Рӯнамои «Фидоиён» дар Гулдара

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и деҳаи Гулдара маросими расмии рӯнамои китоби панҷуми соҳибқалами ҷавон, узви доираи адабии «Илҳом»-и шаҳри Гулистон Муҳаммад Гулбой бо номи «Фидоиён» доир гардид.

Чорабинии мазкур бо ибтикори доираи адабии «Илҳом» ва Созмони ибтидоии шаҳрии Иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон ба пешвози 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуд. Маҷмӯа фарогири «Соли фарди солим» буда, муаллиф заҳмати шаборӯзии ҳомиёни саломатиро, ки дар шаҳраки Адрасмон содиқ ба савганди ҳиппократ пайи ифои вазифаи касбианд, самимона пешкаши хонанда намудааст.

ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии мудири шeъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомаеи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон, сарвари доираи адабии «Илҳом» Илҳом Мадализода оғоз ёфт. Дар назди ҳозирин узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ӯрунбой Усмонов, сармуҳаррири маҷаллаи «Шарқнома» Сайфуллохон Қорихонов, сармуҳаррири рӯзномаи «ҳақ сӯзи» Зоҳидҷон Тоштемиров, муовини раиси ҷамъияти фарҳангии ӯзбекзабонони вилоят Абдурашид Бургутов, адибони ӯзбекзабон Шариф Нуриддин ва Ойгул Деҳқонова, директори МТМУ-и №4 Худойбердӣ Мирзоев ва сардухтури беморхонаи шаҳраки Адрасмон ҳайдаралӣ Маюнусов сухан гуфтанд.

Рустамҷон ОДИЗОДА

Add comment


Security code
Refresh