Соли барору комёбиҳои назаррас буд

Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» дар партави сиёсати фарҳангофари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастурҳои илмпарваронаву дастгириҳои Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷодаи худшиносии миллӣ ва тарғиби илму адабиёти тоҷик фаъолият мебарад. Муассиса дар соли 2016 дар чанд самт кўшиш ба харҷ дод ва дар ташаккули илму адаби миллӣ саҳмгузорӣ намуд.

Дар соли 2016 аз ҷониби ходимони илмии муассиса қисмати бештари китобҳои «Мунтахаби «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ» (бо шарҳ), «Тазкират-ул-хавотин» (Тазкираи занони шоира), «Ахлоқи Ҷалолӣ», «Нигористон», «Баҳори хубон», «Осор-ул-билод» ва чанд китобу рисолаҳои дигари адибони тоҷик анҷом пазируфт.

18 дастхат ва китобҳои нодири «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» таҳия ва чопи инфиродӣ ёфтанд, ки «Шавоҳид-ун-нубувват»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Рашаҳот»-и Фахриддин Алии Сафӣ, «Тўтинома»-и Зиёи Нахшабӣ, «Девон»-и Аҳмади Ҷомӣ, «Армуғони Хислат», "Рисолаҳо дар андарзу ҳикмат", «Хористон»-и Маҷди Хофӣ аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо мебошанд.

Баргузории конфронсҳои «Таҳқиқ ва нашри осори илмӣ-адабӣ: аҳамият, зарурат ва натиҷаҳо», “Истиқлолият ва ташаккули нашрияҳои илмӣ-адабӣ”, «Китоб – сарчашмаи маърифат ва худшиносӣ», конфронси байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ” намоёнтарини онҳо ба шумор мераванд, ки бо иштироки муҳаққиқони вилояти Суғд, пойтахти кишвар ва вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва донишмандони номвари хориҷӣ аз кишварҳои Олмон, Туркия, ИМА, Ҳиндустон, Покистон, Миср, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон ва Ўзбекистон доир гардиданд.

Муассиса дар соли 2016 бо чандин марказҳои илмии ватаниву хориҷӣ ҳамкорӣ намуд, ки ҳосили он бештар дар ташкили "Китобхонаи Камоли Хуҷандӣ" ва табодули илмӣ инъикос меёбад. Дар ин самт, илова бо марказҳои илмии кишвар, бо ниҳодҳои илмии Ҳиндустон, Туркия, Ўзбекистон, Афғонистон, Покистон ва Миср робитаи хуби илмӣ сурат гирифт. Ҳамчунин, зиёда аз чаҳор ҳазор нусха китобу дастоварди илмии Муассиса ба таври ройгон ба марказҳои илмии ватаниву хориҷӣ тақдим гардид ва муҳаққиқони марказ бо иштирок дар даҳҳо конфронсу семинарҳои баландсатҳи илмӣ робитаи илмиро таҳкими бештар бахшиданд.

Дар соли 2017 нақшаи муассиса ҳамчунин пурбор аст. Мувофиқи нақша, дар соли пешистода бештар болои "Донишномаи Камоли Хуҷандӣ" кор анҷом хоҳад гирифт. «Донишномаи Камоли Хуҷандӣ» китоби ҷомеъ хоҳад буд. Дар он чопи бештар аз 3000 мақола дар назар аст. Китоб дар давоми солҳои 2019-2020 ба нашр хоҳад расид. Ҳамчунин, корҳои муҳими Камолшиносӣ, ки дар дурнамои панҷсолаи муассиса қарор доранд, ба мисли "Китобшиносии комили Камоли Хуҷандӣ", "Мунтахаби «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ (бо шарҳ), тасҳеҳи илмӣ-интиқодии тоза аз "Девон"-и Камоли Хуҷандӣ, "Фарҳанги мавзўии ашъори Камоли Хуҷандӣ", "Шарҳи муарработи "Девон"-и Камоли Хуҷандӣ кўшиш сурат хоҳад гирифт. Нашри муттасили фаслномаи "Камоли Хуҷандӣ", чопи китобҳои "Меҳру моҳ"-и Ҷамоли Деҳлавӣ, «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Ҷалолиддини Давонӣ, «Нигористон»-и Муинии Ҷувайнӣ, "Тазкират-ул-хавотин" (Тазкираи занони шоира) ва баргузории чанд маҳфилу конфронсҳо низ дар нақша аст.

Итминон дорем, ки муассиса дар соли 2017 бо таваҷҷўҳ бар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули илму фарҳанг ва худшиносии миллӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Соли нави мелодиро ба кулли ҳамватанон шодбош гуфта, орзу мекунем, зиндагии саодатёр насибашон бошад. Хонаободу сиҳатманд бошед, азизон!

Фахриддин Насриддинов,
директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ»

Add comment


Security code
Refresh