Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз
- Details
- Published on Monday, 20 March 2023 12:37
Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба кулли сокинони шарафманди вилоят самимона табрик гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, дастоварду муваффақият, ба дастархони мардум баракату фаровонӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сарсабзию шукуфоӣ орзу менамоям.
Наврӯз ҳамчун падидаи беназири фарҳангӣ дар сарнавишти миллати тоҷик ва дигар меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ ҷойгоҳи хоса дошта, дар тўли таърих инсониятро ба дўстию ваҳдат, ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ ва бунёдкорию созандагӣ ҳидоят намудааст.
Мардуми шарафманди кишвар аз он ифтихор мекунанд, ки маҳз дар заминаи хираду тадбирҳои дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврўз ва оинҳои неки он дубора эҳё гардида, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт.
Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон чунин таъкид намудаанд: “Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо – ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерина, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем”.
Яке аз муҳимтарин суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшидани гуноҳи якдигар, навозишу дастгирии ятимону маъюбон, аёдати падару модар, беморону калонсолон, боз намудани дасти хайру саховат ба оилаҳои камбизоату муҳтоҷ ва дармондаву ниёзманд ташкил медиҳад. Мо идомаи ин суннатҳои наҷибро ҳангоми сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат ба минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон ва доир намудани мулоқоту вохўриҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамасола мушоҳида мекунем. Аз ҷониби дигар, боиси қаноатмандист, ки ин суннати дерина ва анъанаи неки ниёгонамон аз ҷониби ворисони ин фарҳанги бузург, махсусан шахсони саховатманд низ идома ёфта истодааст.
Чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, “бояд аз он ифтихор намоем, ки ҷашни бостонии ниёгонамон – Наврӯзи байналмилалиро дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем, ки ин неъмати бузург аст”.
Аз ин лиҳоз, мо сокинони вилоятро зарур аст, ки таҳти раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, киштукори баҳориро, ки омили таъминкунандаи файзу баракати хони наврӯзӣ ва рӯзгори халқамон ба ҳисоб меравад, вусъат бахшем ва ба ин восита дар таъмини ҳадафҳои стратегии кишвари азизамон саҳм гузорем.
Бо ҳамин таманниёти нек, бори дигар фарорасии Наврӯзи ҷаҳониро ба ҳамагон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки Шумо сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, бахту иқболи нек ва зиндагии орому осуда орзу менамоям.
Бигзор, ҷашни Наврўзи байналмилалӣ ҷашни ваҳдату ҳамдилӣ ва рушду шукуфоӣ бошад.
Наврўзатон муборак!