Рамзи сарфарозии ҷовидонаи миллати тоҷик
- Details
- Published on Tuesday, 11 August 2015 15:03
Барои Шарқи асримиёнагӣ анъана будааст. Яқинан, барои Самарқанд мағрурӣ, барои Балх-ҷавонмардӣ, Ҳирот-рашку ҳасад хос будаанд. Хуҷанди асримиёнагӣ бошад, аз рўи анъанаҳои баҳодиҳӣ, чун «Тирози ҷаҳон» - арабиаш –
«Арўс-ал-мамолик» машҳур гашта буд.
Абўмаҳмуди Хуҷандӣ аз олимону ихтироъкорони барҷастаи асримиёнагии ориётабори тоҷикон аст, ки ному кори ҷовидонааш дар радифи ҳамзамонону шогирдонаш Абўрайҳони Берунӣ ва Абўалӣ ибни Сино ва бузургони дигари ҷаҳон меистад. Инро хизмату кашфиётҳои вай, ки то замони ў дар соҳаи илми ҳайъат, расад, риёзиёт, расадхонасозӣ, ихтирооти олоти расад дида намешуданд, таъмин намуданд. Абадияти хотираи ҳамватани мо, аз дигар тараф, баъди даргузашти ў ҳам (асри Х) амалан истифодаи ихтирооташ дар расадхонаҳои ҷаҳон (расадхонаи Мирзо Улуғбек дар Самарқанд – асри ХV; панҷ расадхонаи бузург дар Деҳливу Банорасу Ҷайпуру Матҳур ва Уҷайн дар Ҳиндустон аз тарафи подшоҳ Саваш Ҷай Сингх, асри ХVIII ва ғайра) ба ҳисоб меравад. Ҳатто, дар асри ХХ дар баъзе киштиҳои баҳрнавардии сайёҳони ҷаҳон (масалан, теплоходи сайру саёҳатии «Арманистон») дар асоси василаи ихтирои ў – «судси Фахрӣ» (секстант) ҳангоми мавҷи пурталотуми баҳру уқёнусҳо бероҳа шудани киштӣ ва безобита гаштани саёҳаткунандагон, бо гумкунии курси ҳаракат самти дурусти ҳаракат имконпазир шуда буд. Аз ин лиҳоз онро барои муайянкунии мавқеи киштӣ дар баҳр низ истифода мебаранд.
Кашфиёти олим дар соҳаи риёзӣ ва ҳандаса ҳам бузург буда, ҳарчанд, дар гузаштаву имрўз олимони Аврупову Осиё ҳамасрони мо – муаллифони Осиёи Миёна –ҳайъатшиносон, расадшиносон, риёзиву ҳандасашиносон, бостоншиносон дар бораи хизматҳо, ҳаёту фаъолияти ҳамватани мо – Абўмаҳмуди Хуҷандӣ рисолаҳо, мақолаҳо навиштаанд, вале тарғибу ташвиқи кору номи ў байни халқ ҳанўз доманадор нест.
Аз ин сабаб ҳам зарур донистем оид ба Хуҷанду ҳаёти илмӣ – фарҳангӣ – бостонии он ва дар алоҳидагӣ – худи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, лаҳзаҳои ҳаёту фаъолияташ, ихтирооту кашфиёташ, аҳамияти амалии онон ва ҷойгоҳи худи олим дар таъриху илми ҷаҳон очеркҳои алоҳида бахшем.
Худшиносиву худогоҳии миллӣ, густариши тарғибу ташвиқ ва муаррифии мероси Абўмаҳмуд барин олимони беқиёс ва таклифоти абадигардонии хотираву номи олим сазовори диққат ҳам ҳаст.
ХУҶАНДИ ЗАМОНИ АБЎМАҲМУД
Хуҷанд ҳамчун шаҳри таърихан куҳани Осиёи Марказӣ, аз рўи тадқиқоти олимони бостоншинос, таърихшиносону меъморон чанд давраи бобаракаташро аз сар гузаронидааст. Давраи якуми сохтмони шаҳр (асрҳои VI-IV то милод) Хуҷанди архаикӣ (қадим) ба ҳисоб меравад, ки мансуб ба замони ҳукмронии сулолаи Ҳахоманишиҳост. Сонитар, Хуҷанд дар ҳайъати империяи Искандари Мақдунӣ васеъ мешавад ва инкишоф меёбад. Баъди Хуҷандро забт намудани Искандар (асри IV то милод) қалъаи шаҳр мустаҳкам карда мешавад.
Дар қатори сокинони таҳҷоӣ - ҳамшаҳриёни аввалини мо (ҷамоаҳои суғдиву фарғонагиҳову сакоиҳо) дар қисми нави шаҳр кироягони эллинӣ, афсарони македонии барои юришҳои ояндаи Искандар корношоям, асирони ҳарбӣ низ зиндагӣ мекарданд. Ба шарафи забткориаш ба шаҳр номи ҷаҳонгири антиқӣ Искандар дода шуд, ки он шаҳри охирини номи худашро гузошта – Искандарияи Канорӣ ба ҳисоб меравад. Аз рўи маълумоти мавҷуда, дарозии девори шаҳри замони Искандар 60 стадии юнонӣ буд, ки ба 6000 қадам баробар аст. Ин давраи дуввуми антиқии сохтори шаҳри мост.
Давраи сеюми шаҳрсозии Хуҷанд асосан ба асрҳои миёна рост меояд. Ибтидои асрҳои миёна (асрҳои VI-VII) Хуҷанд аз ҳисоби тараққиёти табиии дохилии худ ва зиёдшавии аҳолии атроф ҳам васеъ мегардад. Сохти нави топографии он чун шаҳри сеқисмдор (куҳандизу шаҳристону работ) шакл меёбад. Фаҳмиши асрҳои миёна хеле васеъ аст, - аз асрҳои V-VI то миёнаҳои асри ХIХ-ро дарбар мегирад, ки дар хусуси шаҳрсозии Хуҷанд дар тўли ҳамаи ин асрҳо мо ин ҷо сухан намеронем. Дар ин очерк сухан асосан дар бораи «давраи тиллоии» шаҳрсозии тоҷикон, яъне давраи Сомониён – давраи зиндагонии Абўмаҳмуди Хуҷандӣ меравад.
Асрҳои VI-VII Хуҷанд аз ҷиҳати иқтисодиву хоҷагӣ ва фарҳангӣ инкишоф меёбад. Дар шаҳр азнавсозиҳои нақшавию истеҳкомӣ гузаронида мешавад: нимаи шарқии шаҳри антиқӣ, назар ба тадқиқоти бостоншиносон, бо масоҳати қариб 8 гектари имрўза ба қалъаи нави калони шаҳрӣ табдил меёбад. Қисмҳои боқимондаи шарқӣ, шимолӣ ва ҷанубии девори антиқӣ чун асоси қалъаи нав истифода шудаанд. Инро ҳафриёти археологии солҳои пешина ва мушоҳидаҳову назорати археологӣ ҳангоми бурдани корҳои азнавсозиву эҳёи девору дарвозаи шарқии куҳандиз вобаста ба ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён бори дигар тасдиқ намудаанд: (июни соли 1999 ва сохтмони бинои нави Осорхонаи вилоятӣ – соли 2004) – он соли 2006 ба истифода дода шуд – дар болои паҳлўи маҷрои шохоби хушкшудаи регу қуму сангрезадори такшонмондаи интиҳои ҷараёни Сойи Хоҷа Боқирғон, ки ба Сирдарё ҷорӣ мешуд, осори Хуҷанди архаикиву болои он – антиқӣ – похсадевор ва пас – болои онон осори моддии девори ибтидои асримиёнагӣ ва бозёфти мансуб ба он давр (шикастапораҳову қисмҳои сиҳатмондаи маснуоти кулолгарӣ-табақи гилӣ, коса, чароғи сирдодашудаи давраи сонитар, хумчаву офтобаҳо ва ғайра) низ дар бурришҳои сохтмонӣ аён шудаанд. Танҳо девори ғарбии куҳандизи Хуҷанд аз нав эҳё гардид.
