НАҚШИ ТОҶИКОН ДАР РУШДИ ТАМАДДУНИ ИНСОНИЯТ

Бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни мубораки 30‐солагии Истиқлолияти давлатиамон асари академик Бобоҷон Fафуров «Тоҷикон» ба ҳар як оилаи кишвар тақдим гардид. Барҳақ, алломаи бузург тавассути ин шоҳасари худ тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар асоси сарчашмаҳои илмӣ нақши онҳоро ҳамчун сокинони бумии минтақа дар рушди тамаддуни башарӣ муайян кардааст. Китоби «Тоҷикон» ба ҳар оилаи кишварамон то имрӯз аллакай дастрас гардид. Вале ҳадафу мақсади асосӣ танҳо тақсим карда додани ин асар набуд.

Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, моро зарур аст, ки худогоҳу худшинос бошем, таърихи пурифтихору фарҳанги оламшумули ниёгони сарбаланди хешро азхуд намоем, ба хизматҳои беназири адибону мутафаккирони номдори пешинаамон арҷ гузорем ва барои ҳифзи суннату анъанаҳои неке, ки аз замонҳои бостон то ба имрӯз боқӣ мондааст, талош варзем, хотираи фарҳангиву таърихии худро тавсеа бахшем, баҳри пойдории истиқлолу озодии давлати миллиамон ва ҳар як ваҷаб хоки ин Ватани муқаддасамон ҳамеша омода бошем…

Яъне ҳадафи асосӣ аз ҳадяи ин асари гаронарзиш аз он иборат аст, ки ҳар сокини мамлакат онро бодиққатонаву боэътиборона мутолиа намояд ва баҳри худ сабақе бардорад, дарси ибрат гирад. Ҳадяи ин асари пурғановат ҳанӯз оғози корҳои бузург аст. Амалҳои бузург барои ба худ бардоштани сабақи ибрат.

Яъне ҳар як шахси ватандор, соҳибватан аз худ албатта, суол хоҳад кард, ки ман кӣ ҳастам, гузаштаи ман чӣ гуна буд, аслу насаби ман аз куҷост? Посухи дақиқу мушаххаси ин суолҳо бошад, дар китоби «Тоҷикон» ниҳон аст. Имрӯз бояд дар ҳар як хонадон, дар ҳалқаи оила бо фарзандону пайвандон ин китоб мутолиа карда шуда, мазмуну муҳтавои он то ба ҳар як узви хонадон расонида шавад. Албатта, дар ҳар оила, ақаллан нафаре соҳиби маълумоти олӣ аст. Ва волидонро зарур аст, ки ба бачагонашон китобро хондаву маънидод намоянд. Дар ташкилоту идораҳо, корхонаву муассисаҳо, муассисаҳои маорифу фарҳангу тандурустӣ бо баргузор намудани чорабиниҳо мутолиа ва фаҳмондадиҳии ин асар бояд сурат бигирад. Волидони ман фардоне буданд, ки то синфи ҳафтум маълумот гирифтаанд. Яъне солҳои бистуми асри гузашта маълумоти миёна ҳафтсола буд. Вале ман имрӯз баҳри худ хулоса мебарорам, ки волидони ман ватандӯсту меҳанпарварони асил будаанд.

Дар хотир дорам, дар ҳалқаи оила барои мо, шаш нафар фарзандонашон шодравон падарам нақл карда буданд, ки «олими тоҷик‐Бобоҷон Fафуров, ки писари шоира Розия Озод мебошанд, дар суҳбати хосаи Роҳбари аввали давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд ва кӣ будан, гузаштаи бою пурғановати халқи тоҷикро баён доштаанд. Ва ин сарвари мамлакати шӯравӣ ба халқи тоҷик баҳои баланд дода, чунин иброз намудааст: «Тоҷикон мардуми наҷибу хоса, соҳиби таъриху тамаддуни бой ва ба худ хос ҳастанд…». Вақте ин суҳбати хоса барпо шуд, дар ҳудуди мамлакати азими шӯравӣ вуҷуд доштани халқи тоҷикро на ҳама медонистанд. Ва он вақт китоби «Тоҷикон» низ ҳанӯз таълиф нагашта буд… Ҳамин як нақли падар сабаб шуд, ки дар ниҳоди мо, фарзандон, ғурури тоҷик будан, давомдиҳандагони рӯзгори мардуми сарбаланду шарафманд будан бедор гардад. Яъне сухани волидон, ки аз гузаштаи хеш огоҳанд, албатта, ба фарзанд бетаъсир намемонад. Аллома Бобоҷон Fафуров фарзанди як оилаи оддии тоҷик буданд. Ман аз ҳамсояи девордармиёнамон, бонуи соҳибмаърифат, собиқадори соҳаи маорифи мамлакат Олиҳахон Исҳоқова, хоҳарбузурги шодравон Юсуфхон Исҳоқӣ, ки бо хоҳарони Бобоҷон FафуровЗебинисо Fафурова ва Тоҷинисо Fафурова дугона буданд, шунида будам, ки онон рӯзгори мушкил доштаанд, давраи бачагиашон вазнин сипарӣ гаштааст.

Вале агар нахуст модари бузургворашон дар замирашон тухми илму маърифат кишта бошанд, сипас ин олими тавоно худ низ ҳамчун як нафар фарди ватандӯсти асил ҳазорон асарҳоро мутолиа карданд, омӯхтанд, то гузаштаи пурифтихору шарафмандонаи мардуми сарзамини хешро ҳамаҷониба таҳқиқ намоянд. Ва дар натиҷаи заҳматҳои тӯлонӣ асари безаволи «Тоҷикон» таълиф гардид. Дар китоби «Тоҷикон» доир ба таърихи минтақаҳои гуногуни кишварамон, аз ҷумла Суғд давоми асрҳои мухталиф, яъне пеш аз давраи мо, аз давраҳои нахустини сукунати инсонҳо дар сарзамини мо дар заминаи истифодаи беш аз ду ҳазор адад асар ва сарчашмаҳои таърихӣ, манбаъҳои фаровони таърихӣ, ҳафриёти зиёди ҳудуди Тоҷикистони имрӯза доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ин мулки ориёӣ, пайдоиш ва такомули ҳунармандӣ, нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни минтақа маълумоти муфассал оварда шудааст.

Дар баробари тасвири ҳамаҷонибаи рӯйдодҳову ҳаводис китоб бо забони шевову зебо, хоно, бо истифода аз хазинаи бою беназири луғавии забони тоҷикӣ иншо шудааст, ки ҳар хонандаро мафтуни худ мегардонад. Чанд муддат қабл бо супориши роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мавзӯи инъикоси марҳалаҳои пайдоиш ва рушди намудҳои ҳунармандии мардумиро аз китоби «Тоҷикон» омӯхта ва барои рӯзнома мавод омода намудам. Ҳарчанд ин китобро ҳанӯз айёми донишҷӯӣ, ки он вақт бо забони русӣ нашр гардида буд, мутолиа намуда будам ва баъди гузашти чанд муддат низ борҳо мутолиа кардаам, ин маротибаи қироату омӯзиш имкон дод, бори дигар ба тамаддуни бою пуршарафи мардуми тоҷик, эҳсоси зебоипарастиву зебоиофарӣ, санъати баланди ҳунармандии тоҷикон мафтун гардам, бо забони модариамон забони шевову зебо ва пурназокати тоҷикӣ ифтихор намояму ба он арҷ гузорам.

Дар китоб аз ҷумла дар асоси мадракҳои аниқ муайян карда шудааст, ки дар минтақаи Осиёи Миёна ҳанӯз 200 ҳазор сол қабл одамон зиндагӣ мекардаанд. Ба ин олоти қайроқсанги аз ин маҳалҳо дарёфтшуда намуна буда, ин олот аз қадимтарин маданияти инсонӣ дарак медиҳад. Аҳли ин маданият дар давраҳои пиряхҳои нахуст ва яхбандии рис зиндагӣ ба сар бурдаанд. Соли 1973 дар марзи Қаротоғи Ёвон ва боз дар ҳафт мавзеи Ҷануби Тоҷикистон, дар шаҳри Ўротеппа, водиҳои Ҳисор ва Вахш, ноҳияи Данғара, инчунин дар водии Сирдарё, байни шаҳри Ленинобод ва Навкати Қайроққум низ олоти қайроқсанг ба даст омадааст, ки мувофиқи мадракҳо синни ин осор 50‐40 ҳазор сол аст. Яъне мо, мардуми дар ин мавзеъ ва шаҳрҳои зикршуда истиқоматдошта бояд дониста ва огоҳ бошем, ки дар ин сарзаминҳо ҳаёт панҷоҳ ҳазор сол қабл низ буд ва ин ҷо одамон умр ба сар мебурданду тамаддун меофариданд… Дар асбобу олотҳои дар Помир ёфтшуда осори олотҳои ҳандасӣ пайдост . Мувофиқи гуфти олимон дар он ҷо, яъне ҳозира вилояти Кӯҳистони Бадахшон 95 ҳазор сол пеш одамон зиндагӣ кардаанд. Яъне наваду панҷ ҳазор сол пеш дар сарзамини Помир одамон маскун буданд ва бо ҳунарҳои дастӣ машғул мешуданд.

Имрӯз, ки нақши ҳунари дастони мардуми Помир, ки ба худ хосу нозуку наҳифу мафтункунанда аст ва ҷаҳониёнро ба ҳайрат монондааст, мо бояд бидонем, ки ин ҳунарҳоро мардуми шарафманди Боми Ҷаҳон то кунун идома мебахшанд ва такомул додаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон нишонаҳои ин давр зарфҳои дастӣ сохташудаи ёфтшуда, аз қадимтарин осори кулолии давраи неолитии Осиёи Миёна дарак медиҳад. Ёдгориҳои табарҳои суфта, кордҳои тез, абзори дастӣ дарафш, парма, белча, ҳамчунин найза ва синони ба дастаҳои чўбӣ ва ё устухонӣ бо мум ва ширеш маҳкам карда шуда, ки аз Ҳисор ва соҳили чапи дарёи Вахш ва наздикии Норак ёфт шуданд, собит сохтанд, ки табақаи болоии маскуни Ҳисор беш аз панҷ ҳазор сол пеш аз мелод вуҷуд доштааст. Дар асрҳои V‐IV пеш аз мелод дар водии Вахш, шаҳри Қўрғонтеппа аллакай ҳунарҳои кулолӣ, бофандагӣ, оҳанолот, биринҷигудозӣ, кордсозӣ, сўзансозӣ ривоҷ ёфта, дар ин асрҳо ҳунари заргарии ҳайратафзо дар ашёи «Дафинаи Амударё» дучархаи тиллоӣ ва ҳайкалчаи нуқрагии одам муҷассам гаштааст. Аллакай дар асри 1 пеш аз мелод бошад, истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ ривоҷ ёфтааст. Дар ҳамин давр лаъли машҳури Бадахшон, инчунин лоҷувард ва дигар хел сангҳои нимқиматбаҳо ва қиматбаҳо истихроҷ мешуд. Намуди санге истихроҷ мешуд, ки онро ақиқи сӯхта мегўянд. Дар ин ҷо аз тилло сар карда, барои сохтани ашёи заргарӣ, зинату ороиши ҳайкалу муҷассамаҳо ва дигарҳо, то оҳан (барои сохтани асбобу анҷоми меҳнату рӯзгор, яроқу аслиҳа, зиреҳу ҷавшан) маъданиёти гуногун истихроҷ мешуд. Маълум, ки корхонаву устохонаҳои гуногуни оҳангарӣ дар амал буданд.

Дар асрҳои V–VII мардуми ин сарзамин бо камон, найза, гурз ва шамшер мусаллаҳ будаанд. Тани сарбозонро «зиреҳи балхӣ» ном зиреҳи баландсифати бофта муҳофизат мекард. Дар маишати аъёну ашроф ҷому қадаҳҳои тиллоию нуқра бисёр истифода мешуд. Шакли ин ҷому қадаҳҳо бағоят нафису нозук буда, баъзеи онҳо пояи дарозу борики пурнақшу нигори серпечутоб ё таги суфтаву сайқалии хурде доштанд ва танаи худи он ҷому қадаҳҳо пур аз рахҳои амудӣ мебошад (қадаҳҳои рах‐рах ном гирифтани онҳо аз ҳамин ҷост), лаби онҳоро бошад, ҳошияву лаблӯлаҳои мудаввар зинат медод. Шакли баъзеи онҳо ниҳоят мураккаб мешуду нақшҳои кандакории зиёде дошт. Яъне, аз ин суханон чунин хулоса бармеояд, ки тоҷикон на танҳо бо кушодани «Роҳи абрешим» дар ҷаҳон шӯҳрат пайдо кардаанд, балки бо истихроҷи маъданҳои гуногуни қиматбаҳо ба мамолики дунё, ҳамчунин дигар маҳсулоти рӯзгору ҷангиву асарҳои санъат шуҳратдор буданд. Дар китоби «Тоҷикон» дар бобати пайдоиш ва рушди санъати шишагарӣ гуфта шудааст, ки хитоиҳо шишагариро аз устоёни сарзамини мо омӯхтаанд. «Шишае, ки онҳо тайёр кардаанд, мегуфтанд онҳо,рахшону шаффоф буд, бинандаро дар ҳайрат мегузорад».

Ҳунари бофандагӣ ҳам ба дараҷаи камолот расида буд. Маъхазҳои хаттӣ газворҳои пашмию пахтагӣ ва сарулибоси аъёну ашрофро зикр кардаанд, ки хеле мураккаб дӯхта мешуданд. Дар Хатлон шоҳии хушсифати гуногунранг истеҳсол мекарданд. Хуллас, гуфтан мумкин, ки ҳунари бофандагӣ ба авҷи тараққиёт расида, беҳтарин намунаҳои маҳсулоти он ба дараҷаи асари ҳақиқии санъат расида буд ва зиёда аз ин, дар ҳунари дӯзандагӣ ҳам комёбиҳои беназир ба назар мерасанд. Аз Қалъаи Кофарниҳон зиёда аз панҷоҳ пораҳои лавҳаҳои кандакоришудаи чӯбин ва қисмҳои чӯбини иморат ёфт шуданд. Муҳимтарини он пораҳо лавҳаи чӯбини кандакории думетра аст. Инчунин, нақшае бисёр вомехӯрад, ки қатори равоқчаҳоро мемонад.

Нақши қисмҳои чӯбини иморат аз занҷираҳои гуногун иборат аст. Услуби кандакорӣ бағоят равшану гӯё буда, бо маҳорати тамом анҷом дода шудааст. Ҳуҷҷатҳои архиви Муғ ривоят мекунанд, ки бо бисёр вилоятҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла бо Чоч, Истаравшан, Фарғона муносибатҳои дипломатӣ амал дошт. Бисёр маъхазҳо ҳикоят мекунанд, ки аз Суғд ба хориҷи Осиёи Миёна ҳайъати сафорат рафта ва аз давлатҳои гуногун ба ин ҷо ҳайъати сафорат меомад. Ба туфайли ҳафриёт бисёр ашёи заргарӣ: гӯшвораҳои тиллоии олиҷаноби ақиқсанги фирӯзачашми марвориднигин, ангуштаринҳои нигинашон аз сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва шаддаҳои мухталифи рангинкамони рахшону пурнур ёфт шуданд, ки мисли шабнами саҳарии рӯи барги гул партав меафканад. Ба забони зебои тасвир дар ин ҷумла чӣ гуна мафтун нашудан мумкин аст, ки як нафар муаррих чӣ қадар ба умқи забони модарии худ ғӯтавар шуда ва аз он ҷо гӯиё дона‐дона дурдонаву гавҳарҳоро чида, ҷумла офаридааст…

Андешаҳои тоҷири хитоӣ Сюан‐сзан, ки ба сарзамини Суғд соли 629 омада буд, аҷиб аст. Вай менависад: «Мардумаш хеле бисёр. Дар ин мулк аз дигар мамлакатҳои хориҷа молу сарвати ниҳоят пурқиматтарин бисёр ҷамъ шуда мемонад. Заминаш ҳосилхез асту ҳосили фаровон медиҳад. Долу дарахт нағз месабзад, гулу мева ниҳоят зиёд аст. Дар ин кишвар аспҳои хушзот ҳастанд. Мардумаш нисбат ба мардуми кишварҳои дигар дар санъат ва ҳунар пешқадам мебошанд. Иқлимаш нарму мӯътадил аст. Аҳолӣ серғайрату пухтакору нотарсу далер мебошад. Тамоми халқҳои ҳамсоя дар хушахлоқӣ ва накӯкорӣ аз суғдиён ибрат мегиранд.

Подшоҳ каси ҷасуру бебок аст ва ҳама ноҳияҳои атроф ба вай итоат доранд. Дар ихтиёри шоҳ лашкари сершумор, аз ҷумла сарбозони савора ҳаст. Онҳо ба дараҷае фидокор буданд, ки ҳатто бо шодӣ сӯи марг мерафтанд. Вақте онҳо ҳамла кунанд, ягон душман истодагарӣ карда наметавонист.»

Ин фикру ақидаи як нафар тиҷоратчии кишвари Чин дар бораи сокинони сарзамини бостонии Суғд, серғайрату пухтакору нотарсу далер баҳо доданаш, ба ҳар яки мо, сокини ин сарзамин онро талқин месозад, ки ниёгони мо аз азал дар одобу хулқу атвору ҳунар дар назари ҷаҳониён намуна баҳри ибрат буданд ва мо – идомабахшони онон бояд пайрави онон бошем …

Дар Суғд ҳунари бофандагӣ хеле ривоҷ ёфта буд. Дар Қалъаи Муғ қариб 150 намунаи матоъ ёфт шуд. Гарчанде ин матоъҳо хеле фит гаштааст ва танҳо пораҳои он боқӣ мондааст, ба ҳар ҳол имкон медиҳанд, ки бофти онҳо муайян карда шавад. Аз 135 намуд матои Қалъаи Муғ 90‐тоаш пахтагин, 44‐тоаш абрешимӣ ва фақат 1‐тоаш пашмин аст. Бофти тамоми матоъҳои пахтагин бофти оддии муқаррарии катонӣ аст. Бофти газворҳои абрешимӣ нисбат ба матоъҳои пахтагин зичтар аст. Баъзе газворҳои абрешимии Қалъаи Муғ бо усули бофти матоъҳои пахтагин бофта шудаанд. Ба воситаи ресмонҳои гуногунранг дар газвор гул мепартофтанд. Нақши газвор аз қатори маинчаҳо иборат буд, ки дар миёнҷояш гулбарге дорад. Чунин газвори гулдор дар расми рӯи девори Панҷакент низ ҳаст. Инчунин нақши кунгура ҳам дида мешавад, ки дар миёнҷои ҳар як теғаи кунгура холе ё тарҳи дилшакле ба назар мерасад; ғайр аз ин нақши гули чорбарга, нақши рамзии шохаву гулу барг, нақшҳои мураккаби иборат аз қатори доираҳо ҳаст, ки дар дохили доира гулбарге кашида шуда, атрофи онро шохаву баргу гул печонида гирифтааст. Қисми асосии чунин матоъ дар Суғд тайёр карда мешуд.

 Дар расмҳои рӯидевории Панҷакенти қадим матоъҳое тасвир шудаанд, ки нақши онҳо аз суратҳои шерфил ва парранда иборат буда, гирдогирди онҳоро шаддаҳои марворид гирифтааст. Либоси ашхоси суратҳои Афросиёб ҳам аз газворҳои пурнақшу нигор дӯхта шудааст.

‐Суғдиён, - менависад муаррих И.Б.Бентович, чармгариро нағз медонистанд. Мешии хушсифати олиҷаноб ба ҷои коғаз мерафт. «Масалан, ҳуҷҷати машҳури арабӣ (аз Қалъаи Муғ.Б.Ғ.) маҳз дар чунин мешӣ навишта шудааст. Чарми зардчатоби тунук рӯкаши сипари чӯбин гардидааст. Пораҳои қуттичаи чӯбин ҳам бо чарми сиёҳи заррингул рӯкаш шудааст. Сарпӯши сабади чоркунҷа ҳам як қабат чарми ранга дорад. Мӯзае ҷолиби диққат аст. Дӯхти он айнан дӯхти ҳамон муккиҳоест, ки дар кӯҳистон тоҷикони имрӯза мепӯшанд. Ашёи чӯбинро махсус қайд кардан даркор – карсону табақ, тугмаву сагак, белу қошуқ барин чизҳо хеле бомаҳорат сохта шудаанд. Сандуқчаи чӯбине кирои зикр аст, ки бо чарми сиёҳи тунук рӯкаш гардидааст ва дар сарпӯши он ба шакли ситораҳои ҳаштгӯшаи сурх нақши аҷоибе ҳаст. Дигар ашёи нодир сипари чӯбин аст, ки низ рӯкаши чармин дорад ва дар рӯи он сурати рангоранги аспу савори мусаллаҳ кашида шудааст. Матоъҳое, ки аз он ҷо ёфт шудаанд, асосан пахтагӣ, абрешимӣ ва пашмӣ мебошанд. Алалхусус, саргиракҳои тӯрӣ ҷолиби диққат аст, ки аз ресмони пахтагӣ бофта шудааст ва осори бағоят аҷоибу олисифат ва беҳамтою бесобиқаи санъати тӯрбофии Осиёи Миёна мебошад.

‐...Панҷакент шаҳри ҳақиқӣ буд. Тамоми вусъати он пур аз иморатҳои ду ва сеошёна буд, ки онҳо маҳаллаҳои калонро ташкил медоданд ва ба ҳамдигар зич ҷой гирифта буданд. Вақти ҳафриёт дар ду тарафи кӯчаҳои танг дӯконҳои сершумори савдогарону косибон ёфт шуд, ки ба масофаи калон тӯл кашидаанд. Алҳол зиёда аз сад иморатҳои серхонаи панҷакентиҳои қадим кашф гардидаанд. Қариб сеяки ин иморатҳо, яъне на фақат хонаи аъёну ашроф, балки қариб ҳамаи хонаҳои шаҳриёни доро толорҳои бошукӯҳе доранд, ки бо нақшу нигори муҷассамаҳо зиннат ёфтанд. Ба туфайли ҳафриёт маълум шуд, ки дар Панҷакенти қадим санъати монументалӣ ниҳоят маъмул будааст, ҳол он ки ин ақида ба гӯшаи хаёли касе намеомад. На фақат қасри шоҳ, балки даҳҳо хонаҳои аҳолии оддии шаҳр он қадар осори рассомию ҳайкалтарошӣ доштаанд, ки ҳар яки онҳоро музеи санъат гӯем ҳам, хато намешавад...

Ошноӣ бо ин порчаҳои ҷудогонаи «Тоҷикон» низ барои мо ангезае мегардад баҳри ғӯтавар шудан ба гузаштаи пурифтихору бошарафонаи мардуми тоҷик. Ва, ба қавле, ҳар яки мо‐шаҳрвандони ин кишвар низ соҳиби Ватани худ ҳастем, дар ҳамин сарзамини аҷдодӣ ба дунё омадаему ба воя расидем. Ва бояд, ки гузаштаи худро омӯзем, ба ниёгони бонангу ори хеш пайравӣ намоем, анъанаҳои наҷибонаи ононро идома бахшем. Ва дар ин радиф сармашқи кори худ намудани мутолиаи китоби «Тоҷикон» бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза имкон фароҳам хоҳад овард, ки раванди худогоҳиву худшиносӣ тавсеа ёбад, эҳсоси арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ҳифзу ҳимояи ин марзу буми аҷдодӣ дар тинати аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон боло гардад ва дар ин замина пояи иттиҳоду якдилӣ устувор шавад, мардуми сарзамини моро иттифоқ, муттаҳидтар гардонад.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh