“Ба тоҷику ба эронӣ муҳаббат бод арзонӣ!”

Дирӯз намоиш - фурӯши маҳсулоти Эрон  дар  “Кохи Суғдиён” – и шаҳри Хуҷанд  дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳуии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар долони бино маҳсулоти ҳунармандони чирадасти эронӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Аз ҷумла, маҳсулоти марбут ба ҳунарҳои заргарӣ, бофандагӣ, мисгарӣ, хушнависӣ, либоси миллӣ, аксу мусаввараҳои мавзеъҳои табиӣ ва ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Исломии Эрон диққати меҳмононро ҷалб  кард.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Муҳаммадтақии Собирӣ дар оғози чорабинӣ ба Раиси вилояти Суғд ва дигар масъулони мақомот арзи сипос намуда, гуфт, ки равобати фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст. Аслан, ин  равобит бисёр дерина аст, чун  таъриху мероси муштарак дорем. Мощи гузашта шоҳиди Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳрҳои Теҳрону Шерозу Табрез будем. Ҳунармандони барҷастаи Тоҷикистон барномаи хуберо иҷро карданд, ки гарм пазируфта шуд. Эрон барои тавсеа ёфтани равботи ҳамаҷониба кӯшиш меварзад.  

Дар идомаи чорбинӣ гурӯҳи ҳунармандони “Шаҳпар -мюзик” аз рӯи достонҳои “Шоҳнома” – и Ҳаким Фирдавсӣ сурудҳои рӯҳбахш замзама карданд. Ҳамчунин, гурӯҳи ҳунарии “Варзишгарони зӯрхонаӣ” намоиши ҷолибро таҳия карданд.  

Парвона Амириён - тарроҳи хушназар аз шаҳри Шероз буда,  барои намоиш  маҷмӯи либосҳои миллӣ таҳия кардааст, ки дар намоиш муаррифӣ шуд. Ӯ аз он изҳори хушнудӣ кард, ки саодати  ҳозир шудан ба Тоҷикистон ва шиносоӣ ёфтан бо тарроҳону ҳунарварони тоҷик насибаш гардид.    

- Хушҳолем, ки бо барономаи зебои ҳунарӣ ба Тоҷикистон омадем. Ҳамвора меҳру дӯстӣ поянда бошад. Бисёр мехоҳем, ки бо ҳунармандону тарроҳони тоҷик дар самти офаринши тарҳҳои  либоси миллӣ  ҳамкориҳои судманд дошта бошем. Ҳавасманадем, ки  бо доиншгоҳҳо, марказҳои тарроҳии кишвари ба мо дӯст -  Тоҷикистон барномаҳои муштарак дошта бошем   ва табодули таҷриба намоем.  

Розия Ҳусейнӣ  - бонуи ҳунарваре аз шаҳри Исфаҳон  аст, ки аз 18 – солагӣ ҳунари заргарию мисгариро аз худ кардааст ва имрӯз дар ин самт аз  беҳтарин ҳунармандон маҳсуб меёбад. Мавсуф аз сафари ҳунарӣ таассуроти хубе дорад.

- Пайвандӣ доштани фарҳангу ҳунари  Эрону Тоҷикистонро дар ҳунари заргарию мисгарӣ низ метавон мушоҳида кард.  Нақшу рамз ва моделҳое, ки ҳунармандони мо меофаранд, шабеҳи ҳамдигаранд. Аслан, дар осори маънавии мо аз  Сайҳуну  Ҷайҳун бисёр гуфтаанд. Имрӯз хушҳолам, ки дарёи Сайҳунро аз наздик дидам, боиси ифтихор аст.

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh