ШЕЪР ДИРЎЗУ ИМРЎЗУ ФАРДОИ МОСТ

Баҳманёр Муяссарзода 1‐уми марти соли 2001 дар деҳаи Сарои ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Айёми кӯдакиаш дар зодгоҳаш сипарӣ гардида, соли 2019 ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, айни ҳол донишҷӯи курси чоруми ин факулта мебошад. Намунаи ашъораш дар маҷалла ва рӯзномаҳои “Паёми Суғд”, “Пайравони Маъдан”, “Адабиёт ва санъат”, “Садои Шарқ”, “Маорифи Тоҷикистон” ба чоп расидаанд.

‐Дуруд Баҳманёр, муваффақият дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғти субҳи доноӣ китоб аст” муборак бод.

‐Дуруду сипос муаллима! Аз таваҷҷуҳ ва муҳаббати Шумо сарфарозам.

‐Чӣ таассуроте ва чӣ бардоште аз Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо худ овардед?

‐Боиси саодату ифтихор аст, ки ин озмун тӯли чанд сол бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Ва хушбахтиву хурсандии ман дар он аст, ки бори аввал дар ин озмун ширкат варзида, донишу маҳорати худро санҷидам ва дӯстони зиёдеро дарёфт кардам.

Таҷриба гирифтам. Воқеан, баргузории чунин озмунҳо барои мо, ҷавонон имконияти бештаре барои рушду пешравӣ муҳайё месозад ва заминаи хубест барои такомули бесобиқаи мо. Таассуротҳо хеле ҷолибу дар ёдҳо монданӣ буданд.

‐Шумо дар наминатсияи эҷоди назму наср (бахши назм) иштирок кардед ва чанд сол аст, ки дар ҷодаи эҷод қадамҳои умедворкунанда мегузоред.

Ба андешаи Шумо шеър чист ва шоир кист?

‐Чуноне ки Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:

Шеърро мақсуд агар одамгарист,

Шоирӣ ҳам вориси пайғамбарист.

Шеър устодест роҳнишондиҳанда ва табибест дармонкунандаи инсоният. Шеър эъзоми Худованд аст. Шеър имрӯзу фардои ману шумост. Шоир шахсест, ки дунёи худро дорад. Ӯ рассомест, ки онро тасвир менамояд ва мутрибест, ки мусиқии дилҳоро менавозад. Шоир муаррификунандаи инсон бар худи инсон аст.

‐Мегӯянд шоиру илҳом ошиқи ҳаманд, Шумо кадом лаҳзаҳо шеър мегӯед?

‐Аслан вақт, ҷой ва макони зуҳури шеър номаълум аст. Шеър дар ду ҳолат дар ман мутаваллид мешавад. Гоҳе дар лаҳзаи шодӣ ва гоҳе дар лаҳзаи ғамгинӣ, чун утоқи кории шоир шаб аст, ман бисёртар дар шабонгаҳ шеър иншо менамоям.

‐Таъсирпазирӣ дар шеър, ба ақидаи шумо чист?

‐Ба ақидаи ман, таъсирпазирӣ дар шеър бемориест, ки бисёриҳоро сироят намудааст. Шоир бояд сабк, усул тарзи гуфтори худро дошта бошад ва бо нигоҳи худ шеър гӯяд.

‐Шоири насли нав чӣ гуна бояд бошад?

‐Ба фикри ман, шоири насли нав бояд ҳамқадами замона бошад ва бо нигоҳи нав шеър гӯяд. Шоир бояд мавзӯъҳои имрӯзро дар ашъораш зикр намояд. Агар дар шеъри имрӯз хонанда чизи мавриди алоқаи худро наёбад ва шеъри гуфтаи шоирро нафаҳманд, пас беҳтараш шоир шеър нагӯяд. Ва як нуктаи дигарро бояд зикр кард, ки бо ду‐се калима ё ибораи замонавӣ шеър нав намешавад, инро бояд ҳама дарк намояд. Ман ҳамеша мехоҳам, чун шоири имрӯз шеърро аз нопокиҳо ҳифз намояд.

‐Чӣ орзу доред?

 Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,

Зиндагиро орзу ширин намуд.

‐Ростӣ, дили банда аз орзу саршор аст. Бузургтарин орзуи ман шоир шудан аст, албатта шоири дили падарам. Ман аз кӯдакӣ, аз замоне, ки шеър мегӯям, орзу дорам, дар қатори шеърҳои Ҳофизу Саъдӣ, Лоиқу Бозор Собир шеърҳои маро падарам аз бар созад.

‐Таманниёти шумо ба хонандагон?

‐Дар охир, чуноне ки устод Лоиқ Шералӣ мефармоянд:

Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист,

Ҳар шабе дар осмон маҳтоб нест.

‐Барои тамоми хонандагони рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” таманнои онро дорам, ки осмони зиндагиашон ҳамвора софу мубарро ва рахшанда аз моҳтобу ситораҳо бошад. Бигзор, ҳамеша аз қайди ғаму андӯҳ дур бошанд. Таманно дорам, бӯйи лабханд ҳамеша бар димоғашон бошад!

‐Барои суҳбати самимӣ сипос, обод бошед!

‐Шумо низ ободу шод бошед, ташаккур!

Суҳбаторо
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh