Саҳми Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ
- Details
- Published on Wednesday, 28 February 2024 13:18
АЛЛОМА Зайниддин Маҳмуди Восифӣ афзудани нури чашмро дар ҳашт чиз маънидод намуда, навиштааст:
Мефизояд нури чашми одамӣ аз ҳашт чиз,
Гар муяссар мешавад дар вай назар кун ҳар замон.
Дар зару дар мусҳафу шайхи кабиру шоҳи аср,
Хатти хубу рӯйи хубу сабзаю оби равон.
Воситаҳое, ки шоир ном бурдааст, натанҳо нури чашмро, балки ақлро равшану маърифатро зиёд ва тафаккурро равнақу ҷаҳонбиниро инкишоф ва завқро илҳом мебахшанд. Муроди мо аз ин абёт таъбири “шоҳи аср” буда, фаъолият ва симои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҷассум менамояд. Натиҷаи саъю талошҳо ва кӯшишҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, он кас аз минбари Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевои тоҷикӣ баромад намуда, ҷаҳониёнро аз мавҷудияти давлати Тоҷикистон ва забони давлатии он воқиф гардониданд. Ин суханронӣ обрӯи байналхалқии Тоҷикистонро боз ҳам боло бардошт. Забони тоҷикӣ решаи садҳазорсола дорад, ки онро ҳамчун дарӣ мешиносанд ва азхуд мекунанд. Дар ин бора Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ гуфтааст:
Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Лафзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.
Солҳои бистуми асри гузашта забони мо расман тоҷикӣ шуд, ки ин пояи аввалин барои ташкилёбии давлатамон мебошад.
Хидматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҷеъ ба рушду нумӯи забони миллӣ ва ҳомии он тариқи зайл номбар намудан мумкин аст: дар замони муосир Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари эътибори ҷиддӣ, ба соҳаҳои саноат ва хоҷагии қишлоқ, ободию бунёдкориҳои корхонаҳои азим, нерӯгоҳҳои барқ ба рушду нумӯи илми муосир, хосатан, ба пешрафти забони миллӣ диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Ин ҳам бошад, гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявие чун “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм‐фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон‐дар оинаи таърих” мебошанд, ки барои худро шинохтан ва арзишҳои онро донистан пешниҳоди хуб мебошад. Ин аз он дарак медиҳад, ки Пешво ва Сарвари оқилу хирадманд, ватандӯсту соҳибмаърифат ва хештаншиносу худогоҳ дорем.
Гуфторҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба забон дар дили ҳар фарди ҷомеа меҳру муҳаббатро дар омӯзиши забон ва забондонию суханварӣ бедор менамояд. Ана, таваҷҷуҳ кунед: “Забон барҷастатарин ва гӯётарин падида ва пайвастани он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлати мо мебошад”. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи баланд бардоштани мавқеи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ ва мактабҳои олӣ” аз масъулияти баланди Сарвари кишвар гувоҳӣ медиҳад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷаҳонбинии шахсро васеъ менамояд, дунёи дигарро ба рӯямон боз мекунад. Дар фармон чунин зикр гардидааст: “Ин маънои онро надорад, ки нисбат ба забони тоҷикӣ беэътибор бошем, баръакс, маҳорати сухандониву суханвариамонро равнақ дода, ҳамзамон барои азхуд кардани асосҳои илми замони муосир ба омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ҷиддӣ машғул шавем”.
Пеш аз он, ки мо ба омӯзиши забони дигар шурӯъ кунем, аввал бояд забони модарии худро омӯзем. Мо метавонем забони дигарро ба муҳлати кӯтоҳ омӯзем, вале барои омӯзиши забони модарӣ як умр бояд машғул шавем. Ҳангоми мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои марказии Русия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он доштанд, ки: “Ҳар фарди тоҷик, дар куҷое ки бошад, бояд таърих, расму ойин, анъана ва забону адабиёти бойи худро донаду аз он истифода барад. Дар ҳар оилаи тоҷик муҳити муошират бо забони тоҷикӣ риоя карда шавад”.
Ҳамчунин, тақдими китоби “Тоҷикон”‐и аллома Бобоҷон Ғафуров ба 30‐солагии Истиқлолият аз тарафи Сарвари давлатамон иқдоми бузурге барои шинохти миллати тоҷик аст.
ХИДМАТИ арзандаи ин марди худшиносу худогоҳ дар номгузории донишгоҳҳо, қасрҳои фарҳангӣ, шаҳру ноҳия ва вилоятҳо назаррас аст. “Шумо медонед, ки ҳар як номи тоҷикӣ нишонае аз симои миллӣ ба шумор меравад ва сарфи назар кардан аз он, пеш аз ҳама беэҳтиромӣ нисбат ба забони модарӣ ва давлати худ, ба таъриху фарҳанги миллӣ ва дар маҷмӯъ, ба миллату Ватан мебошад”,‐ таъкид доштанд Сарвари давлат.
Имрӯзҳо падару модароне ҳастанд, ки дар хона бо забони хориҷӣ (русиву англисӣ) сухан меронанд ва мехоҳанд дар мактабу кӯдакистонҳо низ чунин бошад. Онҳо бо ин рафтори худ кӯдаконашонро натанҳо аз забони модарӣ, забони равону шевои тоҷикӣ дур месозанд, балки бо ин хатои худ фарзандашонро бо расму оин, анъанаҳои тоҷикӣ ва ҳатто аз худашон дур месозанд. Мо, омӯзгорону мураббиён бояд фаҳмонем, ки фарзандонро аз забони модарии хеш, ки бо шири модар ба кӯдак медарояд, дур насозанд, балки онро пурраву равшантар фаҳмонида, омӯзонанд.
Дар ин хусус Лоиқ Шералӣ фармудааст:
Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Ҳама рӯзе ба кор ояд, забун нест.
Надонӣ гар забонӣ давлати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.
Сарвари давлати Тоҷикистон кӯшиш бар он доранд, ки забони тоҷикӣ ба забони илм табдил дода шавад: “Ин амал, пеш аз ҳама, барои ба забони илм табдил додани забони модарии мо аҳамияти бузург дорад, зеро ба ин мартаба расидани забон сатҳи аз ҳама баланди густариши он ба шумор меравад. Зарурати таҳияи истилоҳоти илмӣ барои бахшҳои мухталифи забони тоҷикӣ натанҳо масъалаи дохилии илми забоншиносӣ, балки масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлат оид ба забон мебошад. Донишмандони моро зарур аст, ки рисолати таърихии хешро иҷро карда, ба монанди гузаштагони соҳибфарҳанги худ, ки бо осори пурғановаташон онро ба як забони тавони илм мубаддал сохтаанд, дар рушду густариши забонамон ба забони илми муосир табдил додани он саҳм гузоранд”.
Саҳми дигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди қонунгузории забони давлатӣ ба назар мерасад. Бори аввал 22‐юми июли соли 1989 қонуни забон қабул гардид ва ин санади ҳуқуқӣ, ки дар замони шӯравӣ бо назардошти воқеияти сиёсии он давра таҳия шуда буд, имрӯз ба ниёзҳои ҷомеаи мо пурра ҷавобгӯ набуд ва зарурати пешниҳоди лоиҳаи нави он ба миён омад.
Ҳамин тавр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 5‐уми октябри соли 2009 ба тавсиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид, ки тавассути ин қонун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид. Масъалаҳои забонро бе омӯзиши дақиқи илмӣ ва таҳқиқи давраҳои таърихии он дар асоси осори хаттӣ наметавон ба таври дуруст ҳаллу фасл кард. Дар ин хусус “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012‐2016” аз 30‐юми июни 2012 қабул гардида буд, ки дар худ шаш самти афзалиятноки пешбурди забони давлатиро фаро мегирифт. Бо мақсади такмил додани он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020‐2030” аз 28‐уми ноябри соли 2020 қабул гардид, ки ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян менамояд.
Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он доранд, ки: “Мақоми давлатии забон бояд бар асоси Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда шавад”. Хидмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили ҷашнҳои симоҳои барҷастаи илму маърифат Ҷалолиддини Румӣ, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 100‐солагии аллома Бобоҷон Ғафуров хеле бузург буда, нашри “Донишнома”‐и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, “Осори Рӯдакӣ”, асари безаволи “Тоҷикон” ва як силсилаи асарҳои дигар ба табъ расонида, чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ гузаронида шудаанд. Нигоҳи хирадмандонаи ин марди фарҳангдӯст ба оянда низ некбинона аст. Роҳҳои асосии густариши забони тоҷикӣ дар асарҳои он кас ба монанди “Тоҷикон‐дар оинаи таърих”, “Аз Ориён то Сомониён” (1999, 2002, 2006, 2009), “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ” инъикоси худро ёфтаанд. Китоби дигари арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, ки бевосита ба масъалаи забони давлатӣ тааллуқ дорад, ин китоби “Забони миллат‐ҳастии миллат” (ҷилди 1, чопи аввал соли 2016, чопи дуюм соли 2018 ва ҷилди 2 соли 2020) маҳсуб мешавад.
“Соли 2021‐ум 110‐солагии зодрӯзи яке аз фарзандони бузурги халқи тоҷик, муборизи матини роҳи сулҳ ва мунодии ваҳдату дӯстии халқи ҷаҳон, устоди каломи бадеъ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки дар Осиё ва Африқо шуҳрати беандоза дорад, ҷашн гирифта шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҷумаи шоҳасарҳо, омӯзиши забонҳои миллатҳои дигар таваҷҷуҳ зоҳир карданд, ки гуфтаҳои зерин далел мебошанд: “Ба хотири шиносоии бештари насли ҷавони кишвар ва нишонаи эҳтироми арҷгузорӣ ба тамаддуни умумибашарӣ олимону адибон ва устодони муассисаҳои таълимӣ бояд ба масъалаҳои омӯзиши забонҳои дигар миллатҳо ва тарҷумаву пешкаши умум гардонидани осори илмиву адабӣ ва фарҳанги халқҳои ҷаҳон таваҷҷӯҳи бештар дошта бошанд”. Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои арзандаи нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айниро баҳои сазовор дода, фармудаанд: “Устод Айнӣ тимсоли умр ва фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хидмат ба миллати хеш кардааст. Баробари таъсис ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ бо тамоми ҳастиаш ба он пайваст ва барои рушди забону адабиёт, илму маориф ва фарҳанги халқи тоҷик хидмати беназир кардааст”.
«Забону фарҳанги мо оинаест, ки роҳи бисёр тӯлонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро бо ҳама саҳифаҳои гоҳо дурахшон ва гоҳе парешон, бо ҳама нишебу фарозҳои таърих дар худ инъикос кардааст. Аз ин оина пайдост, ки барои аҷдоди бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд”.
Муқоисаи хидматҳои устод Садриддин Айнӣ ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи Истиқлолияти Тоҷикистон ба чунин хулосаҳо меоваранд, ки ҳарду фардони хирадманд посбон, нигаҳбон ва ҳомии забони миллати тоҷик шинохтаву эътироф гардидаанд.
АСОСГУЗОРИ сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат дар мулоқоти худ бо зиёиёни мамлакат гуфтаанд: “Забон дар ҳақиқат ҳастӣ ва бақои умри миллат аст”. Дар Маҷлиси тантанавии Анҷумани форсизабонон ва тоҷикони ҷаҳон бошад, чунин гуфтаанд: “Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик аст, забони ӯ пойдор ҳаст”.
Боз як пешниҳоду иқдоми нав ва беҳтарини ин марди хирад ин ба хотири огоҳии ҳарчӣ бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодии хеш чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас кардани “Шоҳнома”‐и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ мебошад.
Ҳамчунин, зикр кардан бамаврид аст, ки барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам сайю талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем.
Хизмат ва саҳмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои пешрафт ва баланд бардоштани забони тоҷикӣ беохир ва беназир аст.
Ҳусни мақтаи мақоларо бо чунин гуфтори хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карданиям: “Пас, месазад, бо сари баланд бигӯем, ки зиҳӣ халқи тоҷик, зиҳӣ абармардони адабу илму фарҳанги ин халқ, зиҳӣ ин забон!”.
Маликахон ШАРИФОВА,
мураббияи ширхоргоҳ‐кӯдакистони №4,
ба номи “Афсона”‐и шаҳри Бӯстон