Масъулияти ватандорӣ

Ҷомеаи меҳнатии идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати  Суғд» ба мардуми меҳнатқарини шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Исфара, Истиқлол, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон барои фаъолияти пурсамар ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар муташаккилона гузаронидани маъракаи муҳими «Обуна – 2023» изҳори сипос мегӯяд. 

Боиси тазаккур аст, ки мардуми сарбаланди ин шаҳру навоҳӣ қарори Раиси вилоят «Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ барои соли 2023»-ро бо мақсади баланд бардоштани нақши матбуоти даврӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, таъмини фазои иттилоотӣ ва ташвиқу тарғиби сиёсати дохиливу хориҷӣ ҳамаҷиҳата дарк намуда, барои самаранок гузаронидани ин маъракаи муҳим чораву тадбирҳои мушаххас андешиданд.

Сокинони сарбаланди ин манотиқ бо дарки амиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми худро чун тӯҳфаи ҷашни 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ гузоштанд. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки ин шаҳру ноҳияҳо дар саргаҳи аввали маъракаи «Обуна - 2023» қарор дорад, зеро мардум ба хубӣ дарк намудаанд, ки рӯзнома инъикосгари ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангии вилоят, бахусус тамоми шаҳру ноҳияҳои он ба ҳисоб рафта, дар таҳкими давлатдории тоҷикон нақши бориз дорад.

Муассисаи давлатии идораи рӯзномаи вилоятӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Исфара, Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон сипосгузор буда, муштариёну хонандагони рӯзномаро бовар мекунонад, ки рисолати худро ҷиҳати инъикоси ҳаёти ҳамарӯзаи мардум ба иҷро мерасонад.

Ҷомеаи меҳнатии
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh