СИПОСНОМАЕ, КИ МАСЪУЛИЯТРО ДУЧАНД МЕСОЗАД
- Details
- Published on Tuesday, 14 March 2023 11:31
Тӯли солҳои зиёд матбуоти тоҷик марҳалаи беназири таърихиро аз сар гузаронида, ҳини фаъолияти зиёда аз якасраи хеш садҳо соҳибқаламонро ба воя расонид. Матбуоти тоҷик ҳамчунин дар ҳифзу ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ нақши барҷастаро соҳиб шудааст. Нақши матбуот дар таҳким ва нигоҳдошти арзишҳои фарҳангӣ бузург буда, аҳли қалам бо эҷоди маводу матолиби созанда ҷомеаро ба сӯи созандагию меҳанпарастӣ ҳидоят менамоянд. Ноил гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ падидаи бузурги таърихӣ дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистони азиз ба шумор рафта, дар баробари рушди соҳаҳои дигар эҳёи фарҳангу маънавиёт низ баръало эҳсос карда мешавад. Бо шарофати соҳиб шудан ба истиқлолияти комили Ватан аҳли зиё бо тахайюли эҷодии хеш дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта истодаанд.
Санаи 11‐уми марти соли 1912 аввалин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои шариф» нашр шуд, ки он бо ибтикор ва ташаббуси зиёиёни фидоии миллат Мирзомуҳиддин Мансур ва Мирзосироҷи Ҳаким арзи ҳастӣ намуда, дар бедорӣ ва равшанфикрии миллати тоҷик нақши барҷаста гузошт. Ин падида яке аз рӯйдодҳои бузурге ба шумор мерафт.
Дар мавриди нашри аввали рӯзномаи «Бухорои шариф» устод Садриддин Айнӣ чунин гуфта буд: «Бухорои шариф» дар баланд бардоштани торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат, огоҳию худшиносӣ бурд. Инчунин, нашри ин рӯзнома барои ба майдони матбуоти тоҷик ворид шудану фаъолият намудани нашрияҳои тоҷикии «Шӯълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва рӯзномаву маҷаллаҳои дигар заминаи мусоид гузошт. 153 шумораи рӯзномаи «Бухорои шариф» дар ҳувият ва бедории фикрии миллати тоҷик афзудани ҳисси ватанхоҳиву истиқлолхоҳӣ нақши мондагор дорад. Вале сад афсӯс, ки бо фармони бемантиқонаву бадхоҳонаи амири Бухоро Амир Олимхон нашри рӯзнома санаи 2‐юми январи соли 1913 қатъ гардид. Агарчӣ рӯзнома умри кӯтоҳ дид, аммо номаш дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин нигошта шуда, пас аз гузашти садсолаҳои дигар наслҳои баъдӣ бунёдгузорони онро ба некӣ ёд мекунанд. Дар ин замина метавон бо ифтихору сарафрозӣ аз заҳмату талошҳои устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ёд намуд. Зеро ин ду чеҳраи намоён ва нобиғагони миллат дар эҳё ва побарҷо нигоҳ доштани таъриху фарҳанги миллат, минҷумла дар эҳёи дигарбораи матбуоти тоҷик саҳми беназиру шоиста доранд.
Ҳанӯз дар ибтидои асри ХХ устод Садриддин Айнӣ гуфта буд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯиё забон надорад». Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат ва парлумони кишвар аз соли 1994 инҷониб 11‐уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад.
Ҷашн гирифтани ин санаи фархунда ба хотири пайдоиши матбуот, ки ба ин рӯз рост омадааст, нишонаи олии арҷгузории роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба аҳли қалам мебошад. Ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ шашсад рӯзномаву маҷалла барои қонеъ намудани талаботи маънавии миллат заҳмати содиқона кашида истодаанд. Зикр намудан бамаврид аст, ки мувофиқи маълумоти омории ваколатдори соҳаи матбуот ва табъу нашр, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, айни ҳол дар қаламрави мамлакат 376 рӯзнома, 245 маҷалла, 71 нашриёт, 319 матбаа, ҳамчунин 11 агентии иттилоотӣ фаъолияти назаррас намуда истодаанд.
Фаъолияти соҳаи матбуот ва табъу нашрро як зумра қонунҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба танзим медароранд, ки инҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» ва инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаҳои ҳатмӣ» ба шумор мераванд. Аз қабули қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва аз шумораи барзиёди васоити ахбори омма бармеояд, ки озодии матбуот ва баёнро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра кафолат дода, аҳли қаламро мебояд, ки онро самаранок ва ба манфиати миллату давлат истифода намоянд. Бо хушҳоливу ифтихормандӣ иброз менамоем, ки дар даврони осоиштагии мамлакат матбуот чун рукни муҳими ҷомеаи демократӣ бомаром рушду нумӯъ намуда, рӯзноманигорони соҳибқалам собитқадамона бо диду нигоҳи тоза дар ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ саҳмгузор мебошанд. Дар ин радиф метавон номи нашрияи «Ҳақиқати Суғд»‐и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро бо ифтихор ба забон гирифт, ки яке аз кӯҳантарин рӯзнома дар қаламрави вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Рӯзномаи мазкур тӯли 93 соли фаъолияти таърихии хеш ба комёбиҳои шоиставу назаррас шарафёб гардида, дар тарбия ва ба камол расонидани садҳо соҳибқаламону рӯзноманигорон саҳми арзандаро соҳиб гардидааст. Зикр намудан ҷоиз аст, ки фаъолияти рӯзнома дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар доираи таваҷҷуҳи ҳамешагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рушду нумӯъ намуда, заҳмати аҳли эҷоди рӯзнома аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат, хоса вилоят бо як қатор ҷоизаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ мешавад, ки ин ба мо рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
Бояд қайд намоем, ки айни ҳол рӯзнома дар як ҳафта се маротиба бо мазмуну муҳтавои ҷолиб ва бо дизайни муосир ва айёми ҷашнвораҳо бо сифати оливу ранга ба нашр расида, манзури хонанда мешавад. Иртиботи доимии ҳаводорону ихлосмандони рӯзнома шаҳодати бевоситаи эътироф намудани заҳмати кормандони нашрия мебошад. Боиси хушнудиву фархундаҳолии мо, аҳли эҷод аст, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи матбуот рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» барои тарғибу ташвиқи сиёсати созандаву хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд, ки ин омил ба мо, ҳайати эҷодии рӯзнома боз ҳам рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Минбаъд ҳам бар он мекӯшем, ки дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, устувор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ саҳмгузор бошем. Ҳамзамон, аҳли эҷоди рӯзнома ҳар сол дар озмунҳои гуногуни давлатӣ ширкат варзида, соҳиби мақоми баланд ва ҷойҳои намунавӣ мегарданд. Дар ҷашни матбуоти навбатӣ низ якчанд кормандони нашрия бо ҷоизаву сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадр шуданд, ки боиси шодмонии аҳли эҷод аст. Нақш, мақоми матбуот ва васоити ахбори омма дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва устувор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ побарҷову таърихӣ ба шумор рафта, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои фаъолияти васоити ахбори омма заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ гузошта шуд ва он то кунун устувор мебошад.
Саҳми матбуоти маҳаллӣ дар устувор ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мондагор буда, аҳли эҷоди нашрияи «Ҳақиқати Суғд» дар ин замина қадамҳои устувор гузошта истодаанд. Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҳайати эҷодии рӯзнома бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти вилоят, ки аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, якдилона кору фаъолият намуда истодаанд.
Барои мо, аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» боиси ифтихор аст, ки ходимони рӯзнома дар баробари телевизион ва радио яке аз инъикоскунандагони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар соли 1992 ба шумор рафта, ин ҷасорати кормандони вақти рӯзнома барои насли имрӯз мояи ибрат ба ҳисоб меравад. Қайд намудан бамаврид аст, ки ба ифтихори таҷлили 30солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ кормандони рӯзнома аз лаҳзаҳои баргузории Иҷлосия, ҳамчунин бо вакилони Иҷлосияи таърихӣ маводи хонданӣ дарҷ намуданд. Инчунин, ба поси эҳтироми он иштирокчиёне, ки дар ин рӯйдоди таърихӣ ширкат доштанду бо амри тақдир аз ҳаёт рафтаанд, мавод нашр карда шуданд. Зикр намудан бамаврид аст, ки тайи солҳои охир фаъолияти рӯзнома рушду равнақ ёфта, дар мавзӯъҳои гуногун маводу матолиби ҷолиб нашр мешавад.
Тамоми кормандони рӯзнома бо саъю кӯшиши беандоза оид ба мавзӯъҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ маводи ҷолиб нашр менамоянд. Дар арафаи истиқболи 30‐солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ибтикори роҳбарияти идораи рӯзнома нашри матолиби ҷолиб ба табъ расиданд, ки он аз заҳмату талошҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Артиши миллӣ қисса мекунад.
Имрӯзҳо ҳайати эҷодии рӯзнома барои сазовор таҷлил намудани 35‐солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ дида, дар ҳамин замина ният доранд, якчанд вохӯриву як зумра озмуну конфронсҳо баргузор намоянд. Заҳмати дастаҷамъонаи кормандон ва таҳияи мақолаҳои ҷолиб мебошад, ки имрӯз теъдоди обуначиёни нашрия наздик ба нӯҳ ҳазор нафар расид, ки шаҳодати эътирофи хонандагони рӯзнома мебошад.
Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»