Хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат!

«Дар  хотир  бояд  дошт,  ки  танҳо  миллати  босавод  метавонад,  насли  соҳибмаърифату  донишманд  ва  кадрҳои  арзандаи  давронро  ба  воя  расонад,  пеш  равад  ва  дар  ҷомеаи  мутамаддин  мақоми  арзандаи  худро  пайдо  намояд».

Ин  нукта  дар  Паёми  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мўҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  зикр  шудааст.

Имрўз  мақоми  давлатӣ  гирифтани  забони  тоҷикӣ  боиси  ифтихор  ва  хурсандии  ҳар  яки  мост  ва  онро,  бешубҳа,  метавон  яке  аз  дастовардҳои  бузург  ва  меваҳои  ширини истиқлолият  арзёбӣ  кард. Маълум,  ки  забон яке  аз  рукнҳои  асосии  давлат  ва  давлатдории  миллист  ва  онро пояи  миллат  хондаанд. Вале  ин  поя  ва  ин  рукни  муҳими  давлату  миллат  ҳамеша  зарурат  ба  нигоҳубин  ва  ғамхорӣ  дорад.

Албатта, рушду такомулу ғанӣ гардидани забон аз таваҷҷўҳи ҳар як  шаҳрванди ин кишвар вобастагӣ дорад. Зеро коре, ки дар иттиҳод  мешавад, шикасту озоре нахоҳад дид. Ҳарчанд ки дар мавриди беҳдошти  забони миллӣ қонуну барномаҳо аз тарафи ҳукумат қабул шудааст, аммо  аз ҷониби баъзе шаҳрвандон беэҳтиромӣ нисбат ба зинда ва тоза нигоҳ  доштани забон зоҳир мегардад. 

Ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисос таъминанд. Китобҳои замонавӣ чоп шудаанд, дар ҳамаи мактабу кўдакистонҳо  компютер ва интернетро васеъ истифода бурдан лозим аст. Худи мо ҳам аз  муаллимон таълим гирифта, ба чунин дараҷаи камолот расидаем. Аммо  боз якчанд омилҳое ҳастанд, ки ба маърифатнокшавӣ ва саводнокгардии  омма, хусусан мактабиён таъсири амиқ мерасонанд. 

Яке аз чунин омилҳо ин тахтаҳои тарғиботӣ мебошанд. Агар дар ин  тахтаҳо калимаю ибораҳо, ҷумлаҳо дуруст навишта шуда бошанд, он  навиштаҷот дар хотири хонандагон амиқ нақш мебанданд. Мумкин аст,  ки хонанда дар ҳаёти ояндааш он навиштаҳоро истифода барад, бо ин  восита саводнокии худро аз ҷиҳати мазмун ва имло нишон дода тавонад…

Афсўс, на ҳамаи тахтаҳои таблиғотии шаҳри Хуҷанд бе хато навишта шудаанду ба талаботи қоидаҳои имло мувофиқанд. Чизе, ки мардум ҳар  рўз мебинаду аз он истифода мекунад,  зуд дар зеҳнаш мемонад. Акнун  якчанд мисол меорем:

Дар кўчаи ба номи Камоли Хуҷандӣ рў ба рўи беморхонаи вилоятии бачагона дар пештоқи мағоза чунин навишта шудааст: «Ширинихои НЕКРЎЗ». Ибораи хеле мувофиқ ва соҳибмазмун аст. Дар ин ҷо калимаи «Шириниҳои» ба ҷои ҳарфи «ҳ» бо ҳарфи «х» навишта шудааст. Аммо дар  давоми ин ибора мо мехонем: «Самбўсаҳои милли». Ба назар гўё ягон  хатоӣ надорад. Вале дар охири калимаи «милли»  ӣ-и  заданок гузоштан  лозим аст! Инро қоидаи имлои забони тоҷикӣ талаб менамояд. 

Дар баъзе ҷойҳо навишта шудааст, ки «Савдо бо пули милли». Дар ин ҷо  ҳам айнан хатогии болоӣ ба назар мерасад, яъне калимаи «миллӣ» танҳо  бо ӣ-и заданок навишта шуданаш дуруст аст. Вобаста ба ин дар аксар  ошхонаҳо ва мағозаҳо ҳамин хел ғалатҳои имлоӣ, услубӣ ва мантиқӣ  дида мешаванд.

Ҳамчунин, воқеъ дар гардиши сероҳаи назди мағозаи Гулбаҳор дар тахтаи  таблиғотӣ шеъре сабт шудааст, ки он ҳамагӣ чор мисраъ асту мазмуни амиқ дорад:

Тоҷикистон, модари ҷон, шукри модар мекунем,

Зарраи  хоки туро ҳамвазни гавҳар мекунем.

Сад қасам аз номи фарзандони бо ору шуҷоъ,

Шўҳрататро то Сурайё зеби кишвар мекунем.

Одамонро ба ватандўстӣ даъват менамояд. Аммо дар ин ҷо низ хатогии имлоӣ содир шудааст. Дар ибораи «фарзандони бо ор» бояд сифат якҷоя  навишта мешуд. Яъне дар намуди «фарзандони боор». Бар замми ин бояд  номи муаллиф зикр мешуд, чунки баъзе шахсон он шеърро азёд кардаанд,  вале аз муаллифаш бехабаранд. Дар ин сероҳа, ки гузаргоҳи садҳо талабагону ҳазорҳо донишҷўён мебошад, бояд ин шеър бе ягон хатогӣ  навишта мешуд!

Дар имлои бисёр калимаҳо духўрагӣ дида мешавад. Мисол: Хисрав - Хусрав, Фариддадини Аттор - Фариддудини Аттор, Абўабдуллоҳ - Абўабдулло, Абдурраҳмон - Абдураҳмон, Аловаддин - Аловуддин,  Авесто - Авасто, марҳала - марҳила …

Акнун вақти он расидааст, ки Кумитаи истилоҳоти назди ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ду вариант якеро интихоб намояд ва барои  имло пешкаш гардонад.

Хулоса, дар бобати имло бесару сомониро барҳам диҳем, ҷиддан ба қоидаҳои имло риоя кунем ва ин кор ба манфиати забони модарии мо,  хонандагони мактабҳои миёна, донишҷўён, муаллимон хоҳад буд.

Мунаввара  ОЧИЛОВА,
омўзгори мактаби таҳсилоти
умумии рақами  23,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh