«КАМОЛНОМА» НАШР ШУД

Бино ба иттилои директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», бо ташаббус марказ китоби нав - силсилаи нахустини «Камолнома» нашр шуд, ки муаллифи ҷилди аввали он камолшиноси варзидаи Тоҷикистон Бадриддин Мақсудзода мебошад.

Ҷилди аввали «Камолнома» – таҳқиқот перомуни Камоли Хуҷандӣ ва шеъри ӯ буда, аз 25 мақолаи устод Бадриддин Мақсудзода иборат аст. Муҳаррири асари мазкур ва муаллифи пешгуфтори он професссор Абдунабӣ Сатторзода мебошад.

Дар асар мақолаҳои дар замонҳои гуногун навиштаи муаллиф гирдоварӣ шудаанд, ки «Зиндагиномаи илмии Камоли Хуҷандӣ», «Воқеиятҳои рӯзгори Камоли Хуҷандӣ дар қитъаҳои ӯ», «Осори Камоли Хуҷандӣ», «Ашъори тозаёфти Камоли Хуҷандӣ», «Латофатнома» ва интихоби он ба Камоли Хуҷандӣ», «Мулоҳизае чанд дар бораи матни ғазали «Ғарибӣ»-и Камоли Хуҷандӣ», «Ғазал ва таҳаввули он то асри Камоли Хуҷандӣ», «Хоҷа Ҳофиз ва Хоҷа Камол (Таҳқиқи биографӣ ва муқоисаи халлоқияти адабӣ)», «Ирфони Камоли Хуҷандӣ», «Афкори иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва тарбиятии Камоли Хуҷандӣ», «Мавзуъҳои эътироз дар ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ», «Хоҷа Камол аз мавқеи диди нақшбандияи Мавлоно Ҷомӣ», «Таҷнис дар шеъри Камол», «Тозакориҳои Камоли Хуҷандӣ дар ташбеҳсозӣ», «Тавсиф дар шеъри Камоли Хуҷандӣ», «Рамзи бадеии «Остона» дар ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ», «Ёри дигари камол кист?» ва чанде дигар аз зумраи онҳо мебошанд. Гуфтанист, ки «Силсилаи китоби камолшиносӣ» аз даҳ ҷилд ва бист китоб иборат хоҳад буд ва таҳқиқоти гузашта ва ҷадидро ба ҳам хоҳад овард.

Силсилаи ҷадиди «Камолнома», ки бо пешниҳод ва ибтикори устод Бадриддин Мақсудзода омода шуд, пайомадҳои илмии хуб хоҳад дошт. Баҳром Раҳматзод гуфт, ки муассиса ният дорад, дар ин силсила маҷмӯаи мақолоти камолшиносони дигар, ки паҳлуҳои гуногуни камолшиносӣ, аз ҷумла ирфони шоир, забони шеъри ӯ, масоили таърихии замони зисти шоир, фалсафаи ӯ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ доранд,нашр намояд.

Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» тайи чанд соли охир дар рушди камолшиносӣ ва умуман адабиётшиносӣ дар кишвар саҳм мегирад. Чопи ин китоб барои адабпажӯҳон, донишҷӯён ва оммаи васеи дӯстдорони каломи бадеъ армуғони хубест.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh