ТАЪСИРИ ШЕЪРИ РЎДАКӢ БА ҶАҲОНИ ИМРЎЗ

Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти қариб дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо лаҳни Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем. Яъне, забони Рӯдакӣ забони зиндаи халқи тоҷик аст ва бузургиву ҳашамати шоири мутафаккир низ дар ҳамин нукта баён мегардад, ки гӯё шеъри Рӯдакӣ дар замони мо суруда шуда бошад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Осори бебаҳои устод Рӯдакӣ зиёда аз ҳазор сол аст, ки вирди забонҳост, вале то ҳол аҳамияти худро гум накардааст. Чаро? Шеъри Рӯдакӣ ва дархури ҳамаи давру замон будани он дар фалсафаи ҷовидонии он, ҳикмату панд, мавзӯъву мундариҷаи гуногун, маъниҳои баланд, вале содаву равон, санъати волои суханварӣ, ки маъруф ба «саҳли мумтанеъ» аст, нуҳуфтааст. Инсони имрӯз аз нигоштаҳои беш аз ҳазорсолаи Одамушшуаро дармоне ба дардҳои хеш меёбад ва барои зиндагии шоиставу обод дастури беҳтарин касб менамояд.

Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ асосгузори адабиёти тоҷик маҳсуб ёфта, ҳамчун нобиғаи беназири таърихи миллати тоҷик шинохта шудааст. Муҳимтарин хидмати ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳои худ дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ, ҳифзи он хидмати таърихӣ ба анҷом расонидааст. Яке аз муҳаққиқони номвари адабиёти классикӣ муаллифи “Тазкират‐уш‐шуаро” Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи Одамушшуаро Рӯдакӣ чунин менависад: “Ба рӯзгори Оли Сомон шеъри форсӣ равнақ ёфту устод Рӯдакӣ дар ин илм саромад буд ва қабл аз вай шоире соҳибдевон бошад, нашнидаем. Пас воҷиб бувад, ки ибтидо аз устод намоем”. Аз нақли сарчашмаҳои адабию таърихӣ маълум мегардад, ки Рўдакӣ «чунон тезҳуш ва зирак буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръонро ба тамомӣ аз бар кард ва хондану навиштан омўхт ва шеър гуфтан гирифт ва маъонии дақиқро дар қолаби алфози рангин сода кард ва чун овози хушу савти дилкаш дошт, хунёгарию барбатнавозиро бо шеърсароӣ ёр кард ва овози ў ба атрофу акнофи олам бирасид».

Рўдакӣ илова бар шоирӣ дар мутрибиву офаридани оҳангҳои мусиқӣ, навохтани чанг ва сурудхонӣ машҳур мегардад. Овозаи шоириву мутрибии Рўдакиро шунида, амирони Сомонӣ ўро ба дарбор даъват менамоянд. Дар дарбори Сомониён, ки ба адабиёту фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешуд, Рўдакӣ истиқболи гарм пайдо мекунад ва амироне монанди Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ва вазироне мисли Абулфазли Балъамӣ ба рушду камолоти маънавию моддии шоир мусоидат мекунанд.

Абулфазли Балъамӣ, ки ба Рўдакӣ эътиқоди калон доштааст ва бино ба гуфтаи Самъонӣ, ўро дар байни шоирон «дар Арабу Аҷам беназир» дониста, ба шоир силаву ҷоизаҳои фаровон мебахшидааст, ўро ба назми «Калилаву Димна» водор менамояд.

Дар қасидаи фалсафии «Шикоят аз пирӣ» Рўдакӣ ба шуҳрати ҷаҳонии ашъораш дар овони ҷавонӣ ишора намудааст:

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвашт,

Шуд он замона, ки ў шоири Хуросон буд.

Аз рўи маълумоти сарчашмаҳо Рўдакӣ солҳои зиёд дар боргоҳи давлати Сомониён хидмат мекунад, вале дар пирӣ дучори мусибат гардида, дарборро тарк месозад ва солҳои охири ҳаёташро дар зодгоҳаш гузаронида, аз ҷаҳон чашм мепўшад. Мазори шоир, ки бо мурури замон аз назарҳо дур монда буд, бо кўшиши аллома Садриддин Айнӣ пайдо ва эҳё гардид ва имрўз зиёратгоҳи ихлосмандону ҳаводорони шеъри тоҷик аст.

Қабл аз Рўдакӣ ҳам ба забони форсии дарӣ шоирон шеър сурудаанд ва ҳатто баъзе шоирон девони ашъор ҳам доштаанд, вале ў нахустин ва бузургтарин шоирест, ки ашъори баланду пухта гуфта, шеъри форсиро ба камол расонидааст. Ў дар тамоми навъҳои шеър, чун рубоиву қитъа, ғазалу қасида табъозмоӣ намуда, дар вазнҳои мухталиф чанд маснавӣ сурудааст, ки сармашқи шоирони баъдина гаштаанд. Рўдакӣ аз пуркортарин ва пурсамартарин шоирони олам будааст. Ба миқдори зиёди ашъори ў шоирону тазкиранигорон ишораҳо кардаанд.

Мутаассифона, аз он осори фаровониРўдакӣ танҳо миқдори каме то ба имрўз боқӣ мондааст, ки ба ҳукми қатрае аз баҳр аст. Вале ҳамин ашъори бозмонда аз устоди мусаллами шеър будани ў гувоҳӣ медиҳанд.

Дар сарчашмаҳои муътабаре чун “Лубоб‐ ул‐албоб”‐и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, “Тазкират‐уш‐шуаро”‐и Давлатшоҳи Самарқандӣ, “Меҳру Муштарӣ”‐и Ассори Табрезӣ, “Чаҳор мақола”‐и Низомии Арӯзии Самарқандӣ, “Наштари ишқ”‐и Ошиқии Азимободӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун “устоди аввал”, “Одамушшуаро” ёд шудааст. Дар “Шеър‐ул‐Аҷам”‐и Шиблии Нуъмонӣ ва “Намунаи адабиёти тоҷик”‐и Садриддин Айнӣ муҳимтарин нуктаҳои ҳаёт ва фаъолияти устод Рӯдакӣ ҷамъбаст шудааст. Дар тадқиқи рӯзгор ва осори устод Рўдакӣ дар даврони Шӯравӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистон хидмати донишмандони маъруф чун Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ, И.Брагинский, Абдулғанӣ Мирзоев, Алиакбари Деҳхудо, Д.Доррӣ, Эраҷи Афшор, Ҷаҳонгири Мансур, Насруллоҳи Имомӣ, Аҳрор Мухторов, Расул Ҳодизода, Ҷаъфари Шиор, Халил Хатиби Раҳбар, Шарифҷон Ҳусейнзода, Холиқ Мирзозода, Аълохон Афсаҳзод, Саъдоншоҳ Имронов, Ҷумъақул Азизқулов, Усмон Каримов, Садрӣ Саъдиев, Масъуд Қосимӣ, Абдулманнони Насриддин, Асрори Раҳмонфар, Алии Муҳаммадӣ, Амон Нуров ва дигарон зиёд аст ва туфайли хидмати имрӯз рӯзгор ва ашъори ин шоири беҳамто то андозае ба таври мукаммал мавриди омӯзиш қарор дорад.

Муҳаққиқони ҳамаи давру замон Абӯабдуллоҳ ӯдакиро ба унвони Одамушшуаро, падари шеъри форсӣ, Султонушшуаро ёд кардаанд. Дар фарҳангҳои асримиёнагӣ монанди “Баҳори аҷам” ин шоири тавоно бо унвонҳои «Ҳаким Рўдакӣ», «Устод Рўдакӣ», «Ҳаким устод Рўдакӣ», «Рўдакӣ» ба қалам омадааст.

Дар тӯли асрҳои баъдӣ Рӯдакӣ ба дунёи адабиёт садҳо суханварон сар заданд, ки аз бештарини онҳо танҳо ёде боқӣ мондааст ё шеърашон дар дилу дидаи мардум ҷой нагирифтааст. Вале Рӯдакӣ ва шеъри ӯ дар ҷаҳони муосир низ мақомеро сазовор аст, ки он дархури дарди замон мебошад. Ҷовидонии ном ва шеъри ӯро муҳаққиқон дар суханвари ҳирфаӣ будани ӯ медонанд, ки тамоми хасоиси шоириро фаро гирифта буд. Бузургии ин абармарди майдони адабро метавон аз оинаи ашъораш бозҷӯӣ кард ва далоили ҷовидонии сухани ӯро дарёфт. Муҳимтарин матлаб ин аст, ки шеъри Рӯдакӣ гузашта аз равониву содагӣ ва дар пояи баланди эҷод қарор доштанаш, матлабу фалсафа, мавзӯъву мундариҷаи он дархури ормонҳои инсоният дар ҳамаи давру замон мебошад. Инсони замони муосир аз шеъри Устод Рӯдакӣ дар баробари бардошти маънавиву эстетикӣ матлабҳоеро дармеёбад, ки он раҳнамои зиндагии ӯ хоҳад буд. Чунончӣ, инсони муосир мехоҳад хушбахт бошад ва иқбол ӯро дар зиндагӣ раҳнамоӣ кунад ва аз абёти зерини Рӯдакӣ метавонад дастури молик будан ба саодати рӯзгорро дарёбад:

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,

Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.

Ҳар он, ки Эзидаш ин чаҳор рӯзӣ кард,

Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.

Хислатҳои марбута чун тандурустӣ, хушхӯӣ, хушномӣ ва хирадмандӣ дар ҳамаи давру замон аз ҷониби кулли қавму миллатҳои ба хушӣ пазируфта мешавад ва ин дастури шоир барои ҷаҳониён аст, то хушбахт зиндагӣ намоянд. Бемуҳобо, дар сурати дорои ин хислатҳо будани инсоният ин ҷаҳон чӣ қадар орому осуда, орӣ аз ҷангу ҷидол, таҳқиру таҳдид ва ваҳму ҳарос умр ба сар мебурд.

Дар фалсафаи шеъри Рӯдакӣ дарди ҷовидонаи ҷаҳон инъикос ёфтааст. Тафаккуру андешаи шоир, зоидаи завқи баланди ӯ ҷаҳони нобасомони муосирро ифода менамояд. Чунончӣ, ҷаҳонро гоҳ модар ва гоҳи дигар модарандар мешуморад:

Ҷаҳоно чуннинӣ ту бо бачагон,

Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро.

На подир бояд туро на сутун,

На девори хишту на зғоҳан даро.

Ҷовидонии шеъри Устод Рӯдакӣ ва дархури ҳамаи замонҳо будани он дар ҳикмат ва панди осори ӯст. Ҳикмати шеъри шоир аз таҷрибаи рӯзгор сарчашма мегирад ва ин нуктаро худи суханвар тазаккур медиҳад ва инсонро талқин мекунад, ки ҳушёр бошад:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Ё ҷои дигар дар мавриди ҳикмати ҳаёт ва омӯзишу зиндагонӣ чунин меорад:

Замона панде озодвор дод маро,

Замона чун нигарӣ сар ба сар ҳама панд аст.

Ба рӯзи неки касон гуфт: ғам махӯр зинҳор,

Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.

Дар ашъори бозмондаи устод Рўдакӣ ҳамаи мавзӯъҳои асосии адабиёти форсӣтоҷикӣ матраҳ гардидаанд. Шоири бузург шеъри ғиноиро бунёд ниҳод, тағаззулҳои оғози қасоид ва порчаҳои парокандае аз ў бозмонда далел бар он аст, ки маҳз дар ҳамин давра ин анвои шеърӣ шакл гирифтааст. Рўдакӣ аввалин шоирест, ки сурудани тағаззулоти ширину диловезро дар оғози қасида расм кард ва дар эҷоди иртиботи миёни тағаззулу мадҳ маҳорати бемисл нишон дод, ки сармашқи шоирони муосиру баъдина гашт. Дар ин тағаззулот шоир хушиҳои зиндагӣ, суруду мусиқӣ, тавсифи бодаву шароб, васфи маъшуқа, зебоиҳои табиат ва амсоли ин мавзўъҳоро чунон ба тасвир оварда, равонии сухану содагии андеша ва фасоҳати каломи худро бо эҳсосоти нозуку нарм тавре омехтаву бо чунон малоҳат ибрози андеша намудааст, ки хонандаро, новобаста ба давру замон маҷзуби худ мекунад ва ба ў лаззат мебахшад. Панду андарз ва шеъри ҳикамӣ, ки дар адабиёти тоҷику форс нақши бориз дорад, сарчашма аз шеъри Рўдакӣ мегирад. Рўдакӣ аввалин шоирест, ки овардани панду андарз ва мавоизу насоеҳро дар ашъор ба расмият даровард. Аз ашъори бозмондаи ў қитъаҳое дар даст дорем, ки саршор аз андешаҳои ҳикамӣ ва панду андарз аст. Достонсароию қиссапардозӣ ва овардани ҳикояту амсол маҳз дар ашъори Рўдакӣ шакли муназзами худро ёфт. Рўдакӣ ғайр аз «Калилаву Димна», ки нахустин манзумаи ҳикамӣ дар адабиёти тоҷику форс аст, чанд манзумаи дигар дар вазнҳои мухталиф сурудааст, ки абёти пароканда аз онҳо боқӣ мондаанд.

