ГУЛДЎЗИҲОЯШ МУАРРИФГАРИ ТАБИАТИ ЗЕБОИ ДИЁРАНД

Бо ин ҳунарманди чирадаст, инсоне, ки олами ҳастиро ба нақши сузану ресмон ва сӯзаниҳои дӯхтаи худ рангин месозад, ҳамсуҳбат гардидам. Зани басо солор, самимӣ ва хеле боистеъдод аст. Ин истеъдод барои ӯ истеъдоди фитрӣ низ ҳаст. Зеро он аз авлод ба авлод гузаштаасту дар вуҷуди ӯ аз кӯдакӣ маъво гирифтааст. Ҳунармандӣ ба ӯ аз пайвандонаш, хосатан аз модари равоншодаш мерос монда, аз кӯдакӣ дар рӯи матои гулдӯзиҳои модар ба камол расидааст. Шояд дидани нақшу нигори ҷолиб, хуштарҳу қашанг дилашро ба ин намуди ҳунар гарм сохт, ки майлаш ба бофтани матоъ хеле зиёд гардид. Аз ин рӯ, аз кӯдакӣ ба корҳои модар зеҳн мемонд. Он вақтҳо баъзе нафароне, ки барои хонадор намудани фарзандонашон ба модар фармоиш медоданд, зардӯзиҳои қашанге омода мекард. Ба ҳар захми матои омодакарда як маъниро ҷой медод. Ҳамчунин, атласи шоҳӣ, ки онро атласи зангор низ меномиданд, омода мекард ва ӯ низ дастёри модар шуда, ба ҳар кори ба сомонрасонидаи он бо як кунҷковӣ нигоҳ мекард. Баъдтар чунин низ шуд, ки бо модараш якҷоя атласу алоча мебофтанд.

Мамлакат ба воя расиду оиладор шуд. Дар хона низ аз бекорӣ ҳунари худро такмил медоду ба фарзандони мардум меомӯзонд. Дар даврони шӯравӣ мардум ба ҳунарҳои миллӣ он қадар ҳам эътибори хоса намедоданд. Аз ин рӯ, 17 сол дар ин соҳа кор накард. Баъди Истиқлолияти миллӣ дар кишвар ба ҳунарҳои миллӣ, сӯзанидӯзию қуроқдӯзӣ ва атласбофӣ эътибори махсус медодагӣ шуданд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Мегӯянд, ки он чизе, ки дар дохил ҳаст, ба рӯи об мебарояд. Мамлакат, ки шефтаи ҳунарҳои миллӣ ва дӯстдори ин санъати қадимаи тоҷикӣ, муҳаббат ба ин касби аҷдодӣ дар шараёнаш ҷорӣ мегардид , аз дастури Сарвари давлат руҳу илҳоми тоза гирифта, касби аҷдодии худро такмил дод.

Дар маркази истеҳсолии “Дугонаҳо”, ки бо ибтикори Раиси вилоят таъсис дода шуд, ба фаъолият оғоз кард. Лаҳзаҳои аввалини ба Марказ омадани худро ӯ чунин шарҳ дод: ‐“ Бори аввал ба маркази “Дугонаҳо” омадам. Дар он ҷо 20 намуди дастгоҳ ва 20 намуди ҳунарҳо бароям як олами дигареро боз кард. Бо шавқу завқи беандоза ба сари дастгоҳи атласбофӣ нишаста, ҳунари худро сайқал додам. Зеро дастгоҳи атласбофӣ ба назарам як бозёфти бузург буд. Ба инсоне, ки аз кӯдакӣ бо ин ҳунар ба воя расиду дар фазои ҳунармандӣ ба камол расидааст, дидани чунин манзараҳои ҷолиб басо гуворост. Ҳини суҳбат муаллима ба ҳаяҷон омада, афзуд: ‐Суҳбати имрӯза маро ба сайри олами кӯдакӣ, хонаи падару модар рӯзгори гузаштаамонро овард. Ҳар замон ки сари дастгоҳи бофандагӣ менишинам, ёди кӯдакӣ, ёди бачагӣ мекунам. Аҷаб солҳои файзбору хотирмон буданд. Ҳар боре, ки риштаи дастгоҳи бофандагиам канда мешуд, падарам саришта мекарданд, ҳар гоҳ, ки матои омодакардаам ҷилои нав мегирифт, модарам маро ситоиш менамуданд, ки он ҳар тори риштаи омодакардаамро боз ҳам рангинтару ҷаззобтар месохт.

Аввалин озмуни атласбофи беҳтарин, ки дар Кохи Суғдиён баргузор гардид, аз хотирам зудуда намегардад. Шарти асосии озмун бофтани атлас бо дастгоҳи дастӣ буд. Баробари сари дастгоҳи бофандагӣ нишастан маро чунин лаҳзае рух дод, ки якбора 3,5 метр атласро бофта, ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намудам. Зеро матои омоданамудаи ман бо як шавқу завқи беандоза аз замири дилам туғён зада, бо рангубори дилнишин аз дастгоҳи бофандагӣ берун мешуд. Маҳсулоти омодакардаам ба ҳайати ҳакамон басо писанд омад.Ҷои якум, яъне ҷои ифтихориро соҳиб гардидам. Ҳамон рӯзе, ки аз дасти Раиси вилоят Сипоснома ва мукофоти пулиро ба маблағӣ 5 ҳазор сомонӣ гирифтам, бароям басо гуворо буд. Агар, аз як тараф меҳнатамро қадр карда, мукофотӣ амаламро дар назди издиҳом бароям супорида бошанд, аз тарафи дигар он рӯзи мавлуди устоди нахустинаммодари ғамхорам буд. Ман эҳсос намудам, ки дар ҳамон маъракаи пурмӯҳтаво на танҳо меҳнати ман, балки модари равоншодам қадр гардиданд. Чунон ба ваҷд омадам, чунон хурсанд шудам ва эҳсос кардам, ки дар ин маросим руҳи модари равоншодам сайр дораду он бароям нерую илҳоми тоза бахшид ва боз маро ба сӯи дастовардҳо раҳнамун сохт. Баъди ҷамъбасти озмун бароям пайроҳаи нав оғоз гардид. Якҷоя бо маркази шуғли аҳолии вилоят дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ курсҳои махсуси бофтани атласу адрасро ба роҳ мондем.

Айни замон дар ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент, Айнӣ ва Мастчоҳ шогирдони зиёде ба камол расонидам, ки имрӯз ҳар яки онҳо ҳунару истеъдоди худро сайқал дода, яке аз беҳтарин ҳунармандони ҷумҳурӣ гардидаанд. Бале, Мамлакат Хӯҷаева, лозим омад, ки на танҳо дар миқёси вилоят, балки ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳо рафта, ба занону бонувон ҳунари атласбофиро ёд диҳад. Ӯ ҳар як сафари худро ба хотир оварда, бо табассум мегӯяд: Соли 2015 ба шаҳри Роғун сафар карда, ба 22 нафар занону бонувон ҳунари бофандагиро омӯзонидам. Аз ҳама аҷоибии кор дар он аст, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо шогирдонро тарбия намудам ва дар ҳар як шаҳру ноҳия дӯстони худро дорам. Аз ин сафарҳо солҳои зиёде сипарӣ гардиданад, аммо то ҳол робитаи мо ба онҳо давом дораду дар ҳар иду айём онҳо аз ҳоли устодашон пурсон мегарданд, аз мувваффақияту дастовардҳояшон қисса мекунанд.

‐Вақте ки ба ноҳияи Ишкошиму Дарвоз сафар намудам, аксари шогирдоне, ки барои омӯхтани ҳунар ба мо муроҷиат менамуданд, маълумоти олӣ доштанд. Онҳо новобаста аз он, ки духтур ё муаллима ҳастанд, кӯшиш менамуданд, ки аз сиру асрори бофандагӣ аз наздик ошно гарданд. Баъди тарбияи шогирдон маро лозим омад, ки худ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намоям, мегӯяд ҳунарманд. Дар озмуни “Ҳунар беҳ аз симу зар бувад”, ки дар Боғи Ирам ба вуқӯъ пайваст, дар панҷ номина маҳсулоти худро пешниҳод намуд. Номинаҳои ҳунарҳои миллӣ зиндагии шуморо мегузаронад ё не, дар бораи хариду фурӯш, сифати маҳсулот ва ҷойи холии кор гузаронида шуд, ки ҳар номина як ҷойи ифтихориро соҳиб гардид. Одами ҳунарманд дар куҷое набошад, нони худро ҳалол карда мехӯрад.

Айни замон Мамлакат Хӯҷаева дар Маркази бонувони ҳунарманди Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматов фаъолият намуда, ба толибилмон, яъне хонандагон сиру асрори ҳунармандӣ, сӯзанидӯзиву атласбофиро меомӯзад. Кӯшиш менамояд, ки дар кадом вазъияте ё ҳолате набошад, занҳои бешуғлро ҳунар омӯзад, то ин ки онҳо барои гузаронидани зиндагиашон мададе гардад. Айни ҳол маҳсули дастони ин ҳунарманди чирадаст дар ҳар намоишҳои давлатию байналмилалӣ манзур мегардад. Соли сипаригардида дар тарабхонаи “Суғдиён” бо иштироки намояндагони давлатҳои хориҷ, аз ҷумла, Амрикою Ӯзбекистон семинар баргузор гардид. Дар он маҳфил низ маҳсули дасти ин бонуи ҳунар пешкаши иштирокчиён карда шуд. Ӯ пайваста меҳнат мекунаду маҳсулотҳои омодакардаи худро дар бозори Панҷшанбе, дар мағозае, ки дар он маҳсули дастони пурэъҷозаш ҳастанд, манзур менамояд.

Ӯ дар оила низ зани хушбахт, соҳиби 3 фарзанду 8 набера буда, фарзандон низ чун модар ҳунарманд мебошанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh