Шукўҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ

Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар бари рўди Сир соли 1924 ташкил ёфта, расмикушоди он 1-уми майи соли 1939 баргузор гардидааст. Наздик як аср мешавад, ки ин макон ҷои истироҳату фароғати шаҳрвандону меҳмонон қарор дорад. Бо ҳидоят ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи майи соли 2014 Боғи истироҳатӣ ва фарҳангии Камоли Хуҷандӣ азнавсозӣ карда шуда, Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» таъсис ёфт.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар рў ба рўи Театри мазҳака ва мусиқии Камоли Хуҷандӣ ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бунёд гардидааст. Алҳол дарвозаи боғ 24 метр дарозӣ, 11 метру60 см. баландӣ дошта, бошаи сутунҳо аз маҳсулоти сохтмонии маҳаллӣ бино ёфта, аз 16 сутун иборат аст. 8-тои он аз тарафи рост, 8 адади дигар аз тарафи чап ба дарвоза шукўҳу шаҳомати олӣ бахшидаанд.

Боғро бо Ҷўи Раззоқ, ки бо сангҳои аз дарёи Вахш овардашуда аз нав эҳё гардидааст, силсилаи фаввораҳо ва обшорон, мақбараи рамзӣ ва муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ, айвонҳои кандакорикардашуда, Хона-музейи Камоли Хуҷандиро бо сарҳавз ва Чорбоғ оро медиҳанд. Бозии оби силсилаи фаввораҳо зери мусиқии форам ба истироҳаткунандагон ҳаловат мебахшад. Кўпрукҳои зебои болои ҷўй, торамҳо ва гулу дарахтон табъро болида месозанд. Айвонҳои боҳашамати кандакорӣ бо дастони устоҳои мўъҷизаофари хистеварзӣ ва исфарагӣ бино ёфта, ҷои баргузории маҳфилҳои фарҳангию фароғатӣ маҳсуб меёбанд. Обшорони паси айвонҳо, ки ба дарозии 150 метр тўл кашидааст, бо сангҳои сиёҳ, сурх, сафеди аз ноҳияи Ашту шаҳраки Адрасмон овардашуда бунёд гардида табъи истироҳаткунандагонро болида месозанд.

Муҷассамаи барқади Хоҷа Камоли Хуҷандӣ шукўҳи махсус дорад, ки онро пайкарасози ҷавони хуҷандӣ Давронҷон Раҳматов бунёд гузоштааст. Ҳунарвари созанда шоири беамсолро чунон офарида, ки назари ҳазрати Хоҷа ба тарафи офтоббаро дўхта шудааст, дасти чап дар сари дил ифодагари уруҷи андеша ва дар дасти рост варақаи навиншошуда, ки барои насли оянда чун армуғон овардааст. Сар то пои ҳайкал биринҷӣ ва таҳкурсиаш аз санги хорои сурх аст. Баландиаш 7 метр ва зерпояаш 4,5 метр мебошад. Ҳайкал аз 6 тонна метали биринҷӣ омода гардидааст.

Бо ҳидояту раҳнамоии адабпарваронаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар солгарди мубораки иди Наврўзи байналхалқии соли 2015 бозгашти маънавии шоири ғазалсаро, андалеби Хуҷанд Хоҷа Камол ба вуқўъ омад. Ин орзуе буд, ки танҳо ба шарофати Истиқлолият, ба шарофати Пешвои тоҷикон амалӣ гардид. Хоки муқаддас аз марқади шоир шаҳри Табрез бо ибтикори Раиси вилоят мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ  ва аҳли зиё оварда шуд.

Ин мақбара ва як каф хоки шоире ки орзуманди диёри хешу ёрони хеш буд, имрўзҳо ба зиёратгоҳи мўҳташам табдил ёфтаву ҳар рўз ҳазорҳо тамошогарон ба диданаш меоянд. Тамошобинон аз дидани назокату латофати нақшу нигор серӣ надоранд. Ҷилои рангҳо бинандаро тасхир менамояд. Ин мақбара намунаи волои санъати меъморӣ, кандакорӣ, наққошӣ мебошад. Гумбази болои мақбара, сутунҳои гирду атрофи он бо сангҳои хоро, ки аз мамлакати мардумии Чин оварда шуда, тақрибан 100 тоннаро ташкил медиҳад, оро ёфтааст. Зеббахши зери мақбара сангҳои хорои маҳаллӣ аст.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ифтихори Хуҷанд буда, боиси сарфарозист, ки ин макон аз ҷониби аъзои ҳакамони мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ» ғолиби озмун дониста шуд.

Мусобиқаи мазкур бо мақсади таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ободу зебо гардонидани диёр ва истироҳати бофароғати мардум, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти шаҳрвандон, тарбияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, таъмини сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикис-тон баргузор гардид.

Алҳол дар ҷумҳурӣ 44 боғи фарҳангиву фароғатӣ дар ба рўйи мардум боз кардаанд, аз ҷумла 17-то дар вилояти Хатлон, 13-то дар вилояти Суғд, 2-то дар ВМКБ, 8-то дар ноҳияҳои тобеи марказ ва 4-то дар шаҳри Душанбе.

Аслиниссо Ёдгорӣ,
корманди МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

Add comment


Security code
Refresh