КИТОБ – РАҲНАМОИ ҶОВИДОНИ БАШАР

Мусоҳиба бо директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, номзади илмҳои филологӣ, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Баҳром Мирсаидов

- Дар оғози суҳбат мехостам андешаҳои Шуморо оид ба вазъи китобдориву китобшиносӣ дар замони истиқлолият бифаҳмам.

- Рушду равнақи соҳаи китобдорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ба ташаббусҳои созандаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди устувор дорад. Дар ин марҳалаи таърихӣ ойини китобдорӣ ва фарҳанги мутолиаи китоб таҳаввул пазируфта, маҳз бо ибтикори Пешвои миллат баробари гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллӣ 4-уми сентябри соли 2007 ин сана дар ҷумҳурӣ Рӯзи китоб эълон гардид.

Ҳамасола дар кишварамон китобхонаҳои нав сохта ба истифода дода мешаванд. Ин гуфтаро бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, сохтмону азнавсозии китобхонаҳо дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, таъмини китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр, тарбияи мутахассисони соҳибкасби соҳа ва дигар навовариҳо собит месозанд. Баргузории озмунҳои соҳавии «Чароғи ҳидоят», «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси вазоратҳои фарҳанг ва рушди иқтисод ва савдои мамлакат баргузор мегарданд, намунаҳои шоёни тозакориҳо замони истиқлоланд. Озмуни ҷумҳуриявии китобхонӣ миёни кӯдакону наврасон бо номи «Ҳамнишине беҳтар аз китоб махоҳ» ва вусъат ёфтани доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» аз шумори тадбирҳои ояндабинона ҷиҳати густариши фарҳанги мутолиаи китоб мебошанд.  

- Мо ҳамасола шоҳиди он мегардем, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми анъанавии хеш ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, мулоқот бо намояндагони аҳли зиёи мамлакат, дар суҳбату дидор бо мардум оид ба китобхонӣ, эҳтироми сарчашмаҳои маърифат, оммавигардонии мутолиаи китоб ва таҷдиди фаъолияти китобхонаҳо дастурҳои муфид изҳор менамоянд. Ин иқдому ташаббусҳои маънавиятсозро Шумо чӣ гуна тавзеҳ медиҳед?

- Як нуктаро бояд махсус ёдовар шавам, ки аз лаҳзаи ба майдони сиёсат омадани Сарвари давлат то ин дам қариб сӣ сол сипарӣ мегардад. Аз он таърих то ба имрӯз ҳадафи асосии Пешвои муаззами миллат баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳии наслҳо ба шумор меравад. Тамоми кӯшишҳо ва заҳматҳои Роҳбари мамлакат ба он равона шудааст, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба василаи  равзанаҳову уфуқҳои равшани китоб ва донишу хирад асли худро бишносад, ҷойгоҳи волову муқаддами ниёгони шарафманди хешро маърифат намояд ва ҳамеша донад, ки нахустин қомусу раҳнамои инсоният «Авасто» комилан ифодагари тафаккуру ҷаҳонбинии аҷдоди сарбаланди мо маҳсуб меёбад. 

Ҳамин ҳадафмандӣ ва тафзил ниҳодан ба мақоми арҷманди китоб дар сархатти сиёсати маорифпарваронаи Сарвари мамлакат қарор гирифта, тамоми солгардҳои чеҳраҳои барҷастаи илму адаб ва ҷашнвораҳои марбут ба санаҳои муҳимми таърихӣ ба такмили донишу саводи ҷомеа равона гардидааст.

Маҳз ба хотири бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар аз соли 2019 сар карда озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардида истодааст. Мо шоҳиди он ҳастем, ки ин сабқат як инқилоби тозаи фикриро дар байни мардум ба вуҷуд овард, муносибати халқро ба зарурати мутолиаи китоб дигаргун сохт ва рисолати китобдоронро як бар сад афзуд. Муҳимтар он аст, ки озмун байни китобдӯстони синну солу касбу кори гуногун ваҳдату ҳамбастагиро ба вуҷуд овард, нерӯҳои фикриву зеҳниро бо ҳамдигар ошно сохт, боиси баргузории садҳо маҳфилҳои муаррифии китобҳо, мулоқоту ошноӣ бо аҳли адаб гардид.

Қадршиносии устодону волидон, дастгириҳои молиявии ғолибон ва баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун, ба тариқи ройгон, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул шудани ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза далели бебаҳси қадршиносии афроди китобдӯст, бахусус, кӯдакону наврасон ва ҷавонон мебошад.

Инчунин, масъулияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, коргарону роҳбарони бахши фарҳанги ҷумҳурӣ ва дигар вазифадоронро дар муносибат ба китобу китобхона зиёд кард. «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» рӯйкарди амиқу самимӣ ва ё сатҳию рӯякии сарпарастони соҳаро нисбат ба китобхонаву китобхонӣ чун оина равшан сохт.

Ҳамзамон, бо таъкиду дастури Пешвои миллат дар аксари коргоҳу корхонаҳо китобхонаҳо таъсис ёфтанд. 

Башорати нашри шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» ва то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар ҳадя гардидани он нишони эҳтироми Пешвои миллат ба таърихи пурифтихори халқи тоҷик бошад, бо ташаббуси Сарвари фарзона дар соли 2023 баргузор шудани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» санади арзишманди гиромидошти хидматҳои Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори ҷашни 115-солагии ӯст.

- Мо огоҳем, ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар соҳаи китобдорӣ дигаргуниҳои назаррас ба амал меоянд ва ин самти афзалиятноки фарҳанг бо дастгирии бевоситаи Раиси вилоят, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода рушд менамояд. Дар ин хусус чӣ мегӯед?

- Шоистаи таъкид аст, ки мо – 745 нафар китобдору корманди 362 китобхонаи низоми фарҳанги вилоят ҳамарӯза дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро бо роҳбарии Раиси вилоят, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода эҳсос менамоем. Бунёди китобхонаҳои нав ва азнавсозиҳои ҳамин навъ муассисаҳо дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Панҷакент, Айнӣ, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳо гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд.

Соли панҷум аст, ки бо қарорҳои дахлдори Раиси вилоят «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд» доир мегардад. Ин сабқат бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва китобхона-филиалҳои шаҳраку деҳот, омӯзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобу маводи чопӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон дар раванди фаъолият, такмилу сайқали маҳорати касбии китобдорону китобшиносон, муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ, ташкилу баргузории чорабиниҳои оммавии замонавӣ, амалӣ гардонидани роҳу усули ҷалби бештари аҳолӣ ба мутолиаи китоб доир мегардад. Аз рӯи натиҷаҳо ҳафт китобхонаи ғолиб бо туҳфаҳои молӣ аз як ҳазор то дувоздаҳ ҳазор сомонӣ тақдиронида мешаванд.

Мутобиқи қарори марбут ба «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2022» барои дар сатҳи баланд баргузор шудани он наздики 55 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Дар баробари озмуни мазкур ҳар сол дар қаламрави вилоят озмуни «Китобдори сол» дар ду давр гузаронида мешавад, ки барои санҷидани маҳорати касбии китобдорони амри муҳим ба шумор меравад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола барои таъмини китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд. Моҳи июли соли равон бо дастури Раиси вилоят, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода Раёсати фарҳанг 6881 нусха китоби кӯдаконаро ба маблағи 168532 сомонӣ ва 1886 нусха китобро барои калонсолон ба маблағи 123630 сомонӣ, маҷмуан 8767 нусха китобро ба маблағи 292162 сомонӣ харидорӣ намуда, ба 362 китобхонаи низоми фарҳанг тақсим намуд.

Дар раванди таҷдиду азнавсозӣ ва бунёди китобхонаҳо роҳбарияту масъулони Мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сокинони фарҳангдӯсту саховатпешаю баландҳиммат дасти ёрӣ дароз кардаанд. Барои намуна метавон аз чанд ташаббуси китобдорон ёдовар шуд. Масалан, китобдори китобхона-филиали №6-и ба номи Раҳмонқул Облоқулови деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ, Аълочии фарҳангу матбуот Мавлонов Мавлон ҳам аз ҳисоби даромадҳои оилааш ва ҳам бо ҷалби соҳибкорон маблағи зиёдро барои таъмири китобхона, ташкили толори хониш ва харидани китобҳои тозанашр корҳои назаррас намудааст.

Собиқадори соҳаи фарҳанг ва хидмати давлатӣ дар деҳаи Ғузни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Сафаров Маликшариф барои китобхона-филиали №4 беш аз 120 ҳазор сомонӣ маблағ сарф намуда, бинои нав сохтааст. Ё соҳибкор Ашӯров Қурбон ошёнаи дуюми маркази савдои навсохтаи худро дар ихтиёри китобхона-филиали №15-и деҳаи Ревомутки ноҳия гузоштааст, ки сазовори дастгирист.

Дар шаҳри Истаравшан низ дар соҳаи китобдорӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба мушоҳида расид. Китобхонаи марказӣ ва китобхонаи бачагонаи шаҳр, ки аз соли 1979 дар як бинои фарсуда ва шароити номувофиқ қарор доштанд, оғози соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Истаравшан ба Муассисаи давлатии «Хонаи таълим ва истироҳат» кӯчонида шуданд. Ҳоло дар ҷойи нав китобхона фаъолияти назаррас дорад.

Илова бар ин, мардуми деҳаи Қалъачаи Баковули шаҳри Истаравшан бо роҳбарии шаҳрванди созмондеҳу ободкор Саидов Шариф, бо харҷи 90 ҳазор сомонӣ барои китобхона-филиали №22-и ба номи Абӯҷаъфари Истаравшанӣ бинои нав сохтаанд, ки ҳоло ин муассисаи хурди фарҳангӣ дар деҳа фаъолият дорад.

Китобхона-филиали №16-и деҳаи Сепулаи шаҳр баъди аз ҷониби собиқ раиси ҷамоат Қурбонов Бобоҷон ва соҳибкор Дадоев Абдуҷамил бо маблағи 2700 сомонӣ таъмир шудан ба бинои алоҳида кӯчонида шуд.

Дар деҳаи Лолазори ноҳияи Деваштич бо саҳмгузории мудири китобхона-филиали №14 Қаюмова Шаҳодат барои китобхона бинои нав сохта шуд. Шаҳрванд аз ҳисоби маблағи барои сафари ҳаҷ ҷамъовардааш бинои нав сохта,  китобхона-филиали №14-ро ҷой дод, ки ин тадбир намунаи ибрат мебошад.

Дар ноҳияи Спитамен низ чунин ташаббускорӣ ба чашм мерасад. Масалан, корманди китобхона-филиали №1-и ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев Турсунматов Раҷаб 5 ҳазор маблағи шахсии худро барои таъмири ҷории китобхона сарф намудааст.

Дар маҷмӯъ, равнақи кори китобдорон, ободкорӣ, таҷдиду азнавсозии китобхонаҳои низоми фарҳанг ба таври равшан эҳсос мешавад. Китобдорон барои дар сатҳи баланд ва судманду омӯзанда доир гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистони – Ватани азизи ман», «Илм–фурӯғи маърифат» нақши босамар дошта, дар татбиқи амалии чор ҳадафи стратегии мамлакат, ибтикороту тадбирҳои Роҳбарияти олии кишвар, ҳифзу тарғиби мероси маънавии ниёгон ва осори илмӣ, адабӣ ва бадеии аҳли таҳқиқу адабиёт пайваста талош меварзанд.

Китобдорон дар татбиқи ҳидоятҳои Пешвои миллат дар хусуси «Солҳои рушди саноат» (солҳои 2022-2026),  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) ва тарғиби пешниҳоди судманди Президенти кишвар дар Минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

-Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  ҳамчун муассисаи вилоятӣ барои пешбурди фаъолияти дигар китобхонаҳо кадом корҳоро ба субут мерасонад?

- Китобхонаи мо 12-уми марти соли 1917 дар назди гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанд таъсис ёфта, аз куҳантарин китобхонаҳои оммавӣ дар кишвар аст. Имсол ин боргоҳи илму маърифат 105-сола шуд. Табиист, ки дар давоми мавҷудияти худ китобхона да садҳо ҳазор нафар хонанда хизмати хубу босифати китобию иттилоотӣ расонида, барои боло бурдани маънавиёти халқ саҳми босазо дорад.

Китобхона ҳамчун маркази дастуриву методӣ бо ҳар гуна роҳу василаҳои таҷрибашуда ба китобдорони вилоят кӯмак мерасонад ва ба унвони маркази ҳамоҳангсозу роҳбарикунанда фаъолияти китобхонаҳои низоми фарҳангро мавриди санҷишу назорати доимӣ қарор медиҳад.

Танҳо дар се соли охир мутахассисони мо якчанд китобу осорномаҳо таҳия намуданд.

Соли 2020 ба муносибати ҷашнвораи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мутахассисони китобхона дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китобномаи ҳамноми шоирро, ки шомили феҳристи осор, мақолаҳо, сарчашмаҳои камолшиносӣ ва нашрҳои ашъори ӯ мебошад, гирдоварӣ ва нашр намуданд. Ин марҷаи арзишманд аз 488 саҳифа буда, фарогири муҳимтарин ахбор аз замони зиндагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ то рӯзгори мост. Китобдорон ба ифтихори 700-солагии шоири барҷастаи форсу тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки дар асоси қарори Конфронси генералии ЮНЕСКО таҷлил гардид, ҳамаи кӯшишу дониш, маҳорату малака ва истеъдоди худро истифода намуданд.

Дар ин сол китобдорони мо дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» китобномаи доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ва якчанд унвону дараҷаҳои баланди илмӣ, устод Носирҷон Салимиро ба муносибати 60-солагии зодрӯзашон омода ва нашр намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суҳбату мулоқот бо сокинони мам­лакат таъкид менамоянд, ки бояд ба қадри обу хоки Ватан ва табиати но­так­рори он бирасем ва сарзамини аҷ­додию меросиамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Бо мақсади татбиқи ташаббусҳои ибратомӯзу ояндасози Пешвои хирадманди миллат муҳаққиқону мутахассисони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ азм намуданд, ки ба истиқболи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 қомуси мухтасари ҷойҳои таърихӣ ва сайёҳии мамлакатро омода созанд. Ҷомеаи муттафиқи ин муассисаи фарҳангӣ барои иҷрои ин ҳадаф муваффақ гардиданд ва баробари  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019-2021 тасмим гирифтанд, ки китобро боз ҳам мукаммал созанд.

Аз ин рӯ, ҳамкасбони мо дар давоми чор соли охир бо истифода аз сарчашмаҳои хаттию электронӣ ва гирдоварию таҳлили мавод тавонистанд, ки китоби ҷомеътари «Мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон»-ро омода намоянд.

Китоби «Мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон» ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва истиқболи 105-солагии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ соли 2021 бо ороиши зебо, сифати баланд ва ранга дар нашриёти «Меъроҷ» чоп гардида, аз 192 саҳифа иборат аст.

Китоб дар заминаи маводи қомусҳо, донишномаҳо, дастурҳову ёдномаҳои таълимӣ, мақолаҳои дар рӯзномаву маҷаллаҳо батабърасида, хабару гузоришоти дар сомонаҳои расмӣ интишоргардида ва марҷаъҳои гуногун  рӯйи коғаз омада, дар поёни ҳар як моддаи энсиклопедӣ маъхази маълумот навишта шудааст.

Дар таҳияи қомус муҳаққиқону мутахассисони китобхона Баҳром Мирсаидов, Мунирахон Ҳакимова, Мавзунахон Ҳамробоева, Шодӣ Шарифниё, Мунаввара Ғаффорова, Рокиябону Рабиева, Моҳирахон Ҳафизова, Манзурахон Қаюмова ва Манишвар Тоҳирӣ саҳми назаррас гузоштаанд.

Дар китоб доир ба ёдгориҳои таърихӣ, монанди қалъаву димнаҳо, мазору обидаҳо, мақбараву масҷидҳо, манораву мадрасаҳо, ёдгориҳои табиат, амсоли боғҳои ботаникӣ, боғҳои истироҳатӣ, мамнӯъгоҳҳо, дарахтони куҳансолу азимҷусса, чашмаҳои шифобахш, кӯлҳои зебову назаррабо, муассисаву марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, чун кохҳову қасрҳо, китобхонаҳову осорхонаҳои машҳур, осоишгоҳҳо ва даҳҳо макону иншооти муҳимму тамошбоб, ки ифодагари гузаштаи бошукӯҳу пурифтихори тоҷикон, ҳунари волои ҳандасиву меъморӣ, завқи баланди худшиносиву худогоҳӣ, зебоипарастиву ватанпарварӣ, инчунин бозгӯи дастовард­ҳои моддиву маънавии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд, маълумоти арзишманд фароҳам омадааст.

Таҳиягарони қомус бар он талош намудаанд, ки барои рушди саёҳати дохиливу хориҷӣ ва тарғибу ташвиқи имкониятҳои гардишгариву сайёҳии Ватани азизамон ин китобро ба унвони раҳнамо омода созанд.

Қомус шомили пешгуфтор зери унвони «Сарзамини меҳр», 15 боб, аз ҷумла  «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон», «Манораҳо», «Масҷидҳо», «Мазорҳо ва мақбараҳо», «Боғҳои ботаникӣ», «Дараҳо», «Дарахтони куҳансолу азимҷусса», «Кӯлҳои зебоманзар», «Зебоиҳои кӯҳистон», «Мамнӯъгоҳҳои давлатию табиӣ», «Осоишгоҳҳо», «Чашмаҳои шифобахш», «Кохҳо ва китобхонаҳои машҳур», «Осорхонаҳои маъруф» ва «Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ» ва 277 маълумоти муфассал доир ба  ёдгориҳои таърихиву табиат ва муассисаву марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ мебошад.

Он ҷиҳати дарёфти иттилооти муфиду дақиқ барои истифода-барандагони китобхонаҳо, хонандагону донишҷӯён, муҳаққиқони соҳаҳои таъриху табиат­шиносӣ, сайёҳону дӯстдорони табиат, фарҳангшиносону кишваршиносон ва оммаи васеи дилбандони сарчашмаҳои дониш таҳия гардида, ҳамчун армуғон ба кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистон эҳдо мегардад.

Бо эҳтиром ба ташаббусҳои беназири Сарвари дав­лат китобдорони мо маҷмӯаи «Панди ниёгон ва шеъру ҳикмати бузургон»-ро омода намуданд. Таҳиягарони китоб азм карданд, ки баробари ашъори дилнишин, ҳуруфи ҳакимона, панди рӯзгор, инчунин гуфтори ибратомӯзи Пешвои миллатро доир ба китобу китобхонӣ ба зевари табъ ороста гардонанд. Хонандаи китоб бояд донад, ки Садри Аъзами давлати мо – Эмомалӣ Раҳмон мубаллиғи сарчашмаҳои илму маъри­фат, такмилдиҳандаи фарҳанги мутолиаи китоб ва соз­мондиҳандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошанд.

Китоб аз пешгуфтор бо номи «Панд – чароғи ақлу хирад» шурӯъ шуда, аз бахшҳои «Адаб ва мақоми он», «Ситоиш ва гиромидошти модар», «Ситоиш ва гиромидошти падар», бобҳои «Ҳурмату эҳтиром», «Ақлу дониш ва ҳунар», «Дӯстиву рафоқат», «Сухан ва қадри он», «Некӣ ва накӯкорӣ», «Ростӣ ва покии андеша», «Дар таъсири тарбият», «Дар бораи тан ва ҳолатҳои ҷисму рӯҳ», «Дар боби тандурустӣ», «Дар хусуси табиб, табобат ва парасторӣ», «Доир ба рӯҳ, хоҳиш, иштиёқ, ақл», «Мулоҳизаҳо ва тавсияҳо барои саломатӣ ва покӣ», «Доир ба ғизо хӯрдан, парҳез аз хоҳишҳои нафс ва мазаммати пурхорӣ», «Доир ба шароб ва об», «Дар бораи истироҳат», «Шигифтиҳои бадани инсон», «Гуфтори бузургон дар бораи арзиши олии китоб, китобхонӣ ва китобхона», «Суханони ибратомӯзи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи китобу китобхонӣ», «Адибони классики тоҷику форс дар васфи китоб», «Адибони муосир дар васфи китоб», «Андешаҳои ҳакимону донишмандони машҳури ҷаҳон дар бораи китоб» иборат аст.

Дар бахшҳои «Ситоиш ва гиромидошти модар» ва «Ситоиш ва гиромидошти падар» ашъори шоирон Эраҷ Мирзо, Маликушшуаро Баҳор, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Қутбӣ Киром, Нодир Шанбезода, Муҳиддин Фарҳат, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Акобир Шарифӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Убайд Раҷаб, Алӣ Бобоҷон, Озод Аминзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Гулрухсор, Мавҷуда Ҳакимова, Абдулло Қодирӣ, Усмон Олим, Низом Қосим, Саидалӣ Маъмур, Аҳмадҷони Раҳматзод, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Ҳақназар Ғойиб, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Ширин Бунёд, Махсум Олимӣ, Муҳаммад Ғойиб, Назри Яздонӣ, Рустам Ваҳҳобзода, Зулфия Атоӣ, Фарзона, Озарахш, Суруш, Озар, Адибаи Хуҷандӣ, Исмоил Зарифӣ, Ҷӯра Юсуфӣ, Аъзами Хуҷаста, Олимхон Исматӣ, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Равшани Ҳамроҳ, Ҳасани Султон, Нуралӣ Нурзод, Баҳром Мирсаид, Сурайё Ҳасансултон (Ҳакимова), Баҳроми Раҳматзод, Толиби Луқмон, Бузургмеҳри Баҳодур, Шаҳриёр Олимӣ ва Рӯъё Усмонӣ оварда шудаанд.

Дар гирдоварӣ ва таҳияи маводҳои китоби мазкур садорат ва мутахассисони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов, Мунирахон Ҳакимова, Мавзунахон Ҳамробоева, Шодӣ Шарифниё, Мунаввара Ғаффорова ва Манишвар Тоҳирӣ саҳми арзанда гузоштаанд. 

Китоб дар нашриёти «Меъроҷ»-и шаҳри Хуҷанд ба табъ расида, аз 196 саҳифа иборат аст.  Китоб фарогири ашъор ва гуфтори пандуахлоқии донишмандону фарзонагон, файласуфону ҳакимон, шоирону нависандагон, ҷомеашиносону сиёсатмадорони бузург, аз ҷумла ҳидоятномаҳои Пешвои халқу миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба ҳар нафари нуктасанҷу ибратпазир манзур мешавад.

Мунтахаби ашъор, гуфтори пандуахло­қӣ ва андарзҳое, ки дар ин китоб фароҳам омадаанд, қат­рае аз уқёнуси нопайдоканори илму ҳикмати дунё мебо­шанд. Бовар дорем, ки хонандаи ҳушманд аз махзани пур аз симу гавҳари панди ниёгон ва ҳикмати бузургон роҳи ояндаи ҳаёти хешро мунаввар сохта, ҳамеша аз баҳри сухан гавҳари маъно ба даст меоварад.

- Ҷомеаи меҳнатии китобхона чӣ нақшаву барномаҳо дорад?

- Дар соли ҷашнӣ китобшиносону мутахассисони китобхона ба таълифи китоби ҷомеъ оид ба 105-солагии муассиса машғул буда, аз бойгониҳо маводи арзишмандро омода сохтаанд. Ҳамчунин, феҳристномаи «Сарчашмаҳои инъикоскунандаи таърихи халқи тоҷик», ки фарогири 4000 китобу мақола бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва дигар забонҳо мебошад, омодаи чоп аст. Китобшиносони шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ «Тақвими санаҳои ҳумоюнӣ-2023»-ро омода намуда истодаанд. Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобномаи мукаммал омода шуда, дар таҳрири ниҳоӣ қарор дорад.

Давоми шаш соли охир китобшиносону муҳаққиқони китобхона таҳти силсилаи «Китобхонаи китобшиносӣ» беш аз 18 китобу маҷмӯа ва дастур ба табъ расонида, барои вусъати тафаккуру ҷаҳоншиносии солими ҷомеа, пешбурди дараҷаи саводомӯзии табақоти гуногуни он, барангехтани завқи донишомӯзиву ҷустуҷӯҳои илмиву ахлоқии насли ҷавон кӯшиш намоянд.

-Рӯзи китобро ба Шумо ва кулли китобдорону китобдӯстон табрик гуфта, барои суҳбати арзишманд сипосгузорам!

-Ташаккур, барои Шумо ҳам муборак бошад!

Суҳбаторо Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh