Дилро ба дил раҳест...

Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем.

Эмомалӣ РАҲМОН

Чанде пеш дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон - шаҳри Остона  Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди ҷомаву тоқиву куртаҳои миллӣ, корду сӯзаниву дигар маҳсулоти ҳунармандони шаҳру навоҳии вилояти Суғд доир гардид.

Вақте дар боби баргузории намоиши ҳунарҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ бо зани зебо, ҳунарманди мастчоҳӣ Мавҷуда Ҳакимова ҳамсуҳбат гардидам, бонуи ҳамакора пеш аз ҳама, дар бораи таассуроти мардуми қазоқ оид ба сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон чунин иброз дошт:

- Ман дар назди маҳсулоти омодакардаи хеш қарор доштаму бонуи қазоқ омаду пас аз салому алейк, агар гӯям, ки меҳрномаи худро дар бораи Ватани азизи мо иброз дошт, хато нахоҳад шуд. Ӯ худ зодаи Тоҷикистон будаасту бо мурури замон ба зодгоҳи бобоиаш кӯч бастааст, аммо тавре худ мегӯяд «қалбам дар ёди Тоҷикистони азизам ҷӯш мезанаду шабҳо ба хобам куҳҳои сарбафалаккашидаву шар - шараи обҳои аз он фурудомада, субҳи босафою садои чаҳ - чаҳи парандаҳо, шилдироси ҷӯйбору вазиши бод падидор мешаванду бо умеду орзуҳои ширин бедор мешавам».

Ростӣ, вақте муҳаббати ин бонуи қазоқро дар васфи Ватани ҷоноҷонам шунидам, гарчанде ба муддате кӯтоҳ ба сафар баромада бошем ҳам, ба он шаршараҳову долу дарахтон ва ба субҳи офтобрӯяи диёрам дилам гум зад, - изҳор дошт Мавҷуда.

Дар намоише, ки соли дуюм дар майдони «Барис - Арена»-и шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҷонибдории ду сарони давлат доир гардид, беш аз  ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ - тарбузу харбуза, навъҳои гуногуни ангуру шафтолую себ, молҳои саноативу ҳунармандии вилоят пешкаш  гардиданд.

- Беҳтарин муомилот барои аҳолӣ – ин муомилоти савдо мебошад, ки ман инро дар баргузории намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ  ва ҳунарҳои дастӣ дар шаҳри Остона дидам, - гуфт ҳунарманд.

- Ба сарварони ду давлат – Тоҷикистону Қазоқистон, хосатан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим – Жомарт Токаев миннатдории хешро иброз медорам, ки бо ин восита риштаи дӯстии ду халқро боз ҳам мустаҳкамтар намуданду вазъи иқтисодии моро беҳтар месозанд.

Ба мо, мардуми ҳунарманди вилоят майдони васеъро ба ихтиёрамон гузошта буданд. Вақте иштирокчиён молу маҳсулоти хешро ба намоиш гузоштанд, фикр кардам, порае аз Тоҷикистони биҳиштосоро ба ин мавзеъ кӯчонидаанд.

Иштирокчии чорабинӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Саёҳат Зиёева зимни суҳбат гуфт:

- Ман се соли аввал чун шогирду мутахассис дар Маркази таълимию истеҳсолии «Дугонаҳо»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳоло ба сифати роҳбар фаъолият бурда истодаам.

Албатта, борҳо ба ярмаркаҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ, хосатан дар пойтахт баргузор мегардид, ширкат варзидаам, аммо бори нахуст молу маҳсулоти хешро ба мардуми хориҷ муаррифӣ намудам, ки бароям хеле таассуротбахш буд. Майдонеро, ки ба мо пешниҳод намуданд, хеле васеъ ва барҳаво буд. Бори нахуст он мавзеъро дида, ростӣ, ба андеша рафтам, зеро чӣ тавр онро пур мекунему оро медиҳем.

Аммо вақте ҳама мардуми вилоят дастаҷамъона ба поси шаб нигоҳ накарда, молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои аҷдодии хешро ба намоиш гузоштанд, дар назарам он ҷо «гул» кард. Ташаккур ба Пешвои хирадманди миллатамон, ки чунин чорабиниҳоро доир менамоянд.

Ҳар яке аз сокинони қазоқ молу маҳсулоти моро - аз меваҳои шаҳдборашу то хӯрокҳои миллии омодакардаамон бо ҳавасу муҳаббат харидорӣ менамуданд. Ба ҷуз он ки маҳсулоти ҳунармандии моро харидорӣ мекарданд, ҳамчунин хӯрокҳои  миллиамон, ба монанди оши палову ҷувориву нонҳои гуногун тез ба фурӯш мерафтанд. Ошпазҳо рӯзе ду маротиба то 500 килоӣ биринҷро мепухтанду боз талабгорон меомаданд.

- Ман худам бофандаи матои атласу адрас ҳастам, ҳамчунин аз ҳамин матоъҳо ҷилди болишту сумкачаву шарф ва дигар лавозимоти заруриро медӯзам. Азбаски музди меҳнати дӯзандагони қазоқ хеле гарон будааст, меҳмонон ва сокинони шаҳри Остона матоъҳои миллии моро он қадар харидорӣ накарданд, вале дигар боқимонда маҳсулоти омодакардаам ба фурӯш рафт. Сарвари давлат дар ҳар як суханрониашон оид ба меваҳои шаҳдбору сарзамини биҳиштосоямон таъкид медоранд, ки инро дур аз Ватан боз ҳам бештар эҳсос намудам. Тарбузу харбуза ва ангуру шафтолу тез ба фурӯш рафтанд. Ҳар як сокини Остона пас аз харидории меваҳои биҳиштиамон боз баргашта меомаданд.

- Соли дуюм аст, ки дар ҳамин ярмарка ширкат меварзам, - қайд кард ҳунарманд, иштирокчии чорабинӣ Мавҷуда Ҳакимова. - Ба қавле, сол аз сол вазъи чунин чорабиниҳо беҳтар шуда истодааст. Соли пешин ҳам бо як таассуроти бой ва имсол низ бо эҷодҳои рангину тару тоза баргаштам.

Корманди Маркази таълимию истеҳсолии ба номи Зулфия Баҳриддинова ҳастам. Дастпарварони зиёде дорам. Агар гӯям, ки куртаву ҷомаву камзӯлу рахти хобу дастархону тоқиву марҷонҳои пешниҳоднамудаамон «пояш ба замин нарсида ба фурӯш рафт» воҳима нахоҳад шуд. Тавре ёдрас гардидам, соли дуюм аст, ки чунин намоиш дар шаҳри Остона баргузор шуда истодааст ва сол аз сол дӯстии мо ҳам бо мардуми ин сарзамин қавитар мегардад.

Агар соли пешин қазоқҳо маҳсули омодакардаамонро борҳо ба даст гирифта, пас харидорӣ намуда бошанд, имсол баробари ба дӯкони мо наздик шудан, худашон пурсон мешаванд.

Ҳамчунин, маҳсулоти саноатӣ, ба монанди духобаю қолинҳои дастибофт, шириниҳо, маҳсулоти коргоҳи «Мерси Баку», хушкмеваҳо, табақи сафоливу кордҳои гуногун метавон гуфт, харидорони худро доштанд.

Агар соле борҳо дар сатҳи вилояту пойтахт намоиши маҳсулоти дастиву саноатӣ пешкаши дӯстдорони ҳунарҳои милливу аҷдодӣ гардида бошад, пас ду соли охир дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон - шаҳри Остона доир шуд. Соли равон беш аз як тонна сабзавоту полезӣ, ғалладонагӣ, тарбузу харбуза, меваҳои тару хушк бо банду басти мувофиқ, маҳсулоти  ширкатҳои истеҳсолии «Оби Зулол», «Баракати Исфара», «Мавизи Истаравшан», «Меваи Канд», «Субҳи Ватан» ва ғайра, маҳсулоти саноатии матоъ, қолин, маснуоти заргарӣ, масолеҳи сохтмонӣ, фарши ороишӣ, чӯби табиӣ ва ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик, ба монанди гаҷкорӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, зардӯзӣ, кордсозӣ, наққошӣ ва дигар маҳсулоти дастӣ пешниҳод гардиданд.

Ҳамин тариқ, мардуми ду кишвар бо расму анъанаҳои миллии ҳамдигар воқиф гардида, минбаъд дар фазои дӯстию бародарӣ рафтуомад хоҳанд кард.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh