МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХӢ БАРҚАРОР МЕШАВАНД

Шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд яке аз шаҳрҳои куҳан ба шумор рафта, сол то сол намои он зебо гардида истодаааст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сохтмони иншооти мухталифи муосир, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна, меҳмонхонаҳои зебову барҳаво, коргоҳҳои саноативу боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва марказҳои савдову хизматрасонӣ беш гардида, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Агар ба таърих дақиқан назар афканем пас аён мешавад, ки шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна мебошад, ки ҳамчун маркази тиҷорат машҳур буд, зеро аз он ҷо «Роҳи бузурги Абрешим» мегузашт, ки Осиё ва Аврупоро ба ҳам пайваст мекард. Хуҷанд ҳамчун шаҳри таърихан куҳани Осиёи Марказӣ, аз рӯи тадқиқоти олимони бостоншинос, таърихшиносу меъморон, чанд давраи бобаракаташро аз сар гузаронидааст. Дар шаҳр мавзеъҳое мавҷуданд, ки таърихи куҳан дорад. Яке аз чунин мавзеъҳои қадима Қалъаи Хуҷанд мебошад, ки бозгӯи таърихи куҳан доштани шаҳр аст.

Қалъа аз асри VII то асри XIX вуҷуд доштааст. Даромадгоҳ ва деворҳои қалъа қисман дар охири асри XX барқарор шудаанд. Атрофи қалъаро деворҳои баланд, ки қисман хароб гаштаанд, иҳота мекунанд. Он бо арк – кремл – қасри ҳоким, қасри шоҳ дар замони давлати Каёниён – эрониёни шарқӣ бунёд гардидааст. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи мероси фарҳангӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, ҳудуди қалъа, ки яке аз мавзеъҳои таърихиву қадимии маркази вилоят маҳсуб меёбад, эҳё гардида истодааст. Сохтмони он соли 2018 оғоз шуда, то ба имрӯз идома дорад.

Бино ба иттилои сармутахассиси идораи сохтмони асосии вилоят Даврон Ниёзов, лоиҳаи таърихи иншоот аз тарафи Институти лоиҳакашии филиали Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашии ҷустуҷӯии (ФАНИИОСП) СИЛИОСП тарҳрезӣ шудааст.

‐Бо дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода яке аз мавзеъҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд Қалъаи Хуҷанд ба пуррагӣ аз нав барқарор гардида, таъмири Хуҷанди қадима бо истифода аз ҳунарҳои қадимии миллӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ барои сохтмон ва азнавсозии иншоот 14 ширкати сохтмонӣ, аз ҷумла ҶДММ “Суғдсобкор”, ҶДММ “ПМК Ваҳдат”, ҶДММ “КММ – 44”, ҶДММ “Сохтмони Истиқлол”, ҶДММ “Сохтмони Кабир”, ҶДММ “Устомансур” ва дигарҳо ҷалб шудаанд. Барои сохтмон масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ истифода шудааст. Масоҳати умумии қалъа 6 гектар буда, лоиҳа аз бинои маъмурӣ, осорхона, маҳаллаи қадимаи шаҳр, чойхона, ҳаммомхона, меҳмонхона, девори қадимаи ҳокимнишин, растаҳои савдо иборат аст. Дар маҳаллаи бунёдшаванда 8 ҳавлӣ, аз ҷумла ҳавлии ҳунармандон кулолгарон, сангтарошон, заргарон, тоҷирон мавҷуд аст, ки ҳар як ҳавлӣ муаррификунандаи таърихи асрҳои XVIII – XIX мебошад. Дар бинои осорхона бошад, панҷ толор бунёд ёфтааст ва ҳар як толор тақсимбандӣ шудааст, аз ҷумла толори илмӣ адабӣ, бостоншиносӣ, 30 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, санъати тасвирӣ, таърихи шаҳри Хуҷанд мебошад. Дар ҳолати пурра ба истифода додан шояд номи толор ва ё мўҳтавои онҳо тағйир ёбанд. Баробари ин дар саҳни Қалъа ду фаввораи калон бунёд меёбад.

Даромадгоҳи асосии Қалъа аз дохили боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва се даромадгоҳи иловагӣ аз тарафи девори ҷанубӣ гузошта мешавад. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда корҳои таҷдиду навсозӣ бо назардошти пешниҳодоти олимону таърихшиносон сурат гирифта, нишонаҳои таърихии ёдгории қадимӣ ҳифз карда мешаванд, ‐гуфт номбурда.

Ҳамчунин, ў таъкид кард, ки баробари бунёди бинои Қалъа боз барои намоиши чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ майдони алоҳида мавҷуд аст, ки беш аз се – чор ҳазор нафар имконияти тамошои чорабиниҳои мухталифро дорад. Баробари ин дохили бино имконияти ғунҷоиши наздик 70 – 80 нафарро дорад. Барои сайёҳону истироҳаткунандагон катҳои қадима бо нақшу нигори миллӣ гузошта мешаванд.

‐Дар кӯчаи Шӯрои шаҳри Хуҷанд ҳавлие ҳаст, ки наздик 300 сол дорад ва мутахассисон кўшиш карда истодаанд, ки лоиҳаи онро тариқи гаҷкориву кандакорӣ дар ин ҷо тасвир созанд. Ба ҷуз бинои ҷанубӣ аксар корҳо ба итмом расида истодааст. Алҳол дар бинои осорхона ҳунармандон бо истифода аз санъати гаҷкориву кандакорӣ ва наққошӣ корҳои санъати тасвириро ба иҷро расонида истодаанд. Таъмири Қалъаи Хуҷанд ба таври зарурӣ ҷараён дорад ва ҳадафи асосии таъмиргарони он эҳё намудани ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик ва муаррифӣ кардани таърихи пайдоиши шаҳри Хуҷанд аст, ‐гуфт Даврон Ниёзов.

Ҳамзамон дар мавриди истифода аз санъати воло ва ҳунармандӣ сармуҳандис Мансур Эшонов гуфт, ки дар бинои асосии Қалъа корҳои ороишӣ – санъати асили меъморӣ бо тасвири тоҷикӣ ҷараён дошта, барои боз ҳам зебову диққатҷалбкунанда гардидани намуди зоҳирии толорҳо мутахассисон ҳунармандон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, алахусус, аз вилоятҳои Самарқанду Фарғона даъват шудаанд. Аз Самарқанд панҷ нафар ҳунарманд – кошинкор даъват шудаанд ва бо роҳбарии устоди рассомони тоҷик Ғафурҷон Ҷӯраев, ҳунармандон – рассомони асили тоҷик, ки дар офаридани нақшу нигор санъат ва маҳорати беандоза доранд, аз ҷумла Абдураҳим Ҷабборов, Насибахон Эшонова, Саидоқилзод Саиднеъмат ва дигарон ҷалб шудаанд. Дар маҷмуъ, барои таъмиру эҳёи Қалъаи таърихӣ дар корҳои азнавсозӣ беш аз 300 нафар, аз ҷумла гурӯҳи лоиҳакашон ва мутахассисони идораҳо, олимону бостоншиносон, меъморону наққошон, сохтмончиён ва ҳунармандони халқӣ, кулолгарон, рассомону кандакорон ҷалб шудаанд, ‐гуфт мавсуф.

Мавҷуд будани чунин мавзеъҳои таърихӣ бори дигар собит месозад, ки халқи тоҷик таърихи бойи ҳазорсола дошта, бо фарҳангу тамаддун, маърифатпарвариву илмдӯстӣ ва соҳиби ҳунарҳои баланд буданаш дар ҷаҳон шӯҳратёр гардидааст. Боиси таъкид аст, ки эҳё ва азнавбарқароркунии мавзеъҳои таърихӣ имконият медиҳад, ки шумораи сайёҳон беш гардида, наврасону ҷавонон аз таърихи куҳанбунёди худ маълумоти пурра пайдо созанд. Баробари ин метавон гуфт, ки сохтмону азнавсозӣ барои ободу зебо гардидани шаҳр ва ҳам ба мавзеи таърихӣ ва фарҳангиву фароғатӣ табдил ёфтани он боис мегардад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh