Талқини хонандагон ба ҳунаромӯзӣ

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-юми шаҳри Конибодом маҳфили Шӯрои занон ва духтарони шаҳр таҳти унвони  «ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ…» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сармутахассиси кор бо занон ва оила Адибахон Неъматова ва роҳбари Шӯрои занон ва духтарони коркунони соҳаи маориф Маликахон Норбоева иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур ба ҷалб намудани хонандагон ба омӯзиши касбу ҳунар, аз ҷумла, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оила ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро нигаронида шуд.

Баргузории чорабинӣ бо қироати шеърҳо вобаста ба васфи Ватан оғоз ёфта, ба меҳмонон намоиши китобҳои Президент, маҳсули корҳои дастии хонандагон, аз ҷумла, дӯзандагӣ, бофандагӣ, рӯзгордорӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ба монанди майдабофии мӯй, гилембофӣ пешниҳод карда шуд.

Баъдан дар маҷлисгоҳи муассиса барномаи ташкилнамудаи хонандагон намоиш дода шуд, ки дар он шеъру, гуфторҳо, саҳнаҳои ҷолиб доир ба касбу корҳои гуногун бахшида шуда буд. Барои обуранги бадеӣ додани барнома сурудҳо вобаста ба Тоҷикистон, сулҳ, рақсҳои зебо пешниҳод карда шуд.

Дар анҷоми маҳфил Адибахон Неъматова, доир ба рафти баргузории чорабинӣ фикру ақидаҳои худро баён кард. Алалхусус, ба ҳунарҳои дӯзандагию кешбофӣ ва рӯзгордорӣ баҳои баланд дода шуд.

Ҳусейни Назрулло

Add comment


Security code
Refresh