Мақоми зан дар оини фарҳанги миллӣ

Таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии вилоятии «Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи байналмилалии оила  конфронси вилоятӣ баргузор гардид. Конфронсро муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ҳусни оғоз бахшид. Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нодира Мирзозода дар мавзўи «Мақоми зан дар оини фарҳанги миллӣ» маърўза кард.

Н. Мирзозода оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалигардонии фармону дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаҳои давлатӣ ва қарорҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ фикру ақоиди хешро иброз дошта, қайд кард, ки, мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҳастанд занон, модароне, ки ба амалҳои зишт, худкушиву ҷиноятҳои мухталиф даст мезананд. Инчунин, дар бобати пўшидани либоси ғайримиллӣ дар мисоли сатр ва ҳиҷоб андешаи хешро иброз дошт.

Мавсуф аз он изҳори таассуф кард, ки модарон нисбат ба фарзандони хеш бепарвоӣ зоҳир менамоянд, ки дар натиҷа онон ба ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ шомил гардида, ҷиноятҳои вазнин содир мекунанд. Инчунин, солҳои охир сафи занони ба ҷиноят, худкушӣ, дуздиву ғоратгарӣ ва фурўши кўдакони худ машғулбуда хеле зиёд шуда истодааст. Аксарият чунин ҳодисоти номатлуб бо сабабҳои муноқишаи оилавӣ ва ё нафароне, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд, сар задааст. Баҳри пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб аз ҳисоби занони фаъол, намояндагони соҳоти мухталиф ва уламои дин гурўҳи доимоамалкунанда таъсис дода, бо 17375 занони табақоти гуногун вохўриҳо ташкил намудаанд. Натиҷаи чунин корбарӣ буд, ки соли сипарӣ аз байни авфшудагон як нафар соҳиби Гранти Раиси вилоят гардида, дар ҷомеа мавқеи худро устувор гардондааст.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал - майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон оид ба пешгирии ҷиноят дар байни занон, андешидани чораву тадбирҳо маълумоти муфассал дод. Ў нахуст аз боби ба тас-виб расидани фармону қарор ва барномаҳои давлатӣ дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ибрози андеша намуда, сипас ҷиноятҳои мухталифи дар давоми панҷ соли охир рухдодаро таҳлил намуд.

Шариф Назарзода содир гардидани ҷиноят, хосатан ҷинояти қаллобӣ, хариду фурўши одамон, дуздиву ғоратгарӣ ва кушторро ба риштаи таҳлил кашида, сабабҳои асосии онро дар муноқишаи оилавӣ ва ё муҳоҷирати меҳнатӣ донист. Бобати рўй овардани ҷавонону занон ба ҳизбҳои террористӣ – экстремистӣ, ба ҷинояти куштор оилавӣ  даст задан, иғво андохтани баъзе табақаҳои ҷомеа аз ҷониби имом-хатибон ва домуллоҳо ибрози ақида намуд. Инчунин навори таҳлилӣ-аналитикӣ доир ба ҷинояти панҷ соли охир рухдода, фикру андеша ва пушаймонии ҷинояткорони дастгиршуда ва ё хешу пайвандони эшон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.  

Мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Дилбар Самадова, муовини раиси шаҳри Панҷакент Маҳбуба Ҳабибӣ, мудири шўъбаи маорифи ноҳияи Деваштич Зикрулло Иброҳимов, раиси Шўрои бибиотунҳои шаҳри Хуҷанд Мастура Темирова, донишҷўён Мафтуна Ҳодибоева, М. Сўфиева ва Зумрад Раҳмонова дар музокира фикру андеша ва пешниҳодоти хешро иброз доштанд.

Саволу ҷавоб бо аҳли нишаст анҷомбахши конфронс буд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”  

Add comment


Security code
Refresh