Бонувони ҳунарманд таҷриба иваз намуданд

Моҳи ноябри соли равон дар пойтахти мамлакатамон-шаҳри Душанбе Форуми бонувони соҳибкор баргузор гардид. Дар ин чорабинии бонуфуз соҳибкорзанон аз вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ҳамчунин аз ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон намояндагони Ассотсиатсияҳои бонувони соҳибкор иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории форум, пеш аз ҳама, баланд бардоштани мақоми бонувони соҳибкор буд.

Аз вилояти Суғд дар форум намояндагони се ширкати бонувони ҳунарманд-«Армуғон», «Ороста» ва «Озара» бо маҳсулоти худ иштирок намуданд. Ширкати «Армуғон»(сарвараш Мунира Оқилова) дар миқёси мамлакат ва берун аз он бо истеҳсоли маҳсулоти кашидадўзии дастӣ шўҳрат ёфтааст. «Ороста» бошад, бо роҳбарии бонуи хушкору ҳунарманд Нилуфар Ҷумъабоева бо истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандии қуроқдўзии худ дар шаҳру деҳоти мамлакат маъруфият пайдо кардааст. Ширкати мо – ҶДММ Ташкилоти «Озара» бо дўхтани сўзании миллӣ, ҷилди болишти армуғонӣ бо нақши сўзаниҳои хуҷандӣ, хатлонӣ, помирӣ, кўлобӣ, дарвозӣ дар мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ харидор дорад. Бояд гўям, ки як самти фаъолияти ташкилоти мо ба дастгирии бонувон нигаронида шуда, давоми панҷ-шаш сол ба бонувони деҳот ҷиҳати оғоз кардани соҳибкории онҳо, бақайдгирии соҳибкорӣ, ҳунаромўзии бонувон кўмак мерасонем. Аз рўи лоиҳа, дар маҳалҳо, аз ҷумла дар деҳоти дурдасти шаҳрҳои Панҷакент ва Истаравшан ба беш аз панҷсад нафар бонувон ҳунар омўзонидем.

Қабл аз баргузории форум дастранҷи ҳунарҳои бонувон ба маърази тамошо гузошта шуданд. Ин намоиш боиси он гашт, ки иштирокчиён ва меҳмонон на танҳо аз эъҷози ҳунари ҳамдигар воқиф гарданд, балки баҳри рушди фаъолияти хеш аз ҳам таҷриба низ андўзанд.

Дар чорабинӣ меҳмонон аз кишварҳои ҳамсоя моро бо барномаҳо бобати равнақи соҳибкории бонувон ошно намуданд. Баргузории чунин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба мо, бонувони соҳибкор баҳри пайдо намудани харидор ба маҳсулоти худ ва такомули ҳунарамон мусоидат кард.

Таҳмина КАРИМОВА,
иштирокчии Форуми бонувони
соҳибкори Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh