Зеби саҳна - “Зебо”

Ансамбли рақсии «Зебо» 12-уми декабри соли 2012-ум таъсис ёфта, дар оғоз ҳайат аз 47 нафар иборат буд. Муаррифии ансамбли номбурда 4-уми апрели соли 2014-ум бо иштироки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри маданияти “Арбоб” баргузор гашта, барнома аз тарафи Президенти мамлакат баҳои баланд гирифт. Рақси миллӣ нафосату назокати худро набояд гум кунад.

Солҳои пеш дар рақсҳо ҳаракату ҷаҳишҳои бемантиқ, дастҷунбонданҳои зиёд буд, ки ин хоси рақси тоҷикона нест. Рақс бояд ботинан нафосат ва нозукиҳои худро бо эҳсосот ба рўи саҳна барорад. Чеҳра ифодагари ботин буда, нигоҳ ва ҳатто як ангуштҷунбонӣ метавонад, назокати рақсро хубтару ҷолибтар нишон диҳад. Ҳамин воҷаҳо дар рақсҳои ансамбли рақсии «Зебо» дида мешавад. «Зебо» соли сеюм аст, ки бо рақсҳои ҷолиб бар дили мухлисонаш маъво гирифтааст. Санифамо Вализода, Оксана Москалёва, Мунира Ҷўраева ва дигарон таҳти роҳбарии устоди рақс Шаҳло Ҷалилова барои омода намудани рақсҳои якка ва гурўҳӣ имрўзҳо тамрини пайваста доранд. Тўли се сол инҷониб аҳли ҳунари ансамбли номбурда якчанд рақси нави гурўҳии «Ифтихор», «Чилдухтарон», «Гулафшон», «Ҳиндӣ», «Бадахшонӣ» ва «Гулчин»-и рақсҳои минтақаҳои Тоҷикистонро манзури тамошобинон гардонида ва аз тарафи мутахассисони варзидаи соҳаи санъат баҳои баландро сазовор гардидааст. Дар ансамбли мазкур се ҳайати эҷодӣ фаъолият дорад: гурўҳи кўдакон, наврасон ва ҷавондухтарони аз 16 то 18-сола. - Комёбиҳои ансамбл ин буд, ки дар соли 2016-ум дар бахшҳои рақси оммавӣ, аз он ҷумла дар «Корвони наврўзӣ» ва «Корвони Истиқлол» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 5 рақси алоҳидаро пешниҳод намуд ва муаррифии рақси тоҷик дар давлати Кувайт барои мо муваффақияти калон буд, - иброз дошт Ориф Набиев, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд.

Шаҳло Ҷалилова директори ансамбли «Зебо»: - Ансамбл нақша дорад, ки дар оянда рақси яккаро ба роҳ монад. Алҳол ансамбл камолоти эҷодиро идома дода, анъанаҳои неки ансамбли номдори тоҷик - ансамбли «Лола» ва собиқ ансамбли «Зебо»-ро идома дода истодаем. Бояд қайд намуд, ки ансамбл дар ҳамаи чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда, санъати волои тоҷикро пеш бурда истодааст. Бо дастгирии Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ансамбли «Зебо» соҳиби бинои боҳашамату зебо гардид. Барои пешрафти ансамбл ҳамаҷониба бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии вилоят мо ба сўи муваффақиятҳо равонем. Дар баробари гурўҳҳои рақсӣ гурўҳҳои овозхонӣ низ таъсис дода шуда, мутрибон, сарояндагон, санъати балети муосир ва гурўҳи рақси ҷавонмардон таъсис дода шудааст. Муассиса тасмим гирифт, ки барномаҳо бо иштироки сарояндагон ва навозандагон тариқи зинда, бе истифодаи фонограма фаъолият барад. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷоя воҳиди ҷои корӣ зиёд карда шуда, 4 ансамбл таъсис ёфта, айни ҳол дар ҳайати ансамбл зиёда аз 87 нафар корманд фаъолият дорад, ки синну соли гуногунро дарбар мегиранд.

Барои боз ҳам такмил додани фаъолияти ансамбл мо тариқи кастинг-озмун ба ансамбли устод Fаффор Валаматзода зиёда аз 30 нафар ҷавонписаронро интихоб намудаем ва онҳое, ки ба ҷои хоб ниёз доранд, бо хобгоҳ таъмин менамоем. Ҳайати балети муосир ва ансамбли созию овозии «Борбад», созҳои миллии Сайҳун ба тариқи кастинг - озмун ҳунармандонро ҷалб намуда, барномаҳои ҷолибро пешниҳод намуда истодаанд, ки айни ҳол кастинг - озмун аз 10-уми декабр то арафаи ҷашни Наврўз идома меёбад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh