Зебу ороиш муҳим ё саломатӣ?

Вақте ба бозор барои харидани сару либос меравем, ба таркиб ва намудаш назар андозем. Либос бояд ба саломатӣ зарар нарасонад.

Боиси тааҷҷуб аст, ки имрӯз ба арзонии сару либос таваҷҷӯҳ зоҳир мешаваду мутаассифона, ба сифати он аҳамият дода намешавад. Хусусан, ба либоси кӯдакон бояд аҳамияти хоса зоҳир намуд. Зеро кӯдакон бисёр нозуканд ва пӯсту узвҳояшон аз либосҳои синтетикӣ зарар дида, ба касалиҳои пӯст, бадан ва дигар намуди беморҳо гирифтор шуданаш мумкин аст. Боиси афсӯс, ки либосҳои пастсифат ба талаботи санитариву истеҳсолӣ ҷавобгӯ набуда, бо вуҷуди ин мардум онро харидорӣ мекунанд.

Солҳои охир истифодаи матоъҳои синтетикӣ ва пойафзолҳои резинӣ зиёд ба чашм мерасад. Имрӯзҳо арзонтарин сару либос ва пойафзолҳо аз матоъҳои синтетикӣ буда, бадбахтона, бархе ба хотири зарар  надидани иқтисодиёти хеш аз матоъҳою либоси барои саломатӣ            зараровар истифода мекунанд. Ҳатто барои кӯдакони худ низ чунин либосҳоро харидорӣ намуда, аз оқибаташ андеша намесозем. Тавре коршиносони масоили саноатӣ иброз медоранд, матои синтетикӣ ҳангоми гарм шудани ҳарорати бадан, барои нафас кашидани пӯсти инсон халал мерасонад, ки дар натиҷа, дар бадани инсон бӯйҳои ғализ пайдо карда, пӯст осеб мебинад. Матои синтетикӣ метавонад, инсонро нороҳат сохта, ҳатто асабро вайрон намояд ва дар бадан боиси пайдошавии бемориҳои занбӯруғӣ (грибок) гардад.

Барои равшанӣ андохтан ба мавзӯи мазкур фикру андешаи коршиносонро пешкаш менамоем.

Саодат АМИНҶОНОВА-муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавии Беморхонаи клиникавии шаҳрии № 1-и шаҳри Хуҷанд ба номи Султон Ӯрунов:

- Барои он ки мо фарқи либосҳои пахтагину синтетикиро идрок намоем, бояд аз фарҳанги либоспӯшӣ огаҳ бошем. Либосҳои пахтагӣ ва аз пашми тоза дар ҳама давру замон ба ҷисми одам фоидаовар буда, намии баданро ба худ мегиранд. Инсон ҷисми зинда буда, аз худ моддаҳои нолозимро тавассути пӯст бояд ба берун хориҷ намояд. Дар ин ҳолат либосҳои пахтагӣ арақи баданро ба худ ҷаббида, боиси аз тан хориҷ кардани моддаҳои нолозим мегардад. Зеро ба пӯст ҳамеша оксиген бояд таъсир расонад. Инчунин, либосҳои пахтагӣ воситаи хуби ҳавогузаронӣ ба организм аст. Матои синтетикӣ бошад, намиро аз худ намегузаронад ва боиси зиёд гаштани миқдори микробҳо дар организм мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки микроб дар намӣ ба тезӣ афзоиш ёфта, ба зиёдшавии микроб ва паҳн шудани он мусоидат менамояд. Барои он ки инсон худро ҳамеша солиму бардам нигоҳ дорад, пеш аз ҳама, бояд ба фарҳанги либоспӯшӣ аҳамият диҳад. Ҳарчанд борҳо ба беморони бистаришуда таъкид менамоем, ки либосҳои синтетикиро камтар ба бар кунанд, аммо аз надонистани фарҳанги либоспӯшӣ ва ё огоҳ набудан аз зарару фоидаи либосҳо аксари мардум ба худ либосҳои синтетикиро интихоб менамоянд. Зеро ин намуди либос дар навбати худ ҳам арзон асту ҳам ба тан шинам. Аммо онҳо эҳсос намекунанд, ки саломатиашон аз ҳама волост. Бояд дар ин маврид корҳои фаҳмондадиҳиро аз падару модарон оғоз кард. Ба тифли навзод ва кӯдакони хурдсолашон бо баҳонаи «аз дигарон фарқ кунонидан ва боло нишон додан» намудҳои гуногуни либосҳои синтетикиро мепӯшонанд, ки боиси аз хурдсолӣ ба одати доимӣ мубаддал гаштани ин ҳолатҳо мегардад.

Акрамҷон ОҚИЛОВ - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: - Ман бо аҳли оилаам тайи шаш сол аз пойафзоли резинии баҳорона истифода бурдем. Соли гузашта, ногоҳ ба пойҳоям дарди сахт пайдо шуд. Дар бистари беморӣ як сол аз ин дард азият кашидам. Ҳатто аз роҳ гаштан мондам, хаёл кардам, ки ман дигарбора роҳ нахоҳам гашт. Аз ташхиси духтурон маълум гардид, ки ба бемории тарбоди пой дучор гардидаам. Алҳол саломатиам хуб шуда истодааст, акнун пӯшидани пойафзолҳои резиниро ба аҳли оилаам манъ кардам. Ҳастанд дар диёрамон устоҳои пойафзолдӯз, ки чарми маҳсулоташон барои саломатӣ безараранд. Айни ҳол мо барои аҳли оила аз чунин пойафзолҳои ба саломатӣ безарар фармоиш дода, истифода бурда истодаем.

Шоира ҒИЁСОВА - нозири шӯъбаи кадрҳои корхонаи “САТН” дар шаҳри Хуҷанд:

- Барои саломатии одамон, албатта, матои пахтагӣ беҳтар аст. Зеро, матои кимиёвӣ барои саломатии инсон зарари калон дорад. Барои худро аз ҳар гуна бемориҳо эҳтиёт намудан беҳтар аст, ки аз матои пахтагӣ истифода барем. Сабаби бештар ба либоси синтетикӣ рӯ овардани мардум ин дастрас будани нархи он мебошад. Баъзе ашхос бештар ба либосҳои кимиёвӣ барои тарз ва намуди дилписанд буданаш  аҳамият зоҳир менамоянд. Ба ҳама маълум, ки дар назди коргоҳи “САТН” мағозаи маҳсулоти пахтагӣ фаъолият дорад. Маҳсулоте, ки дар мағоза пешкаш шудааст, нархаш хеле дастрас ва 100 фоиз аз нахи пахта аст.

Коргоҳ дар як сол 1000 тонна пахтаро коркард менамояд ва аз он 600-700 ҳазор дона маҳсулоти тайёр истеҳсолу пешкаши мизоҷон мегар-донад. Шумораи кормандон 470 нафарро ташкил медиҳанд, ки ҳамаи онҳо бо реҷа ва тартиби кори муайян фаъолият доранд. Шиори  кори мо, пешкаш намудани либоси пахтагӣ аст, ки он фоидаовару шинаму зебост.

Матлуба БАРОТОВА, соҳибкор: -Хушбахтона, имрӯз занҳои мо ба харидани матоъҳои пахтагӣ бештар рӯ оварда, аз навъ ва намудҳои гуногуни он истифода мебаранд. Ба ҳамагон маълум, ки нархи маҳсулоти аз нахи кимиёвӣ тайёр кардашуда ва пахтагӣ қариб баробар буда, ороиш ва тарзу истифодаи босамари он аз худи харидор вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, дил мехоҳад, ки оммаи васеи мардум дар «Соли фарди солим» ҷавҳари нигоҳдории саломатии худро дар самти либоспӯшӣ ва фоидаи он бидонанд. Аз ин хотир, ҳамчун як фурӯшанда тавсия менамоям, ки либосҳои пахтагӣ ва пашмӣ дар ҳама давру замон барои саломатии инсон муфид буду мемонад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА

Add comment


Security code
Refresh