Сокинони маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд Наврӯзи хуҷастапайро ҷашн гирифтанд
- Details
- Published on Sunday, 19 March 2023 12:39
Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори вилоят мардум бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани азизамон Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн гирифта истодаанд. Сокинони маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд низ бо риояи анъанаҳои миллӣ Наврӯзи хуҷастапайро таҷлил намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии аҳли зиё, собиқадорони меҳнат ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ дар чорабинии наврӯзии сокинон иштирок намуда, фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзро табрик гуфт. Таъкид карда шуд, ки бо ташаббус ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўз ва оинҳои неки он дубора эҳё гардида, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт.
Яке аз муҳимтарин суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшидани гуноҳи якдигар, навозишу дастгирии ятимону маъюбон, аёдати падару модар, беморону калонсолон, боз намудани дасти хайру саховат ба оилаҳои камбизоату муҳтоҷ ва дармондаву ниёзманд ташкил медиҳад ва хушбахтона ин суннати нек иҷро карда мешавад.
-Чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, “бояд аз он ифтихор намоем, ки ҷашни бостонии ниёгонамон – Наврӯзи байналмилалиро дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем, ки ин неъмати бузург аст”- изҳор дошт роҳбари вилоят.
Сокинони маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулов хаймаҳои наврӯзӣ ороста, таомҳои миллӣ ва намунаҳои маҳсули ҳунарҳои мардумиро ба намоиш бароварданд. Дастархони идона бо суманаку таомҳои хоси Наврӯз ороста шуда, хурду калон бо руҳияи баланд ҷашни миллиро таҷлил намуданд.
Ҳунарнамоии сарояндагон ва шеърхониҳои наврасону ҷавонон ба тантанаҳои идона шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд