Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ бояд фароғатгоҳи ҳақиқӣ бошад

Субҳи 11-уми феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ вазъи кунунии Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоятро мавриди таваҷҷўҳ қарор дод. Тавре иттилоъ дода шуд, ин макон таърихи чандҳазорсола дошта, шурўъ аз солҳои бистуми қарни гузашта сокинони Хуҷанди бостонӣ чорабинӣ ва иду маъракаҳои гуногуни ҷамъиятиро маҳз дар ҳамин мавзеъ таҷлил менамуданд.

Роҳбари вилоят аз вазъи имрўзаи ин боғ изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки бояд ин мавзеъ мавриди азнавсозӣ қарор гирад. Абдураҳмон Қодирӣ пешниҳод кард, ки корҳои ободониву бунёдкорӣ аз назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ оғоз бахшида шаванд, то боғи фарҳангиву фароғатӣ ба минтақаи зебои истироҳатӣ табдил ёбад.

Бояд зикр кард, ки тибқи дастури роҳбари вилоят дар ҳудуди боғи истироҳатӣ айвонҳои миллӣ, роҳравҳои замонавӣ, гўшаи ҳунарҳои халқӣ ва фаввораҳо бунёд ёфта, он ба таври муосир чароғон карда мешавад.

Дар ҳамин мавзеъ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд низ ташриф овард. Осорхонаи вилоятӣ аз ду толори хурд ва се толори калон иборат буда, дар онҳо беш аз 15 ҳазор нигораҳо маҳфузанд. Ҳамарўза ба ин осорхона шумораи зиёди сайёҳони хориҷиву дохилӣ ташриф оварда, бо таъриху фарҳанги тоҷикон ошно мегарданд.

Ба иттилои роҳбарият давоми соли 2013 беш аз 30 ҳазор нафар сайёҳон осорхонаро тамошо карданд. Зикраш бамаврид аст, ки аз шумораи умумӣ зиёда аз 2 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд. Роҳбари вилоят дастур дод, ки ба тарзи ҷойгир намудани нигораҳо ва ба ин васила ҷалби тамошобинон бояд эътибори ҷиддӣ дода шавад. Абдураҳмон Қодирӣ, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки дар осорхона гўшаи ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик ташкил карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh