«Луғати фурс» - и Асадии Тӯсӣ - бо хатти кириллӣ

«Луғати фурс» - и Асадии Тӯсӣ китоби чаҳорум аз силсилаи фарҳангҳоест, ки таҳти унвони «Ганҷи сухан» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба табъ расид.

Луғатномаи мазкур сеюмин луғати тафсирӣ дар таърихи фарҳангнигории тоҷикӣ - форсӣ ва аввалин луғати дорандаи шоҳиди  то замони мо расида маҳсуб мешавад. Муаллифи фарҳанг баробари тадвини луғатнома қоида ва қонунҳои фарҳангнигории форсӣ - тоҷикиро барои чандин садсолаҳо мушаххас сохта, имрўз он ба ҳайси сарчашма ва маъхази мўътабару  илмӣ маъруф аст.

Қобили зикр аст, ки луғатномаи мазкур якчанд маротиба бо хатти форсӣ интишор ёфта, то имрўз нашри илмию интиқодии он бо хатти кириллӣ сурат напазируфта буд. Бо саъю эҳтимоми устоди донишгоҳ, муҳаррири масъули маҷаллаи илмию назариявии «Ахбори ДДҲБСТ», номзади илмҳои филология, дотсент Ғиёсов Нурулло Исматович нахустин маротиба дар кишвар нусхаи илмию интиқодии луғатнома таҳия ва нашр гардид. Ба ин муносибат, дирўз дар донишгоҳ маҳфили рўнамои китоби тозанашри «Луғати фурс» баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимону устодони донишгоҳ, мутахассисон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ширкат варзиданд.

Маҳфилро сардори раёсати илми донишгоҳ дотсент Саидумрон Саидов ҳусни ифтитоҳ бахшида,  оид ба моҳияти баргузории чунин маҳфилҳо ва ҳадафҳои муаррифии китоби  тозанашри «Луғати фурс» - и Асадии Тӯсӣ сухан кард.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор  Ҷамшед Ҷӯрабоев  сухан намуда, роҷеъ ба анъанаҳои китобу китобдорӣ,  нақши китоб дар ташаккули тамаддуни тоҷикон, китоб ҳамчун мояи наҷоти маънавии инсон ибрози андеша намуда, бо хатти кириллӣ таҳия ва ба нашр расидани ин луғаномаи арзишмандро аз падидаҳои муҳими илмӣ дар донишгоҳ ва ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд.

Баъдан дар маърўзаи худ “«Луғати фурс» - нахустфарҳанги адаби форсӣ-тоҷикӣ” мураттиб ва таҳиякунандаи луғатнома, дотсент Н.Ғиёсов доири масоили марбут ба раванди баргардон, таҳия ва танзими матни интиқодии луғатнома ва амсоли инҳо ҳарф зада,  ба кулли онҳое, ки дар кори таҳияи ин сарчашмаи муҳими илмӣ кӯмаку дастгирӣ намуданд, миннатдории хешро баён намуд.

 Дар идомаи маҳфил дотсентон С.Саидов дар мавзӯи «Арзиши илмию адабии осори куҳан дар суханшиносии муосири тоҷик»,  Ислом Раҳимов таҳти унвони «Аз таърихи саҳми тоҷирон дар интишори китоб” маърӯза намуданд.

Дар фарҷом меҳмонони ҳамоиш - профессорон Абдуҷамол  Ҳасанов,   Абдусаттор Абдуқодиров,  Атахон Сайфуллоев ва Туғрал Шокиров дар бораи аҳамият ва арзиши нашри кириллии ин китоб, ташаккули раванди таҳия, баргардон ва нашри манобеи илмию адабӣ дар ҳавзаи илмии Хуҷанд дар мисоли интишори силсилаи осори мондагори луғавӣ, адабию таърихӣ ва амсоли инҳо сухан карданд.

Дар интиҳои маҳфил якчанд нафар сарпарастон, аз ҷумла соҳибкор А.Исмоилов,  ки дар нашри “Луғати фурс” ва дигар китобҳо  саҳм гирифтаанд, бо Сипосномаи раёсати ДДҲБСТ қадршиносӣ гардиданд.

Мавзуна РАҲМОНОВА,
мутахассиси бахши занони ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh