ОИНАИ ҲАҚНАМОИ ҶОМЕА

«Ҳақиқати Суғд» яке аз муқаддамтарин рӯзномаҳои қаламрави кишвар маҳсуб ёфта, алҳол таърихи беш аз навадсола дорад ва ҳамчун нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд минбари бонуфуз ва оинаи ҳақнамои ҳаёти муосир, рӯзгори даврони соҳибистиқлолӣ мавқеъ ва рисолат дорад.

«Ҳақиқати Суғд» ҳамчун дастгоҳи тарғиботу ташвиқот баҳри амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳидоятҳои саодатбор ва дастуру супоришҳои нусратбор, қарорҳову Амру Фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаву қарорҳои бунёдсози Раиси вилоят, дастоварду нақшаҳои дурнамои вилояти Суғд хизмати касбӣ менамояд.

Рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» дар соли 2023 ҳам ҳафтае се маротиба - рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе нашр мегардад. Дар ҳар шумораи он аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии вилоят, кишвари биҳиштосоямон - Тоҷикистон, навгониҳои хориҷӣ ва ҷаҳони имрӯз маводи ҷолиб интишор карда, робитаро, албатта, бо Шумо - хонандагони азиз тақвият мебахшад.

Хонандагони азиз! 

Ба рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» қабули обуна барои соли 2023 оғоз гардидааст. 

Обуна дар шуъбаҳои шаҳриву ноҳиявии КВД «Почтаи тоҷик» ва идораи рӯзнома (шаҳри Хуҷанд,  маҳаллаи 20, бинои 35, «Кохи матбуот», ошёнаи 4-ум) тариқи нақдӣ ва ғайринақдӣ бе маҳдудият қабул карда мешавад.

Нархи обуна барои 1 сол 117 сомонӣ аст. Индекси обуна: 68894.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо телефонҳои 2-06-55 (идораи рӯзнома) ва 6-39-74 (КВД «Почтаи тоҷик») муроҷиат намоед. «Ҳақиқати Суғд» рӯзномаи Шумо ва ҳамдаму ҳамнафаси Шумост!

Ба рӯзномаи дӯстдоштаи худ сари вақт обуна шавед!

Add comment


Security code
Refresh