Сабабҳои бунёдгузори адабиёти классикии тоҷикӣ‐форсӣ ва устоди мусаллами шеър будани устод Рўдакиро метавон дар чанд нукта баён кард.

Рўдакӣ дар замони худ ба ҳайси бузургтарин устоди шеър шинохта шуда, аксари шоирону донишмандон ба қудрати сухани ў иқрор кардаанд. Масалан, Кисоӣ вайро «устоди шоирони ҷаҳон» хондааст, Унсурӣ бо он ҳама қудрати шоирӣ худро дар ғазал камтар аз ў донистааст ва аксари шоирони баъдина шевоию расоии сухани ўро эътироф намудаанд. Илова бар ин, мақому мартабаи ў назди умарову вузаро ва бузургони замонаш низ баланд будааст.

Рўдакӣ дар фунуни сухан ва анвои қолабҳои шеър монанди рубоиву қитъа, ғазалу қасида ва маснавӣ маҳорат дошта ва дар ҳар тарзе ба хубӣ комёб гардида, пешрави дигарон будааст ва метавон гуфт, ки нахустин шоири форсигўй аст, ки дар навъҳои гуногуни адабӣ шеъри олӣ суруда, онҳоро шаклу сохтори муайян бахшидааст.

Рўдакӣ дар ташаккулу такомули шеъри форсӣ ҳам аз лиҳози мавзӯъ ва мундариҷа ва ҳам аз ҷиҳати сабки қолаб, ба ҳадди камол расонидааст. Аз намунаҳои ками ашъори парокандаи шоир муҳимтарин мавзўъҳои адабиёро метавон пайдо кард. Беҳтарин намунаҳои ашъорро дар мавзўъҳои ишқ, мадҳ, тасвири табиат, хамрия, ҳасби ҳол, шикояту эътироз, марсия, масоили иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, башардўстиву ватанпарварӣ, ки дар адабиёти тоҷику форс ба ҳукми анъана даромаданд, дар осори боқимондаи Рўдакӣ ба назар мерасанд.

Дар ашъори Рўдакӣ тасвири бузургии инсон мавқеи хос дорад. Шоир орзуву омол, эҳсосу андеша ва ангезишҳои олами ботинии мардуми одиву меҳнаткашро ба қалам додааст. Ў омўхтани илму донишро тарғиб намуда, мардумро ба дўстиву ваҳдат даъват мекард:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Беҳтар аз дидори рўи дўстон.

Рўдакӣ зулму ситам, куштору хунрезиро маҳкум карда, некиву накўкорӣ, сулҳу оштиро тарғиб менамуд:

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромўш‐т.

Ин андешаҳои башардўстонаи Рўдакӣ имрўз низ хеле муҳим буда, шиори мардуми мо мебошанд. Муҳимтарин хусусияти ашъори Рўдакӣ дар содагию равонии сухан ва вуҷуди андеша дар он аст. Фикру андеша ва матлабу мақсад хеле табиӣ ва бидуни такаллуф баён шудааст, ки дар онҳо тасвироту ташбеҳоти дур аз зеҳн ба назар намерасад ва дар фаҳми зебоию фасоҳати муъҷизаосои шеъри шоир хонанда ниёз ба шарҳу тафсир надорад.

Хусусияти дигари шеъри Рўдакӣ дар тозаву нав будани мазомин ва афкори шеърӣ аст, зеро шоир бо мавзўъҳое сари кор дошт, ки пеш аз ў суруда нашуда буданд. Ин тозагии мавзўъ ва мазомин боис шуд, ки шоири бузург таркиботи тозаву бадеъ, истиороти наву дилпазир, ташбеҳоти табиию воқеӣ офарад. Хидмати Рўдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ хеле бузург аст. Рўдакӣ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде такомул доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфт ва дар тўли беш аз ҳазор сол хеле кам тағйир намуда, боиси мондагории он гардид. Ин забон дар тўли қарнҳои зиёд на танҳо ба мардуми Тоҷикистону Эрон, Афғонистон ва дигар форсигўён хидмат мекунад, балки чун забони байналмилалӣ дар ривоҷи илму адаб ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказию Қафқоз, Осиёи Хурд ва Ҳинду Покистон ва кишварҳои дигар таъсири қобили таваҷҷуҳ гузоштааст.

Ашъори Рўдакӣ дар сабку услуби басо содаву равон офарида шуда, ки ба ҳар як хонандаи форсизабон фаҳмост ва он ҳарчанд дар назари аввал хеле сода менамояд, эҷоди чунин шеър кори хеле мушкил аст. Аз ин ҷост, ки сабки ашъори ўро «саҳли мумтанеъ» меноманд ва ин гуна сабкро «шеъри Рўдакивор» низ гуфтаанд.

Суннатҳои устувори адабие, ки Рўдакӣ ба вуҷуд овард, раванди умумии адабиёти форсу тоҷикро муайян намуда, то имрўз дар адабиёти мардуми форсизабон ва кишварҳои дигар идома доранд. Омўзиши илмии рўзгору осори ин шоири бузург аз қарни XIX дар Аврупо шурўъ шуда, дар Россияву Амрико ва мамлакатҳои Шарқ идома меёбад ва бузургтарин шарқшиносони ҷаҳон ба қудрати шоирии ў баҳои сазовор додаанд.

Имрўз рўдакишиносӣ натанҳо дар Тоҷикистону Эрон, балки дар эроншиносии ҷаҳон нақши муҳим дорад.

 Тоҷикистон имрўз аз марказҳои асосии Рўдакишиносии олам ба шумор меравад. Дар таҳқиқи ҳаёту осор ва андешаву маҳорати суханварии Рўдакӣ устод Садриддин Айнӣ, А.Мирзоев, Х.Мирзозода, Р.Ҳодизода, А.Афсаҳзод, С.Имронов, С.Амирқулов, А.Сатторзода, Х.Шарифов, А.Сайфуллоев, М.Муллоаҳмад ва дигарон саҳми назаррас гузоштаанд.

Осори Рўдакӣ ба забонҳои зиёди олам тарҷума ва нашр шудаанд. Ашъори шоир ба забони ўзбекӣ низ борҳо тарҷума ва чоп шудаанд. Дар тарҷумаву таҳқиқи ашъори Рўдакӣ шоирону донишмандону ўзбек Ғафур Ғулом, М.Муинзода, Ш.Шомуҳаммедов, А.Рустамов ва дигарон хидмати шоиста кардаанд. Андешаҳои волои инсондўстии Рўдакӣ имрўз дар замони ҷаҳонишавӣ ва коста гардидани ахлоқу маънавият дар аксари кишварҳои мутараққии олам барои таҳкими арзишҳои умумибашарӣ хеле муассир ва муҳиманд.

Андешаҳои ў на танҳо имрўз, инчунин фардо низ барои тарбияву ташаккули инсони комили сайёраи мо хидмати шоиста анҷом хоҳанд дод.

Ҳамин тариқ, ҷовидонии шеъри Рӯдакӣ ва дархури ҳамаи давру замон будани он дар фалсафаи ҷовидонии он, ҳикмату панд, мавзӯъву мундариҷаи гуногун, маъниҳои баланд, вале соддаву равон, санъати волои суханварӣ, ки маъруф ба “саҳли мумтанест” нуҳуфтааст. Инсони имрӯз аз нигоштаҳои беш аз ҳазорсолаи Одамушшуаро дармоне ба дардҳои хеш меёбад ва барои зиндагии шоиставу обод дастури беҳтаринро касб менамояд.

Саидумрон САИДОВ,

дотсенти Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик

Бобоҷон Ғафуров

 

Add comment


Security code
Refresh