Нишони садоқат ба журналистика

Дирўз як гурўҳ собиқадорони идораи радио ва телевизиони вилояти Суғд бо мақсади иштирок ба ҷашни 70-солагӣ ва 50-солагии фаъолияти хабарнигории Атобеков Бобоҷон Наврӯз ба шаҳри Исфара рафтанд, ки ӯ тақдири худро ҳануз солҳои 70-уми асри ХХ ба радио пайваста буд.

Соли 1975 ӯро ба ҳайси хабарнигори махсуси комитети радио ва телевизиони кумиҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилоят дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом ва Ашт ба кор қабул карданд.

Бобоҷон Атобеков бо тахаллуси Наврӯз дар ин ноҳияҳо номвар шуд, зеро бо ғайрати афзун комёбиҳои меҳнатии мардумро дилгармона тарғибу ташвиқ мекард, ҷавононро барои  садоқат ба анъанаҳои ватандӯстию меҳнатпазирӣ даъват менамуд. Бесабаб нест, ки ӯ барои хизматҳояш дар  радиою телевизион бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин  чандин Ифтихонома ва нишонҳои рӯҳбахш тақдиронида шудааст.  

Мавсуфро бо ҷашни мавлуд ва фаъолияти босамари меҳнатӣ раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ тариқи номаи меҳр табрику таҳният гуфт.

Бобоҷон Атобековро аз ҷониби радио ва тележурналистон раиси идораи садо ва симои  вилоят Аюбҷон Саъдуллозода тариқи меҳрнома табрику муборакбод гуфта, барояш саломатӣ, дар ривоҷи журналистикаи соҳа комёбиҳо хостааст. Изҳори умед кардааст, ки  ӯ дар тарбияи шогирдон минбаъд низ донишу маҳорати касбиашро бедареғ сарф мекунад. Ба муборакбодии Бобоҷон Наврӯз котиби масъули ташкилоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар шаҳр, роҳбарони радио ва телевизиони шаҳри Исфара, устодону шогирдон низ омадаанд.

Дар тантанаи зодрӯзи Бобоҷон Наврӯз Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, ҳамчунин аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Замир ва Дадохон Эгамзод иштирок доштанд.

А.Аминзода

Add comment


Security code
Refresh