Дар бораи Хуҷанди ибтидои асрҳои миёна ва давраи Сомониён бештар сарчашмаҳои хаттии форсиву арабизабон маълумот медиҳанд. Назар ба маълумотҳо, нимаи дуюми асри VII номи шаҳр бори аввал дар шакли «Хуҷанд(а)» вомехўрад (ал-Белазурӣ). Дар шакли «Гюйчжанти» номи шаҳрро сарчашмаҳои чинӣ дар хроникаи Таншу (боби 221) ҳам хотиррасон менамоянд. Ҷуғрофиядонҳову сайёҳони арабизабон Ибн-ал-Асир, ад-Димишқӣ, Ёқути Ҳамавӣ, Ибни Ҳавкал, ал-Муқаддасӣ, Ибн-ал-Фақеҳ, Истахрӣ бештар дар бораи Хуҷанди асрҳои VIII-ХII, яъне давраи ба ин шаҳр ҳуҷум намудани арабҳо ва то замони арафаи ҳуҷуми муғулҳо ба Хуҷанд маълумот додаанд. Ба ахбори Ибн-ал-Асир биноан (асри ХII-ибтидои ХIII), Хуҷанд ба қатори он шаҳрҳои Осиёи Миёна дохил мешуд, ки зидди ҳуҷуми арабҳо муборизаи яроқнок бурдааст. Баъди соли 705 ҳукмрони Хуросон таъин гардидан сарлашкари араб Қутайба ибни Муслим (соли 715 дар Фарғона қатл шудааст) нақшаи юриши водии фарғонагии худро тартиб медиҳад (соли 713) ва ба минтақаҳои паси Сирдарёии Мовароуннаҳр лашкар мекашад. Чун лашкари Салм лашкари Қутайба ҳам ба муқобилияти силоҳноки хуҷандиён дучор меояд ва муҳориба тўл мекашад. Дар «Китоб-ул-ансоб»-и Самъонӣ (солҳои 1113-1167) зикр шудааст, ки Хуҷанд соли 103 ҳиҷрӣ (соли 721-722-м) аз тарафи арабҳо забт шудааст. Ба қавли баъзе сарчашмашиносони муосири мо, соли 94 ҳиҷрӣ (соли 713 милодӣ) арабҳо зўран бо бор намудани шартҳои хеле гарон бар дўши хуҷандиён роҳи гуфтушуниди оташборро пеш гирифтанд. Вале хуҷандиён ба ин шарту гирифтори асири арабҳо будан дер тоқат накарда, соли 103 (соли 721-722 милодӣ) боз ба муборизаи зидди арабҳо бармехезанд. Соли 722 байни хуҷандиёну лашкари араб бо сардории ҷонишини волии Хуросон ал-Ҳарашӣ муборизаи сахт мешавад. Ў шаҳрро муҳосира намуда, бе ҳуҷум онро гирифтанӣ мешавад. Вале хуҷандиён бо ҳар роҳ муҳосираро рахна намуда, ба лашкари Ҳарашӣ зарба мерасониданд. Лекин охируламр арабҳо ба Хуҷанд дохил мешаванд…
Ҳанўз то Хуҷандро ишғол кардани арабҳо-асрҳои VII-VIII – дар доманаи самти шарқии куҳандиз – девори он – аллакай майдони васеи Регистони шаҳр ба вуҷуд омада буд. Дар он ҷой аввалин бозори шаҳр ҷой гирифта буд. Ибн Ҳавкал ин Регистонро таҳти унвони «майдону» «рабза» ба забон гирифтааст. Ал-Истахрӣ ҳам онро «майдон» мегўяд. Тарафи дигари майдон – паси рабза – «Дор-ул-имораҳ» ё «сарои иморат», яъне, бинои ҳокими Хуҷанд буд (он аз миёнаи асри ХIХ сар карда бо номи «Боғи ҳоким» маълум асту рў ба Регистон мениҳад). Бинои «сарои иморат» ҳам бо девор печонида гирифта шуда буд.
Чунонки дар боло ишора шуд, Хуҷанд ҳам ибтидои асрҳои миёна, хусусан асрҳои IХ-Х сеқисма буду аз куҳандиз (куҳанқалъа бо арки маликнишин), шаҳристон ё мадина (худи шаҳр) ва работ (мавзеъҳои наздишаҳрӣ) иборат буд. Умуман, ба қавли ал-Истахрӣ, масоҳати Хуҷанди асри Х шаш – ҳафт километр буда, дарозиаш аз бараш бартарӣ доштааст. Шаҳристон, ки девораш асрҳои VI-VII сохта шудааст, (А.Мирбобоев), аз маҳаллаҳои истиқоматии шаҳриён бо масҷиди ҷомеъ ва муассисоти дигар, куҳандиз бошад, аз қароргоҳи расмии ҳоким, лашкаргоҳ, маҳбас ва ғайра, работ – ҳудуди наздишаҳрӣ – бо қисмҳои ҳунармандиву тиҷоратӣ иборат буданд. Аз афташ, асрҳои ХI-ХII шаҳристону работи Хуҷанд ба ҳам омезиш ёфтаанд (А.Мирбобоев). Дар шаҳристон чанд муассисоте ҷойгир буданд, ки якеи онҳо майдони Намозгоҳ – Мусалло (ҷои намозхонии умумиву калон)-и Хуҷанд буд.
Ин Майдони Намозгоҳ-Мусалло дар ҳудуди девори шаҳристони Хуҷанди асримиёнагӣ на барвақттар аз асрҳои Х-ХI ба вуҷуд омада буд (А.Мирбобоев).
Сонитар дар ҳудуди шаҳристон мақбараву масҷиду мадрасаи Ҳазрати Бобо бунёд мегардад (асрҳои ХII-ХIII, ХVIII-ХIХ). Дар кунҷи ҷанубӣ-шарқии Намозгоҳ дертар (асри ХIХ) осиёбе ҷойгир буд, ки шояд он бо оби канали Қўрхона ба кор дароварда мешуд.
Дар ин минтақаи Хуҷанди асримиёнагӣ чанд бинои монументалӣ, дармонгоҳӣ, хизмативу маишӣ низ ҷойгир буданд, ки якеи он маҷмааи асримиёнагии археологӣ-меъморӣ-маркази фарматсевтӣ – дармонгоҳи «Дорулшифо» ба ҳисоб меравад (Харобаҳои ба асрҳои IХ-ХII, ХIV-ХV тааллуқдоштаи онро тўли солҳои 1999-2001 Экспедитсияи илмӣ-фарҳангӣ-бостоншиносии муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – ДДХ-ба номи академик Бобоҷон Fафуров «Мерос» омўхтааст). Ин иншооти хеле нодирест, ки намунаи худро то ҳол дар шакли ҳафриётгашта дар Осиёи Марказӣ надорад ва он кашфиёти нави илми бостоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Нақшаи композитсионӣ – меъмории маҷмаа иборат аз системаи девору гузаргоҳҳо буда, бештар равияи шимол-ҷанубро доранд. Ба миёнсаройи марказӣ аз тарафи шарқ – он ҷое, ки ҳам шикофаи кофтукови археологиаш ба охир расидаро дорад, кас дохил мешуд.
Тахмин меравад, ки миёнсарой бо равоқ (арк)-и нимсиркулӣ болопўш буд, ба воситаи роҳ-рави асосии он кас ба гузаргоҳҳои нисбатан борики камераҳои равоқдори таъиноти шифоӣ-профилактикӣ дошта дохил мешуд. Умуман, тамоми бино аз берун монументалӣ менамуд, девори яклухти умумӣ дошта, ҳуҷраҳои болопўши равоқмонанд дошт, - ҳамаи ин маҷмўи таъйноти ҷамъиятӣ доштани биноро тасдиқ менамуд. Девори бино ловида нашуда, аз ҳисоби хиштхобонии ботартибу босифат (ҳам дохил ва ҳам беруни бино), ки нақшу нигори намуди барои меъмории асрҳои IХ-Х хосро дошт, хеле босалобату монументалӣ менамуд. Дар ин дармонгоҳи дорутайёркуниву физиотерапевтии асримиёнагии Хуҷанд бемориҳои гуногуни одам табобат карда мешуданд. («Дорулшифо» ҳоло қисмҳои дигари аз ҷиҳати археологӣ омўхтанашударо низ дорад).
Дохили шаҳристони Хуҷанди асримиёнагӣ (асрҳои IХ-ХII) чанд қабристон ва мазорҳо вуҷуд доштанд, ки барои муайянкунии ҳудуду сарҳади шаҳр дар асрҳои гуногун чун аломат, нишона хизмат менамоянд. Он қабристонҳо ба ду қисм тақсим карда шудаанд: ҷамъиятӣ ва оилавӣ ё авлодӣ (А.Мирбобоев).
1. Қабристони назди мазори Ҳазрати Бобо (шимолӣ-шарқии Хуҷанд, назди Боғи ҳоким). 2. Қабристону мазори Хоҷа Бикробод. Қабристону мазори Туғбобохон, Бўзирак – Ато.
Ҳамаи ин мазору қабристонҳои дар қисмҳои шимолӣ-шарқӣ, ҷанубӣ ва ғарбии куҳандизу шаҳр умуман ҷойгиршуда сарҳади ба ин самтҳо мутобиқи шаҳри асрҳои Х-ХII-ро ташкил мекарданд. Яъне, он сарҳад аз куҳандиз-маҳалли Боғи ҳоким-250 м. ҷанубтари куҳандиз (берун аз девори шаҳристон)-ғарбии куҳандизро (200-250м. дуртар аз он) дарбар мегирифт (А.Мирбобоев) ва он мутобиқ ба маҳаллаҳои ҳамноми Ҳазрати Бобо, Хоҷа Бикробод, Туғбобохон (Дувахон-Тубахон) ва атрофи он буд. Ғайр аз ин, дар асрҳои ХI-ХII қабристону мазорҳои Чорчироғ, Масҷиди Сурх ва баъзе дигарон ҳам буданд (А.Мирбобоев).
Асрҳои сонӣ ҳам (ХVIII-ХIХ) онон ба қисмҳои Раззоқ ё Чаҳоршанбеи шаҳр дохил мешуданд. Шояд, маҳаллаи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ ҳам дар якеи маҳаллаҳои ин қисми шаҳр ҷойгир шуда бошад.
Қисми дигари Хуҷанд минтақаи майдони Панҷшанбеи шаҳр буд (онро дертар қисми ба деҳаи Қалъаи нав ва Мазор дохилшаванда ҳам меҳисобиданд). Он майдон чун маркази ҳунармандиву тиҷоратии Хуҷанд берун аз работи асримиёнагии Хуҷанд, тахминан асрҳои ХIV-ХVI шакл ёфтааст. Вале ҳафриёти археологии солҳои 70-уми асри ХХ дар ин майдон гузаронида (ҷои собиқи «саройи унҷигиҳо»-чойхонаи «Шарқ»-тарабхонаи собиқи «Панҷ-шанбе» - Осорхонаи собиқи вилоятии таърихӣ-кишваршиносӣ - Маркази савдои «Ҳоҷӣ Абдулазиз») ва бозёфти ду тангаи мисин (якеаш мансуб ба асри ХII дар чуқурии 3 м.) гувоҳи он аст, ки ин минтақа ҳам аз қисмҳои қадимаи шаҳр аст. Асри ХII дар ин ҷо мақбараи мулкдору шоир ва арбоби барҷастаи дин, пешвои маслиҳатгару ҳокими Хуҷанд Бадеуддини Нурӣ (тахаллусашон «шайх Муслиҳиддин») бунёд мегардад ва сонитар дар атрофи он маҷмааи ҳамноми таърихӣ-меъмории шайх Муслиҳиддин шакл меёбад (асрҳои ХIV-ХIХ).
Ибни Ҳавкал менависад, ки Хуҷанд «байни вилоятҳо аз ҷиҳати ҳусну назокат ягонаест»; ал-Муқаддасӣ махсус қайд мекунад: «Хуҷанд – шаҳри пурҳаловатест дар ин сў, аз он дида шаҳри дилкаштаре нест, аз байнаш наҳре ҷорист ва дар шафаташ кўҳест, ки онро оқилону шоирон мадҳу сано мегўянд. Ва дар Шарқу Ғарб зеботар шаҳре аз он нест. Вай мафтункунандаву дилрабост, касонро моту мабҳут месозад, бо форсӣ онро «дил бибурда» гўянд».
Олим – энсиклопедисти машҳури асрҳои IХ-Х Абўнасри Форобӣ шаҳру давлатҳоро ба қатори шаҳру давлати накўкор, шаҳру давлати бехирад, шўҳрату шарафпараст, шаҳру давлати таърифпараст, шаҳру давлати дурўяву ноустувор, шаҳру давлати дурўғпарасту хасис тақсим менамояд. Баҳодиҳӣ, умуман, барои Шарқи асримиёнагӣ анъана будааст. Яқинан, барои Самарқанд мағрурӣ, барои Балх-ҷавонмардӣ, Ҳирот-рашку ҳасад хос будаанд. Хуҷанди асримиёнагӣ бошад, аз рўи анъанаҳои баҳодиҳӣ, чун «Тирози ҷаҳон» - арабиаш – «Арўс-ал-мамолик» машҳур гашта буд.
Саид МАРОФИЕВ,
профессори бостоншиноси ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров