҷак, Оиша Дадобоева дар сози дутор дар Фестивали байналмилалии «Дўстӣ», ки дар шаҳри Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Моҳи май ансамбли созҳои халқии Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз дар ҳайати 8 нафар донишҷўён дар озмуни байналмилалии «Садои Наврўз» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Моҳи август омўзгори ҷавони ин боргоҳи ҳунар Таҳмина Исматӣ бо дастгирии Раиси вилоят дар шаҳри Толяттии Федератсияи Россия дар Фестивали байналмилалии санъат бо сози скрипка баромад намуда, бо Ифтихорнома ва тўҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ шуд. Сарвари Филармонияи шаҳри Толятти Л.В.Семёнова ба унвони Раиси вилоят мактуби миннатдорӣ ирсол намуд.

Моҳи сентябри соли равон бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пойтахти фарҳангии исломӣ эълон шудани давлати Қувайт ансамбли рақсии «Зебо», гурўҳи дойранавозон бо роҳбарии Хайрулло Дадобоев, ҳунарманди ансамбли фолклорӣ – этнографии «Фалак» Давлатманд Қутбиддинов, ҷамъ 35 нафар дар чорабинии фарҳангии давлати Қувайт ширкат варзида, бо суруду рақсҳои ҷаззоби миллии тоҷикӣ баромад намуда, сазовори баҳои баланди тамошобинон гаштанд.

Моҳи ноябри соли равон Гулноза Ғаффорова ва Абдуқаҳҳор Ғаффоров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Фестивали байналмилалии «Муғаннихонӣ» дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ширкат варзида, ба ҷойҳои ифтихорӣ ва Диплом сарфароз шуданд.

 Хабарнигори
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh