Соли наву иқболи нав

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри истиқболи сазовори Соли нави милодӣ омодагии ҳамаҷониба дида мешавад.

Чуноне ки мутахассиси пешбари шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом Парвина Абдуллоева хабар дод, дар шаҳр айни ҳол дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо барои таҷлили ин иди писандидаи мардум тайёрӣ мебинанд. Аз ҷумла, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, махсусан, муассисаҳои томактабӣ чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шуда, доир намудани барномаҳои шавқовари солинавӣ пешбинӣ гаштааст. Дастаи санъаткорони шаҳр силсилаи сурудҳои солинавиро омода намуда, шурӯъ аз санаи 25-уми декабр то санаи 1-уми январ дар маркази шаҳр ба сокинон барномаҳои бошукӯҳи фарҳангиро пешкаш менамоянд.

Дар арафа ва рӯзҳои таҷлили Соли нави 2017 низ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот барномаҳои рангини консертӣ ташкил карда мешавад. Айни ҳол дар театри давлатии драмаи мусиқии шаҳр ба номи Тӯҳфа Фозилова  намоишномаҳои наву ҷолиби солинавӣ ба намоиш гузошта шуда, ҳамарӯза муҳассилини макотиби шаҳр ба тамошои онҳо меоянд. 

Add comment


Security code
Refresh