“Тоҷикон” - дар раванди таълиму тарбия

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки бо ташаббусҳои хирадмандонаи Сарвари давлат баҳри ҷалби таваҷҷуҳи ҳамагон ба мутолиаи китоб пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар шароити имрӯза бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаҳои таълимӣ китобхонаҳо таъсис ёфта, онҳо ҳамарӯза ба донишомӯзон хизмат мекунанд. Бунёд ва ба истифода додани Китобхонаи миллӣ дар маркази пойтахт низ аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳи Сарвари давлат баҳри бомаърифат гардонидани қишри ҷомеа хеле назаррас аст. Ба истифода додани як қатор муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар замони Истиқлол гувоҳи он аст, ки Ҳукумати кишвар баҳри донишомӯзии қишри ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешида, дар соҳибкасб кардани онҳо саъю талош меварзад.

Инчунин, бо ибтикори Президенти мамлакат дар қаламрави кишвар роҳандозӣ шудани озмунҳои “Илм-фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” ва ғайра дар баланд бардоштани завқи китобхониву китобдӯстӣ миёни қишри ҷомеа мусоидати бештар карда, бо ин роҳ дар баланд бардоштани сатҳи шууру тафаккур ва дониши амиқи онҳо ҳиссаи арзишманд мегузорад.

Падидаи ҷолиб, ба ҳар як хонаводаи тоҷик тақдим гардидани китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров низ аз ҷумлаи ҳамин шоҳкориҳои Пешвои миллат унвон гардида, ба ин тариқ, моро ба таъриху тамаддуни гузаштаи миллатамон ошно мекунад. 

Имрӯз кулли мардуми кишвар чунин иқдоми Пешвои миллатро нишонаи эҳёи илму дониш дар замони Истиқлол ва арҷгузорӣ ба хотираи неки абармарди миллат Бобоҷон Ғафуров унвон кардаанд. Воқеан, хизматҳои шоистаи ин қаҳрамон барои ба ҷаҳониён шиносонидани миллати куҳанбунёду таърихии мо ниҳоят бузург аст. Ӯ тавонист исбот намояд, ки миллати тоҷик таърихи дуру дарозе дорад ва беҳтарин бозёфтҳои мутааллиқ ба мардуми моро ҳанӯз аз Саразм пайдо карда буданд. Ин гувоҳи он аст, ки таърихи пайдоиши халқи тоҷик ба давраҳои хеле қадим рост меояд. 

Бешубҳа, китоб беҳтарин василаи андӯхтани илму дониш ва роҳнамои ҳар фард ба сӯи ояндаи дурахшон аст. Китоб беҳтарин ҳамнишин ва дӯсти беминнати инсон буда, моро барои расидан ба ҳадафҳоямон наздик месозад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ҷидду ҷаҳд ва талоши худро баҳри рушду густариши ин самти муҳими ҷомеа равона карда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ба китобхониву китобдӯстӣ рӯй оварда, ба ин васила, дониши худро сайқал диҳанд ва ба дараҷаҳои баланди илму дониш роҳ ёбанд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба ҳамаи соҳаҳо, алалхусус ба соҳаи маориф бештар гардида, китобхонаҳо бо китобҳои муосир муҷаҳҳаз мебошанд.

Академик Бобоҷон Ғафуров аз шумори шахсиятҳоест, ки дар асари арзишманди худ “Тоҷикон” доир ба таърихи ин миллати куҳанбунёд ва таърихи давлатдории мардуми ин сарзамин маълумоти ҷадид овардааст. Дар ин замина, баргузории озмуни “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат”, ки ба муносибати 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров бевосита бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат роҳандозӣ шудааст, бори дигар аз он дарак медиҳад, ки Ҳукумати кишвар ба поси хотираи гузаштагону бузургони ин сарзамин арҷ мегузорад.

Номгузорӣ шудани яке аз ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ, донишгоҳи бонуфузи вилояти Суғд ва ҳамчунин, бунёди Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров исботи он аст, ки давлату Ҳукумати кишвар ин гуна шахсони ватандӯстро қадр мекунад ва ба хотираи неки эшон эҳтироми беандоза мегузоранд. Воқеан, шоҳасари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров моро ба сӯи худшиносии миллӣ раҳнамун месозад.

Бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар огаҳӣ ёфтан аз таъриху тамаддуни давлати худ бо амри Сарвари давлат ба ҳар як хонаводаи тоҷик китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамчун туҳфа аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадя гардид. Воқеан, агар аз як тараф тақдими ин китоб баҳри огаҳӣ ёфтан аз таъриху тамаддуни халқи худ бошад, аз тарафи дигар баҳри ҷалб кардани ҳамаи қишри ҷомеа ба китобхониву китобдӯстӣ арзёбӣ мегардад. Бояд гуфт, ки баргузории озмуни “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” бори дигар аз таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба китобхониву китобдӯстӣ дарак медиҳад. Дар ин замина, гиромидошти фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллии давлатамон вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар маҳсуб ёфта, аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ба арзишҳои давлатӣ арҷ гузошта, дар ҳифзу ҳимоя ва гиромидошти он ҷидду ҷаҳд намоем.

 Исфандиёр МИРЗОЕВ,

ҷонишини директор оид

ба таълими МТМУ №11,

деҳаи Даҳкати

ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh