Барои меҳмонон барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид

Шоми 18 июн дар Қасри Арбоб барои меҳмонон ва иштирокчиёни Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2024» барномаи рангини консертӣ пешниҳод карда шуд.

Аҳли фарҳанги вилояти Суғд ва ҳунармандони вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барномаи ҷолиби консертиро пешниҳод намуда, табъи меҳмононро болида намуданд. 

Иштирокчиёни намоишгоҳи байналмилалӣ бо ҳунару санъати волои миллати тоҷик ошноӣ пайдо карданд. 

Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2024" беш аз 500 нафар меҳмонон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh