ЁДЕ АЗ УСТОДИ СУХАН

Нишасти 195-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дар толори хурди Кохи Рӯдакӣ баргузор шуд, ки ба ёдбуди бунёдгузори маҳфил, шодравон, профессор Абдулманнон Насриддин бахшида шуд.

Дар маҳфил олимону адибон, дӯстону ҳамкорон ва пайвандони Абдулманнон Насриддин иштирок доштанд. Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки ҳамасола дар зодрӯзи устод Абдулманнони Насриддин дӯстону шогирдон ва ҳаводорони маҳфил аз ин донишманди маъруф ёд мекунанд. Сипас намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ва ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, адабиётшинос Тоҷибой Султонзода баромад намуда, паёми Раиси вилояти Суғд Раҷҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирин расонид.

Дар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ, аз ҷониби Ферӯза Қайюмова, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров осори мондагори профессор Абдулманнони Насриддин муаррифӣ шуд. Зикр гардид, ки осори ин суханшиноси маъруф арзиши баланди илмӣ дошта, дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Фарзанди Абдулманнони Насриддин, адабиётшинос Фахриддин Насриддинов андешаҳои худро дар мавриди матншиносии осори Камоли Хуҷандӣ баён карда, аз хидматҳои Абдулманнони Насриддин дар ин ҷода ёд кард. Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона зимни баромади хеш, хотироти рангинеро аз шодравон Абдулманнони Насиддин баён дошт.

Дӯстону шогирдону ҳамкорон Шарифҷон Акрамов, Абдусаттор Абдуқодиров, Нуралӣ Нурзод, Адиба, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода лаҳзаҳоро аз рӯзгори шодравон Абдулманнони Насриддин ва хидматҳояшон дар рушди адабиёти тоҷик ёд карда, аз сифатҳои неки устод гуфтанд. Сурудҳои сарояндагони маъруф Тошбой Муҳаббатов ва Ҳусейнҷон Юсупов ба маҳфил ҳусни дигар бахшид.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh