ПЕШБУРДИ СОҲАИ САЙЁҲИИ ВИЛОЯТ ДАР 30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ КИШВАР

Пас аз истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам омада, ҷиҳати ривоҷу равнақи ин соҳа дар давоми даҳ соли охир чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид, ки заминаро барои рушди он фароҳам овард. Бо таъсиси ниҳоди ҷудогона – Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи сифатан наве дар ин соҳа оғоз гардид. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кишвар, бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии иқтисодии сокинони мамлакат бо ибтикори асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуданд.

Дар ин раванд бо мудири шуъбаи рушди сайёҳии вилоят абдумаҷид Раҳимов оид ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят дар 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардидем.

Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат соҳаи сайёҳӣ пайваста рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самти муҳими стратегӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрўю эътибори хоса гардид.

Узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, пазируфта шудани пойтахти ватанамон-шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, эълон гардидани шаҳри Душанбе-пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021, ба рўйхати ЮНЕСКО дохил гардидани мавзеи таърихии Саразм, “Боғи миллӣ” ва мероси ғайримоддии фарҳангӣ - “Чакан-санъати гулдўзии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Иди Наврўз”, “Оши палав” ва мусиқии “Шашмақом” ва “Фалак” далели ин гуфтаҳо буда, симои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд ба ҷаҳониён муаррифӣ ва машҳур гашт. Дар ин замина, дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шуъбаи рушди сайёҳӣ ва дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Истаравшан, Исфара ва Панҷакент бахшҳои рушди сайёҳӣ таъсис дода шуданд, ки он баҳри амалисозии сиёсати давлатӣ дар баҳши сайёҳӣ дар маҳалҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Ҳоло дар бозори хизматрасонии сайёҳӣ дар вилоят зиёда аз 90 меҳмонхона, осоишгоҳ, маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 40 ширкати сайёҳӣ, 1 кемпинг, 1 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ ва зиёда аз 30 боғи фарҳангию фароғатӣ фаъолият менамоянд.

Баҳри васеъ кардани базаи моддӣ барои будубоши сайёҳони хориҷӣ дар баробари меҳмонхонаҳои замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 50 меҳмонхонаи хурд, аз қабили “Ҳоумстей” ва “Гестхаус” таъсис дода шудаанд. Меҳмонхонаҳои хурд, ки дар заминаи манзили истиқоматии шаҳрвандони маҳаллӣ ва мавзеъҳои сайёҳӣ таъсис ёфтаанд, ба сайёҳони хориҷӣ имкон медиҳанд, ки дар баробари истифодаи ҷойи хоб аз фарҳанг ва расму оини миллӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд. Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, ду осорхонаи ҷумҳуриявӣ, ду осорхонаи вилоятӣ, нуҳ осорхонаи таърихӣкишваршиносӣ, шаш хона - осорхона ва мавзеъхои таърихӣ, зиёратгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ҳучанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият мебаранд. Айни замон дар ҳудуди вилоят ду муассисаи таълимӣ, ба монанди Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва факултаи географияи Донишгоҳҳои давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ихтисоси менеҷменти сайёҳӣ амал намуда, барои омода намудани кадрҳои соҳаи сайёҳӣ фаъолият бурда истодаанд. Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо рудҳо ва дарёчаҳои шўх, кўлҳо, кўҳҳо ва манзараҳои диданбоби беҳамто дар ҷаҳон шуҳрати калон пайдо кардааст.

Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, аз қабили Саразм, ки зиёда аз 5500 сол арзи вуҷуд дорад, мусоидат мекунад. Панҷакенти қадим зодгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ аст. Дар деҳаи Панҷрўд кўҳҳои Фону Арчамайдон, кўлҳои ба таври афсонавӣ зебои Кўли Калон, Ҳафткўл ва дигарон мавҷуданд. Солҳои охир сохта ба истифода додани як зумра иншооти муҳими сайёҳӣ аз ҷониби давлат ва соҳибкорон ба монанди осоишгоҳҳо, меҳмонҳонаҳо барои қабули сайёҳон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ асос барои рушди минбаъдаи соҳа ба ҳисоб мераванд.

Бояд қайд намуд, ки алҳол шумораи сайёҳон нисбат ба соли 2016-ум 3,7 маротиба зиёд гардидааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар вилоят ширкатҳои сайёҳӣ ба 40 адад расида, нисбат ба соли 2018-ум 2 баробар зиёд гардидааст. Бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Пешвои миллат ва роҳнамоии Раиси вилоят то имрўз 20 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфта, хатсайрҳои нави сайёҳӣ роҳандозӣ гардиданд. Ҳамзамон, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон дар шаҳри Хуҷанд ва Шўрои рушди сайёҳӣ дар шаҳри Панҷакент таъсис ёфтанд. Алҳол ширкатҳои сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Бўстон, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон ва Исфара фаъолият мебаранд. Агар ба омори соҳаи сайёҳӣ назар кунем, ҳамасола ба ҳисоби миёна зиёда аз 6000то 7000 шаҳрванди аз хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ меҳмонҳонаҳо ва осоишгоҳҳои вилоят истифода мебаранд. Инчунин шумораи шаҳрвандони вилоят, ки барои истироҳат ба дигар давлатҳо мераванд, зиёда аз 20000-ро ташкил медиҳанд.

Тибқи нишондиҳандаҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳар як сайёҳ вақте ки ба дигар давлат сафар менамояд, ба ҳисоби миёна 500-700 доллари ИМА ба давлати қабулкунанда фоида мегузорад. Ширкатҳои сайёҳӣ дар самти сайёҳии экологӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, таърихӣ – этнографӣ, табобатӣ, экскурсионӣ, мусоидат барои гирифтани раводид, шиносномаи хориҷӣ ва дастрас намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ хизматрасонӣ намуда истодаанд.

Баҳри рушди сайёҳии воридотӣ низ ширкатҳои сайёҳӣ барои ташвиқу тарғиб, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ташкил намудани хатсайрҳои наву ҷолиби диққат фаъолияти худро равона менамоянд.

- Лутфан мегуфтед, ки баҳри хотироти неки сайёҳон чӣ гуна шароит фароҳам гардидааст?

- Ҷиҳати мунтазам расонидани маълумоти саҳеҳу дуруст ба сайёҳон, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Панҷакент шаш маркази иттилоотии сайёҳӣ бо истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ, маводи чопии тарғиботӣ, гўшаи туҳфаҳои армуғонӣ ба сайёҳон ва навору лавҳаҳои зебои сайёҳӣ фаъолият доранд. Ин гуна гӯша дар гузаргоҳи сарҳадии Саразм – Ҷартеппаи шаҳри Панҷакент, ноҳияи Спитамен, “Фотеҳобод” ва дар даромадгоҳи боғи Камоли Хуҷандӣ фаъолият дошта, дар як вақт хизматрасонии ширкати мобилии Tcell низ амал мекунад.

Сомонаи сайёҳии вилоят ба таври мутамарказ бо 5 забон омода ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳоро муаррифӣ менамояд. Дар ин сомона, китоби “Туризм и ремесло” ва роҳнамои сайёҳӣ ҷойгир ва дар шабакаи интернет фаъол карда шуд. Илова бар ин, оид ба пешниҳод намудан ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ китоби раҳнамои сайёҳии вилоят ва маҷаллаи «Tajikistan`s Guide» ва DVD ролики сайёҳии вилоят бо забонҳои хориҷӣ аз нав таҳия гардиданд, ки имкониятҳои сайёҳиро муаррифӣ менамоянд.

Рушди сайёҳии дохилӣ аз нигоҳи сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ аҳамияти калонро молик буда, имкон медиҳад, ки мардуми кишвар бо зиндагии ҳамдигар аз наздик ошно шуда, пайванди фарҳангии гўшаву канори ҷумҳурӣ тақвият ёбад ва раванди ваҳдату якдигарфаҳмӣ миёни сокинони гўшаву канори кишвар мустаҳкам гардад.

- Мегуфтед, ки ҷалби соҳибкорон дар пешбурди соҳаи сайёҳӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ду соли охир бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳру ноҳияҳо бо маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ ва сармояи соҳибкорони бурунмарзӣ ба маблағи зиёда аз 287 миллион сомонӣ (168,9 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ, 118,1 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон) инфрасохтори сайёҳӣ, (аз қабили меҳмонхона, осоишгоҳ, боғҳои истироҳатию фарҳангӣ, маркази хизматрасонӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, тарабхонаҳои замонавӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ) бунёд шуданд ё аз нав барқарор гардиданд. “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 ифтитоҳ ёфтани иншооти хизматрасонӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯйи таваҷҷўҳи хосаи Роҳбарияти олии мамлакат ба рушди соҳа буда, соҳибкорони маҳаллиро баҳри бунёди ҳарчи бештари марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷуда руҳбаланд намуданд.

Давоми солҳои охир сохтмон ва азнавбаистифодадиҳии Осоишгоҳи «Баҳористон», маркази истироҳатии солимгардонии кўдакону наврасон ва ҷавонони «Шоҳин» дар шаҳри Гулистон, маркази истироҳатию солимгардонии кўдакону наврасон ва ҷавонони 20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, осоишгоҳи “Авис - сити” дар шаҳри Истаравшан, меҳмонхонаи «Хуҷанд Гранд Ҳотел», «Хуҷанд делюкс» дар шаҳри Хуҷанд, «Нури Раҳмон» дар ноҳияи Айнӣ, «Сипеҳр» ва «Шоҳкант» дар шаҳри Бӯстон, маркази фароғатии «Суғд», маҷмааи фаввораҳо, пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд, Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол”, хизматрасонии меҳмонхонаи байналмилалии “Парламент” дар шаҳри Ҳуҷанд ва ба монанди инҳо дигар иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Қобили зикр аст, ки давоми се соли охир бо истифода аз имтиёзҳои аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳодшуда, ҷиҳати воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи бинокорӣ барои бунёди иншооти инфрасохтории сайёҳӣ дар ҳамбастагӣ бо бахши хусусӣ корбарӣ вусъат ёфта, якчанд лоиҳа, аз ҷумла меҳмонхона, маҷмааи сайёҳӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Иншооти “Роҳи танобӣ”, киштии рамзӣ-тарабхонаи “Темурмалик” дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик”, меҳмонхонаи “Суғдиён” (собиқ Ленинобод) азнавсозӣ гардида, дигар иншоот бо тарҳи муосир бунёд шуданд, ки барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизмат расонида истодаанд.

- Бобати корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар каме маълумот медодед.

 Дар идомаи тадбирҳои судманд ва доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 15 боғи фарҳангу фароғатӣ, 47 гулгашт, 490 маркази савдо, 601 марказҳои хизматрасонӣ ва 37 меҳмонхона барои қабули сайёҳони дохиливу хориҷӣ мавриди истифода қарор гирифтанд ё аз нав барқарор гардиданд.

Аз ҷумла, дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд аз ҷониби Пешвои миллат дар шаҳри Гулистон истироҳатгоҳи нави “Суғдиён”, навсозии куллии иншооти фарҳангӣ-фароғатии Боғи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, маркази нави хизматрасонии “Азизи дил”- дар Ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, меҳмонхонаи “Саразм Плаза” дар шаҳри Панҷакент, меҳмонхонаи собиқ “Интурист” ва пойгоҳи бостоншиносии “Саразми бостонӣ”, дар шаҳри Истаравшан меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии “Истаравшан” ва дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии “Ширин” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Тадбирҳо ҷиҳати тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ, пайдо намудани бозорҳои нави ҷаҳонии сайёҳӣ яке аз самтҳои фаъолияти рушди соҳа маҳсуб ёфта, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ дар Федератсияи Россия, иштирок дар намоишгоҳи бонуфузи ҷаҳонии «IТВ Веrlin», Ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд – 2019», Форум, намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Тоҷикистон – 2019”, «FITUR»- и шаҳри Мадриди Испания ва инфотурҳо (хатсайри маълумотдиҳӣ) баргузор гардид, ки имкониятҳои сайёҳии вилоят дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ шуданд. - Ташаккур барои суҳбати самимона!

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh