Эҳёи қалъаи Хуҷанд

Иқдоми Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар мавриди эҳёи Қалъа ва боғи Камоли Хуҷандӣ рўйдоди муҳими таърихист Fамхорӣ баҳри ҳифз ва нигаҳдошти мероси таърихӣ

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» ба мақсадҳои ҳарбӣ истифода бурдани мероси моддиву таърихӣ, фарҳангӣ манъ карда шудааст.

 Тибқи моддаи 19-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси мавзеъҳои муҳофизатии объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ», барои ҳифзу нигаҳдории иншоотҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҳатто, дар атрофи онҳо таъсис додани мавзеъҳои муҳофизатӣ таъкид мегардад.

Ин қонун ва қарорҳои Ҳукумат асоси кори амалии кормандони соҳа ҷиҳати ҳифз, эҳтиёт, омўзиш, эҳё ва истифодаи мақсадноки мероси таърихию фарҳангии халқамон бояд бошад.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар сатҳи давлатӣ қабул карда шудани «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ғамхории маҳз давлат дар ин соҳа ба ҳисоб меравад. Дар ин асос саривақтӣ қабул карда шудани қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи тасдиқ намудани «Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» дар бораи мақому манзалат, сарчашмаи муҳими таърихӣ, илму фарҳанг, таълиму тарбия, ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ будани меросамон шаҳодат медиҳад.

Дар қарори номбурдаи Раиси вилоят ду марҳалаи амалисозии ин чорабиниҳо – солҳои 2012-2020 ва солҳои 2016-2020 барои эҳёву истифодаи ёдгориҳои категорияҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳои қаламрави вилоятамон зикр гардидааст. Аз ҷумла, барқарорнамоии ҷузъии қалъаи Хуҷанд дар шаҳри мо ва дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанг ва Академияи илмҳо ҷудошавии маблағ барои солҳои 2016, 2018, 2019 ва 2020 дар замимаи барнома ва қарор ишора шудааст.

Нақша пештар низ буд…

Кўшишҳои холӣ кунонидани ҳудуди дохилии куҳандизи Хуҷанд ва он ҷо созмондиҳии Ширкати илмию тармимии Қалъаи Хуҷанд охири солҳои 80-ум ва ибтидои 90-уми асри ХХ шуда буд. Ҳисори аз қисми ҳарбӣ холикардашуда чун ёдгориву зиёратгоҳи умумихалқӣ истифода гашта, мақолаҳо дар рўзномаҳо низ нашр шуда буданд. Дар онҳо масъалаҳои дар асоси тартибдиҳии консепсияи эҳёи кўҳандиз, нишон додани бавуҷудоӣ ва инкишофи таъриху маданияти бостонии Хуҷанд, симои шаҳрсозии қадимтарину қадима ва асримиёнагии он зикр гардида буданд.

Ҳамаи он мебоист дар осорхонаи минбаъдаи «Роҳи бузурги абрешим», намоишгоҳи эҳёгаштаи арк-кремли ўрдаву қасри биноҳои дарборӣ ва осорхонаҳои меъмориву таърихи сохтмон, ҳарбию таърихӣ бо манзараҳои муқобилияти ҷангӣ ва муҳорибаи ҳамшаҳриёнамон бо лашкарҳои Искандари Мақдунӣ, арабҳо, Чингизхон, ҳарбиёни сулолаҳои шайбонӣ, аштархонӣ, манғитҳо, зидди ҳуҷуми лашкару ҳарбиёни ҳукумати подшоҳии рус, фидоиёни Шўриши 4 июли соли 1916 дар шаҳри Хуҷанд, Инқилоби сурхи соли 1917 ва ғайра инъикоси худро меёфт. Ҳамзамон, бунёди силсилаи осорхонаҳои археологиву қалъасозӣ, ки «Роҳи бузурги абрешим», таърихию меъморӣ, этнографӣ, ҳарбию таърихӣ бо экспозитсияҳои дахлдори муборизаи хуҷандиён бар зидди лашкари Искандари Мақдунӣ, мудофиаи Хуҷанд бо роҳбарии Темурмалик аз ҳуҷуми муғулҳои ғоратгар дар хушкиву Сирдарё ва ғайраҳо дар назар буд.

Дар дохили куҳандизи Хуҷанд баъди бори якум аз қисми ҳарбӣ холикунонии он (охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90-уми асри ХХ) мо чанд биноҳои аз хишти пухта сохташударо (дар шакли таҳхонаҳо) низ дарёфта будем. Дар якеи онон (асри ХI–ХIХ) музеи «Зиндон» - Хуҷанди куҳанро созмон доданӣ будем. Сониян, ҳатто, осорхонаи меҳмондории анъанавии таърихии тоҷиконро бо таббохии миллӣ ва ошхонааш, мағозаи «Тўҳфаҳои хотиравии тоҷикон» ташкил карданӣ будем. Ҳатто, дар казарма бинои нисбатан калони якошёнаи дохили куҳандиз экспонатҳои Осорхонаи таърихию кишваршиносии вилоятамонро ҳам дар экспозитсияҳо таҳия карда будем. «Сандуқи хайрия» барои эҳёи куҳандиз ташкил карда шуда буд, ки ташкилоту муассисаҳо дар суратҳисоб ба «Тоҷикбонкбизнес» маблағ ирсол ҳам мекарданд…

Саршавии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон баҳри амалигардонии нақшаҳо монеъ гардид. Куҳандиз ба қисми ҳарбӣ баргардонида шуд. Ана, имрўз - дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дуввум имконияти эҳёи кўҳандиз ба вуҷуд омад.

Аз даричаи таърих

Заминаҳои аввалини маданияти шаҳрсозӣ дар ҳавзаи Сирдарё ба ҳазорсолаи II-I то милод рост меоянд. Омўзиши археологии шаҳри Хуҷанд аз соли 1954 сар шуда ва аз кофтукови археологии куҳандизи шаҳр ибтидо гирифт. Дар чуқурии 27-метраи дизи шаҳр, болои арк, ки дар кофтуковаш иштирок доштам, осори қабатҳои мадании сукунати инсон, ки ба асрҳои VIII-VI то милодӣ мансубанд, ошкор шуд.

Ҳарчанд ин санад эҳтимолӣ намояд ҳам, ковиши хандақҳои дигар дар ҳудуди қалъаву шаҳри имрўзаи таърихиамон дар тўли аз соли 1954 то соли ҷашнии 2500-солагии Хуҷанд (с.1986) – қариб 65-70 хандақ кофта шудааст ва бовариамонро зиёда аз 2500 сол умр доштани Хуҷанд мустаҳкам кард. Хулосаи қадимияти қабатҳои мадании куҳандиз – ба асри Х–VIII то милод тааллуқ доштани дизи Хуҷанду худи он афзалият дошт. Бостоншинос Т.В. Беляева дар дизи Хуҷанд девореро кушод, ки хиштҳои калонҳаҷми хоми он ба асри VII-IV то милод рост омадааст. Ин масолеҳ то ҳол дар Осорхонаи археология ва фортификатсияи Хуҷанд ба намоиш гузошта шудааст.

Сарчашмаҳои хаттии таърихӣ гувоҳи онанд, ки шаҳраки Хуҷанди асри VII-IV то милод сарҳади шарқии империяи Ҳахоманишҳо ва шаҳри ривоҷ-ёфтае будааст, солҳои 329-327 (асри IV то милод) онро Искандари Мақдунӣ забт кардааст. Пас деворҳои мавҷудаи шаҳрро тармим ва дубора деворкашӣ намудааст, ки хиштҳои антиқии калонҳаҷми 46 Х 26-28х13 см, 46Х32х13 см аз хандақи №28 дар чуқурии 27 метр ёфтшуда шаҳодати ин аст.

Умуман, давраи урбанизатсия- ба шаҳрнишинӣ рўй овардани мардуми Хуҷанд дар ҳазорсолаи Х-VIII то милод сар шуда, асри VIII-VII то милод ба охир мерасад.

Куҳанқалъаи Хуҷанд бо арк – кремл – қасри ҳоким, қасри шоҳ дар замони давлати Каёниён – эрониёни шарқӣ бунёд гардидааст. Ковишҳои археологӣ осори моддии ин шаҳрро бо дизу шаҳ ристонаш, ки мутааллиқ ба асри VII то милод аст, дар соҳили чапи Сирдарё ошкор карданд. Асрҳои VI-V то милод шаҳристон нақшаи мураббаъ дошта, ба 20 га баробар буд (диз – 6 га, шаҳристон 12 га).

Марзҳои Хуҷанди архаикӣ аз рўи маводи археологии хандақҳо чунин буданд: ҷанубу ғарбтари куҳандиз шаҳр бо девор аз хишти хом иҳота карда шуда буд ва аз се тарафаш хандақи васеву чуқур дошт, ки оби он бо ҷараёни шохаҳои поёнӣ - ба Сирдарё ҷоришаванда пур шуда меистод.

Ҳудуди Хуҷанди архаикӣ системаи таъсисёфтаву сохташудаи фортификатсионӣ дошт,-хандақҳову деворҳо ( дуэлемента барои худи шаҳр) ва хандақҳои берунаву девори умумишаҳрӣ (дохилишаҳрӣ) назди куҳандиз (асри VI-IV то милод) босуръат аз ҷониби сокинон васеъ мегардид (ғафсии қабати сукунат – қабати мадании археологиро то 1,5 метр мутахассисон муайян кардаанд). Бозёфтҳои археологӣ – сафолоти хуму кўзаҳо, косаву ҷоми сафолӣ, дарёфт шудани хуми калонҳаҷми ғалланигоҳдорӣ (11 хуми архаикии калон), ғаллакўбҳои сангиву ўғурҳои сангӣ, қисмҳои олоти бофандагӣ ва ғайра шаҳодати онанд, ки ғаллаистеҳсолкунӣ ва захиракунии маводи хўрока, бофандагиву кулолгарӣ ва хоҷагии кишоварзиву ҳунармандии шаҳриён ба роҳ монда шуда будааст.

Ин ҷо ҷоиз аст хотиррасон кунем, ки дар қасру айвони арки ҳокими Хуҷанд истиқоматгоҳи ў ва оилааш ҷойгир буд, дохили куҳандиз чанд корхонаҳои аслиҳасозӣ, лашкаргоҳу зиндон ва ҳатто, ибодатгоҳу оташкадаҳо ҳам ҷойгир буданд. Таъминкунандаи оби сокинони Қалъа – канали Қўрхона буд, ки обаш аз шохоби Хоҷа Боқирғон таъмин буд (об ба таври пинҳонӣ аз чашми душмани ба қалъа ҳуҷумкунанда тариқи «обдузд» аз оби Сирдарё таъмин карда мешуд, аз ҳамин сабаб ҳам то ҳол калонсолони Хуҷанд мегўянд, ки аз зери қалъа ба дарё роҳест зеризаминӣ, ки он роҳи оби қалъа мебошад).

Эмин аз ҳуҷуми аҷнабиён

Куҳандизи Хуҷанд ҳам ҳуҷуми арабҳо (асрҳои VIII-IХ), ҳам давраи Сомониён, ҳам гумоштаҳои сулолаҳои Қарохониён, Салчуқиёнро (асрҳои ХI-ХII) аз сар гузаронидааст.

Дар замони ҳукмронии амир Темури ланг (асри ХIV – ибтидои асри ХV) куҳандизу арки ҳоким чун ҷои бинои ҳукуматӣ монд. Асрҳои баъдина куҳандиз то аркаш чун қароргоҳи ҳокимон, масалан, Оқбўтабек (а.ХIХ) ба хонанда маълум аст. Баъди Хуҷандро ишғол намудани лашкари ҳукумати подшоҳии рус (24 майи соли 1866) дар дохили қалъаи Хуҷанд аскарони ин ҳукумати подшоҳӣ ҷойгир кунонида шуд (он ҷо бинои сардори коменданти ҳарбӣ ва казармаи аскарон, сардори музофоти Хуҷанду канселярияи он низ ҷойгир буданд).

Бо назардошти ба ҳолати аввалаи таърихиаш баргардонидани иншоотҳои дохили қалъа чунин корҳо - тармим ва ба намуди аслиашон баргардонидани деворҳои харобгаштаи куҳандиз (дар деворҳои Хуҷандро иҳотакарда 60 бурҷ ва деворҳои худи қалъа бошад, 16 ҳамин гуна деворҳои мудофиавӣ мавҷуд буданд); кушодани дарвозаи таърихии қалъа аз назди бинои Осорхонаи археологӣ; эҳёи роҳи баромад ба Арк ва биноҳои ҳокимнишин ва баъди амалигардонии ин корҳо баҳри ривоҷи ҳунарҳои миллии халқии тоҷикон ташкилкунии дўконҳои ҳунармандии заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, бофандагӣ, таббохӣ ва ғайраҳо дар нақша аст.

Ташкилёбии Мамнўъгоҳи Байналмилалии таърихию фарҳангӣ ва бостонию сайру сайёҳӣ ва намоиши ҳунармандии истеҳсолии ярмаркавии «Қалъаи Хуҷанд» дар Регистони Хуҷанд барои ҳамаи меҳмонону зиёраткунандагони ин шаҳри қадимаи тоҷикон армуғон мебошад.

Add comment


Security code
Refresh